Ёде аз Ҷонибеки Акобир
Ҷонибеки Акобир хеле бармаҳал аз олам рафт, ҳатто метавон гуфт дар айни камоли эҷодӣ. Ҳамагӣ 62 сол умр дид, барои адабиёт аз даст додани адибе чун Ҷонибек Акобир талафоти бузурге буд. Замоне тарки олам кард, ки ҳаводорони ашъораш аз ӯ асарҳои дигар интизор буданд.
Ҷонибек вақте аз олам рафт, ки тӯли шояд даҳ соли охир чизе наменавишт. Танҳо коре мекард, маҷаллаи “Садои Шарқ”-ро фаъол нигоҳ медошт. То охири умр сардабири ҳамин маҷаллаи маъруф буд.
Ҷонибекро марги бармаҳалу фоҷеавии фарзандаш аз фаъолияти эҷодӣ боздошт. Барои он ки ин писар аз дарду ранҷ эмин монад ва умр бинад, хеле талош кард ва чун марг ба суроғаш омад, чорае наёфт. Марги писари ҷавонмарг тадриҷан нависандаи маъруфро ҳам ба бистари беморӣ кашид ва аз олам бурд.
Давоми умри Ҷонибек Акобир ҳамон асарҳои ҷовидонаи ӯст, ки наслҳо хоҳанд хонд.
Ҷонибек Акобир хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (соли 1980). Мусаҳҳеҳи нашриёти «Ирфон» (солҳои 1971 – 1978), мухбири ТоҷикТА (солҳои 1978 – 80), мухбири рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» (солҳои 1980 – 83), корманди нашрияи «Адабиёт ва санъат» (солҳои 1983 – 85). Аз соли 1985 сармуҳаррири маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» буд.
Маҷмӯаи нахустини ҳикояҳояш «Дунё ба умед» (соли 1983) аз чоп баромад. Баъдан маҷмӯаҳои ҳикояҳо ва очеркҳояш ба номҳои «Хирмани ситора» (соли 1985), «Кӯҳистонӣ» (соли 1987), «Пазмонӣ» (соли 1993; дар ин маҷм. Повести «Бозии тақдир» ҷой дорад), «Оҳанги дареғ» (соли 2003) ба табъ расиданд.
Мавзӯъ ва мундариҷаи ҳикояҳои Ҷонибек Акобирро асосан зисту зиндагонӣ, урфу одати мардуми кӯҳистон, сарнавишти ҷавонон, хусусан онҳое, ки аз деҳа озими шаҳр гардида, вале аз фаҳму шинохти мардуми деҳа ба куллӣ канда нашудаанду зиндагии шаҳр низ барояшон муаммоҳои тозае ба пеш меоварад, ташкил намудаанд.
Аз навиштаҳои Ҷонибек Акобир пайдост, ки ӯ бештар ба масъалаҳои ахлоқ, сарнавишти ибратбахши инсон майл дорад. Ҷонибек Акобир бори нахуст дар Тоҷикистон баъзе асарҳои адиби рус В. Шукшин, ҳикояҳои нависандаи маъруфи собиқ Югославия, дорандаи Мукофоти Нобел Иво Андрич, ҳикояҳои адибони кишврҳои соҳили Балтик ва адибони булғор, афсонаҳои маҷорӣ ва ғайраро ба тоҷикӣ гардондааст.
Баъзе ҳикояҳои Ҷонибек Акобир ба забонҳои франсавӣ, вйетнамӣ, белорусӣ, украинӣ, арманӣ, ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.
Барандаи ҷоизаи адабии ҷавонони ҷумҳурӣ (соли 1990), ҷоизаи байналмилалии адибони форсигӯи ҷаҳон «Ялдо» (соли 2004) ва ҷоизаи адабии ИН Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад.
Аз соли 1984 Узви ИН Тоҷикистон буд.
Моҳи июли соли 2014 аз олам даргузашт.
