Ёде аз устод Лоиқ дар солгарди реҳлати шоири маъруф. Поёни хотира
Мо бо эҳтиром ба муйсафед салом додем. Муйсафеди ношинос ба саломи мо ҷавоб дода, аз кадом авлод ва фарзандони кӣ буданамонро пурсиду ба Юнусу Ҳоҷикурбон нигоҳ карда гуфт: «Ҳар дуи ту маълим мешавед». Ба сӯи ман назар карду гӯё ихтирои бузурге карда бошад, бо табассум гуфт: «Соҳиби мансаби калон мешавӣ, чун роҳбар корҳои бисёре мекунӣ». Устод Лоиқ, ки бо нигоҳи пурмаънову ҷасорати ҳамешагиаш аз ҳамсолони худ фарқ мекард, ҳайратзада дар ҷояш шах шуда буд. Муйсафед бошад ба сӯи устод Лоиқ назар нокарда ба мо-«ҷӯраҳои ҷамолакӣ»-и ӯ бо овози баланд гуфт: «Ба пояи ҳиммату шӯҳрати ӯ Шумо намерасед, ӯ чунон машҳуру соҳибэҳтиром мешавад, ки мардуми диёр аз ному шӯҳраташ ифтихор хоҳанд кард».
**** **** *****
Ман як хонанда ҳастам, хонандаи ашъори устод Лоиқ. Ба назари мани хонанда устод Лоиқ, чунончи мегӯянд, шахси назаркарда буд, мисли мо одами хокӣ ва заминӣ набуд, ӯ малакутӣ буд, шеъри ӯ мисли шеъри Ҳофиз аз арш меомаду ҷовидон ба дилу дидаҳо менишасту кора мекард. Таърихи ватану миллат, таърихи забону адабиёт, фалсафаю динро аз ҳар мутахассиси ин соҳаҳо хубтар медонист. Ман-манӣ надошт, вале агар ба баҳс ҳамроҳ мешуд, ҳатман ғолиб меомад. Зеро хотираи қавӣ ва зеҳни тезу истеъдоди фитрӣ дошт. Дар арафаи тӯйи арӯсии духтари кенҷааш Мумтоз, ки бо меҳр Кенҷагул ҳам мегуфт, дар хонаи устод чанд тан аз хешону наздикон ва муллоҳо ҷамъ омада буданд. Пас аз ёди гузаштагони падариву модарии устод ва оилааш байни муллоҳо баҳси доманадоре доир ба кадом ҳадис шурӯъ гашт ва ба он қариб ба ҷанҷол табдид меёфт, ки устод ба баҳс ҳамроҳ гашма, ҳарду гурӯҳро бо ҷавоби пур аз далелу бурҳон ба ҳайрат гузошт. Аз ҳар ду гурӯҳ чун розӣ будан ба ақидаи тасдиқ гардид, устод бо ханда илова намуд:
-Шукрона мекунам, ки Худованд якҷоя бо табъу истеъдоди фитрӣ ба бандаи гандаи худ ақлу фаросат ва илми ундунявӣ низ ато фармудааст… Агар каме шубҳа дошта бошед, инҷо метавонам аз Маснавии Маънавӣ лак-лак мисолҳо оварам… Хондани Қуръони шариф дигар асту онро хонда фаҳмида, дуруст фаҳмонидан дигар,- бо ханда гуфт устод ва бо ризояташ меҳмонон як-як ба сӯи хонаҳои худ роҳ пеш гирифтаанд.
Чаҳор ҷӯра: устод Лоиқ, Ҳоҷикурбон, Юнус ва ман дар солҳои қаҳтию гуруснагӣ аз Оби Сарой ба сӯи зодгоҳамон-Мазори Шариф мерафтем. Аз пешорӯямон мӯйсафеди мусофире баъди зиёрати мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро баромад. Мо бо эҳтиром ба муйсафед салом додем. Муйсафеди ношинос ба саломи мо ҷавоб дода, аз кадом авлод ва фарзандони кӣ буданамонро пурсиду ба Юнусу Ҳоҷикурбон нигоҳ карда гуфт: «Ҳар дуи ту маълим мешавед». Ба сӯи ман назар карду гӯё ихтирои бузурге карда бошад, бо табассум гуфт: «Соҳиби мансаби калон мешавӣ, чун роҳбар корҳои бисёре мекунӣ». Устод Лоиқ, ки бо нигоҳи пурмаънову ҷасорати ҳамешагиаш аз ҳамсолони худ фарқ мекард, ҳайратзада дар ҷояш шах шуда буд. Муйсафед бошад ба сӯи устод Лоиқ назар нокарда ба мо-«ҷӯраҳои ҷамолакӣ»-и ӯ бо овози баланд гуфт: «Ба пояи ҳиммату шӯҳрати ӯ Шумо намерасед, ӯ чунон машҳуру соҳибэҳтиром мешавад, ки мардуми диёр аз ному шӯҳраташ ифтихор хоҳанд кард». Пас аз шунидани суханони муйсафеди мусофир, вақте ба деҳа расидем, бо талабу хоҳиши мо устод Лоиқ аз хонаашон як кулчаи зағора баровард. Кулчаро чар тақсим кардем. Кулчаи зағора хусусияте дорад-ҳангоми шикастан нонрезааш бисёр мешавад. Ҳар кас ҳиссаи худро хӯрдем, аммо сер нашудем. Якбора нигоҳи ҳама ба сӯи нонреза афтод. Устод Лоиқ гуфт: «Нонрезаҳои рехта ҳаққи Тағоймурод аст». Зеро дар байни чор нафар «ҷураҳои ҷамолакӣ» вазъи зиндагии ман аз ҳама вазнин буд. Падарам дар ҷанг бедарак шуда буданду ман дар кӯча монда будам. Дигарон падар доштанд.
