Ёде аз устод Лоиқ дар хотираи Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо
Аз марги бармаҳали Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 24 сол сипарӣ мешавад. 30 июни соли 2000 шоири шӯридадил бар асари сактаи қалбии навбатӣ дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе ҷон аз даст дод. Дар зер порае аз хотираи Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзоро бознашр мекунем. Адиби маъруф дар ин хотирапора аз рӯйдоде ҳикоят мекунад, ки як рӯз қабл аз реҳлати шоири шинохта рух додааст…
28-уми июни соли 2000-ум, чоршанбе.Боз баҳри хабаргирии Лоиқ сӯи беморхонаи Қарияи Боло мешитобам. Дар атрофи биное, ки Лоиқ дар яке аз утоқҳои он бемор хобидааст, хешовандон, дӯстон, фарзандони эшон ба мисли меҳмононро гусел ё пазироӣ мекарда бошанд, дастҳо пеши бар истодаанд. Адибон Абдулҳамид Самадов, Сорбон, Ҳадиса, Ҷонибек, Холмурод Шарифов чун рӯзҳои пешин дар паҳлӯи онҳо.Нигоҳҳо ноумедона. Баъзеҳо дидори гарми Лоиқро дида аз беморхона берун меоянд. Ва банда ҳам ташнаи дидораш гаштаам.Умедам, ки ба зинда монданаш буд, ба мисле ботил шуда.
Ҳамроҳи дӯстам Садриддин зинаҳоро боло шуда ба долони ошёнаи дуюм омадам.Дар долон назарам ба ҳамсари Лоиқ хӯрд, ки гӯё аз дидагонаш сели ашк равон буд. Дар сар рӯймоли сафед дошт, худо мегуфтам, ки рӯймоли сиёҳ ба сар накунад. Дар чанд рӯзи омаду рафтам ба беморхона медидам, ки аз ҳама беш ӯ баҳри Лоиқ ғам мехӯрд, месӯхт.Шабҳо то саҳар болои сари шавҳар буда ӯ. Орзу мекардааст, ки боз як бори дигар Худованд ба Лоиқ шифо бахшаду завҷаи меҳрубон дар дами дари хонааш пойандоз густурда вайро марҳабо гӯяд ва маъракаи хурсандӣ ороянд, лекин ҳазор афсӯс ки Лоиқро ба хонааш овардаанд, чӣ хеле мегӯянд, якрӯза меҳмони рӯи кулбааш гашт.Лоиқ ҳамин рӯзи сиёҳи ба сари завҷааш меомадаро медонистааст, ки баҳри ӯ шеъре бахшида, шеъри ”Дидор дар қиёмат”:
Рафтам ман аз бари ту, дидор дар қиёмат,
Рафтам ман аз сари ту, дидор дар қиёмат!
Эй паршикастаи ман мисли уқоб бигзашт
Ҳам болу ҳам пари ту, дидор дар қиёмат!
Бисёр бода хӯрдам, имрӯз бодаи марг…
Пур бод соғари ту, дидор дар қиёмат!
Хок аст бистари ман, эй кош гарм бошад
Болину бистари ту, дидор дар қиёмат!
Баъд аз сарам чӣ ояд аз саъду наҳси афлок
Бар хонаю дари ту, дидор дар қиёмат!
Рӯи маро бихоҳӣ, бар рӯи дафтарам бин,
Он ҷост маҳзари ту, дидор дар қиёмат!
Фарёди бесухан кун, чун дар ғами сухан сӯхт
Ёри суханвари ту, дидор дар қиёмат!
Танҳо набошам онҷо чун бурдаам ба дида
Ду дидаи тари ту, дидор дар қиёмат!
Дар хок тира бошад қандили шоми уқбо,
Ишқи мунаввари ту, дидор дар қиёмат!
Рӯҳи маро биҷӯяд дар боғҳои мину
Рӯҳи музаффари ту, дидор дар қиёмат!
Ҳоло ману Садридин баҳри ба дидори гарми Лоиқ расидан аз долон, аз назди аҳли хонадон, фарзандони ӯ мерафтем. Бо сари хам вориди утоқе шудам, ки Лоиқ он ҷо хуфта, сардухтури беморхона дӯсти меҳрубони Лоиқ ва ҷумлаи мо аҳли адаб Соҳибҷон ва дигар ҳампешагони эшон назди кати хобаш истода. Нафасгириаш ноором, вазнин.Тарзи ҳаракати қалбаш дар оинаҳои нилгун акс кунонда мешуд, ба он духтурҳо назар доштанд, ба дафтарҳошон ишораҳо мегузоштанд, низому ҳаракатҳои дил номуътадил, дар талотум буд дил. Диле, ки Лоиқ ҳамеша раъяшро ба ҷо меовард, дар ҳазматаш буд, баҳри ӯ мезист, диле, ки аз тифлӣ то ба сафедӣ омадани мӯйҳои ӯ пуршӯр буд, шӯру қиём, ҷӯшу хурӯше дошт. Вале чӣ илоҷ, ки ҳолаш ҳоло табоҳ, марг омада ба талабаш, ноилоҷ аст, нотавон аст дил, дами маҳву нобудшавӣ. Пас аз лаҳзаҳо сукут мекунад дил, аз тапидан мемонад, илоҷе, мададгоре намеёбад. Вале таслим намеояд, дил дар ҳаракат аст, озурда гаштааст аз дард, пажмурда шудааст, даруни дегдоналов гӯё афтодааст, сӯхтан дорад, дар ҳамин ҳол ҳам ба ёди шоир шеър мебиёрад. Мадҳуш аст шоир. Вале бо забони ӯ шеър оварда дил, шеъри вопасин, байти охирин. Шеър мегӯяд Лоиқ вале намешунавем… Лабонаш меҷунбанд, зикри забонаш шеър, калимаи вопасинаш шеър… Аз рӯи Лоиқ назар кандан намехоҳам. Аммо баҳри назди кати ӯ беш истодан иҷозат намедиҳанд. Духтурҳо ишора доранд, ки аз утоқ бурун равем. Лекин дил намехоҳад, охирин нигоҳҳоро аз рӯяш ғун биёрам.Фикрҳои нохуш аз сар дур намешавад: магар дидори Лоиқро минбаъда дигар намебинам, дидори дӯсти солҳои сабақомӯзӣ, наврасӣ, ҷавонӣ. Гарон буд он лаҳзаҳо, ки “хайр”, Лоиқ, дидорҳо ба қиёмат”, бигӯям. На, наметавонистам ин хел суханҳоро ба забон овардан. Ва бо дидагони ашкбор бо Садриддин ақибнокӣ аз назди Лоиқ, аз дари ҳуҷраи хоби ӯ мебароям…Рӯз ба назарам тира, офтобро намебинам. Гапзании онҳое ба гӯшам меояд, ки дар саҳни беморхона назди бино ҳанӯз истодаанд. Инҳо ҳамон ҳамқалам, дӯстон, мухлисони Лоиқанд…
Аз китоби “Марги бегуноҳ”-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо. Ин китоб соли 2012 чоп шуда ва қатори романи “Марги бегуноҳ” чанд қисса ва ёдномаҳои адиби маъруф ҷо дода шудааст. Яке аз ин ёдномаҳо қиссаи пурсӯзу гудози “Замоне бо Лоиқ” аст, ки матни боло аз он иқтибос шуд.
Ин китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Таҳияи Фароғат ТОЛИБОВА,
муовини сардори шуъбаи феҳристнигорӣ,
раиси Шӯрои бонувони Китобхонаи миллӣ.