Аз Ҷонибек Акобир ва дар бораи ӯ ин асарҳо ва мақолаҳоро дар Китобхонаи миллӣ метавонед суроғ кунед:
Дунё ба умед: Ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 112 с.
Хирмани ситора. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 208 с.
Кўҳистонӣ. – Душанбе: Адиб, 1987. – 256 с.
Дунё ба умед: Ҳикоя // Садои Шарқ. – 1978. – №7. – С. 115-122.
Фарзанд: Ҳикоя // Маориф ва маданият. – 1979. – 8 май.
Машҳури дунё мекунам: Ҳикояи ҳаҷвӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1989. – 24 октябр.
Посбони сабзазор: Ҳикоя // Садои Шарқ. – 1981. – №9. – С. 141-148.
Кўҳбароӣ осон нест: Ҳикоя // Садои Шарқ. – 1981. – №2. – С. 43-53.
Аламдор: Ҳикоя аз маҷмўаи «Дунё бо умед» // Комсомоли Тоҷикистон. – 1981. – 8,10 апрел.
Азоби хотир: Ҳикоя // Маданияти Тоҷикистон. – 1981. – 21 июл.
Кампири Холмоҳ; Азоби ширин: Ҳикояҳо // Садои Шарқ. – 1982. – №3. – С. 7-16.
Дилёбӣ: Ҳикоя // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 17 август.
Солҳои шикаста: Ҳикоя // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 7 ноябр.
Равшанӣ: Ҳикоя // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. – 22 март.
Дар хобу бедорӣ: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 1984. – 22 март.
Бозии тақдир: Повест // Садои Шарқ. – 1989. – №7. – С. 11-82.
Ман, роҳ ва хаёл: Новелла // Паёми андоз. – 1999. – 28 январ.
Назаркардаи Худованд: Қисса // Ҷумҳурият. – 2000. – 14,16 сентябр.
Оҳанги дареғ: Наср // Истиқбол. – 2014. – №10-12. – С. 24-29.
ТАРҶУМАҲО
Катаев, А. Дидор: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат
Умарбеков, Ў. Доси заррини моҳ: Ҳикоя // Садои Шарқ. – 1988. – №5. – С. 100-113.
Йыгисалу, Х. Хониши булбул; Дард: Ҳикояҳо // Тазкираи адабиёти советӣ барои кўдакон. – Душанбе, 1989. – Ҷ.2. – С. 400-405.
Пемьбер, И. Бронхит: Ҳикоя // Тазкираи адабиёти советӣ барои кўдакон. – Душанбе, 1989. – Ҷ.2. – С. 408 – 409
Эсоп, Э. Ғайбдон: Ҳикоя / Тарҷумаи Ҷ. Акобиров // Тазкираи адабиёти советӣ барои кўдакон. – Душанбе, 1989. – Ҷ. 2. – С. 409- 412.
ДАР БОРАИ АДИБИ МАЪРУФ
Муҳаммадиев, Ҳ. Насри инсон: Нависанда Ҷ. Акобиров барои мукофоти комсомолии ленинӣ пешниҳод шуд // Комсомоли Тоҷикистон. – 1988. – 26 октябр.
Ҳабиб, П. Ситоиши хирад ва эҳсос: Ба ифтихори 60-солагии нависанда Ҷонибеки Акобир // Садои мардум. – 2012. – 26 ноябр.
Самад, А. Ҷонибек ҳам рафт: Нависанда Ҷонибек Акобировро ёд кардам // Садои Шарқ. – 2014. – №9. – С. 155-158.
Собиров, Ҷ., Додоев, М. ва диг. Ғамшарикем: Ёде аз Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷонибек Акобиров // Миллат. – 2014. – 30 июл.
Ваҳҳоб, Р. Рўшноӣ: Шеър барои Ҷонибек Акобиров // Миллат. – 2014. – 30 июл.
Суханбозӣ дар Шарқ хатар дорад: Сўҳбати рўзноманигор бо Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷонибек Акобиров // Миллат. – 2014. –30 июл.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