Мо чаҳор нафар ҳамсабақ баҳбабаҳс мехондем. Мехостем, ки ҳар яке бузургтар аз дигаре шавем. Ҳама ба қадри зағораи хӯрдаамон дар зиндагӣ обрӯ ва давлат ёфтем. Пешгӯии мӯйсафеди мусофирро дар зиндагӣ бо чашми сард дидем. Ҳоҷиқурбону Юнус муаллимони хубу пешқадам гардида, шогирдони сазовори зиёде тарбия намуданд. Ман ҳам аввал чун корманди комсомолу ҳизбӣ, баъдтар корманди масъули амнияти миллӣ ба ҳалқу ватан хизмат намулам. Аммо шӯҳрату овозаи устод Лоиқ аз гуфтаҳои он мӯйсафеди нуронии роҳгузар ба чандин бор болотар рафта бошад ҳам, устод хоксорона зиндагӣ намуду барои ҳазорсолаҳо номи худу ватани худро ҷовидона кард.
Баҳорон чаҳор ҷӯра ба талу теппаҳо барои чидани гули бойчечак мерафтем. Бисёр саъю кӯшиш намоем ҳам, ману устод Лоиқ боре ҳам аз дигарон пештар ёфта наметавонистем. Ҳамеша он гулҳои наврӯид, ки нишони баҳор буданд, ба чашми Юнусу Ҳоҷиқурбону дигарон мехӯрданд ва ману устод Лоиқ ҳар баҳор аз дасти ҷӯраҳои худ бори аввал гулҳои баҳориро медидем.
Гулҳои якҷоя чидаамонро ба деҳа оварда, гулгардонӣ мекардем ва ба мардуми деҳа пайғоми баҳҳоро мерасондем. Ҳар кадом сокини деҳа, ба мо, бачаҳои гулгардон, мувофиқи будаш чизе ҳадя медод. Яке биринҷ, дигаре сабзӣ, саюмӣ пиёз, хулоса нону қанду қурс-он ҳама нозу неъмате, ки дар хонаҳои мардуми деҳа буд, дар рӯи хони пас аз гулгардонӣ ташкилнамудаи мо пайдо мегардид. Баъзан бачае таклиф мекард, ки нонҳои обаш гурехтаро бо ягон чизи дигар иваз кунем, аммо устод Лоиқ зид мебаромад ва он нонҳоро «ҳангоми баррабониҳо (ёшбонӣ) чанголӣ карда мехӯрем» мегуфт. Мани сағира бори аввал чанголии тайёкардаи устод Лоиқро хӯрда, то имрӯз таъми онро дар ёд дорам. Ана ҳамин давраи бедоғу беолоиши тифлӣ ва гулбозии гулгардониҳоямро устод Лоиқ дар шеърҳояш устокорона қаламдод кардааас:
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам.
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам.
Боз гултоқӣ бибофам аз гули худрӯи кӯҳ,
Аз гули наврӯзу аз қоқую аз ҳулбӯи кӯҳ.
Боз рӯи сабзаҳо афтону хезон по ниҳам,
Кӯҳҳову даштҳоро дар дили худ ҷо диҳам…
Бо мо бачаҳои аз мо калонтар низ ҳамроҳ шуда, аз чизҳои ҷамъ кардаамон баъзан ош пухта мехӯрдем. Ҳама бачаҳои гулгардони солҳои баъди ҷанг калон шудаанд, хонда соҳиби кору вазифа гашта, дар тарабхонаҳои овозадори дунё таом хӯрдаву баъзан аз зиёфатхӯрӣ безор ҳам шуданд. Вале, ҳар гоҳе ки як ҷо ҷамъ меомаданд, он ошҳои бачагиро бо вуҷуди бегӯшт ва ё баъзан камсабзӣ буданашон ёд кардаву таъриф мекарданду мегуфтанд: «Дар ягон гӯшаи дунё дигар чунон хӯроки бомаззаро нахӯрдаем». Ду нафаре, ки доимо гули бойчечакро аз дигарон пештар меёфтанд, аз худи деҳа хонадор шуданду дар деҳа монданд. Ду нафаре, ки бойчечакёбӣ насибамон намегашт, аз шаҳр оиладор шудаву шаҳрӣ шудем. Дар минбару вохӯриро зери гулдастаҳо мемондему дар байни гулдастаҳо гули бойчечакро наёфта, хаёлан дар олами бедоғи бачагӣ гум мешудем.
Бачагиям бе касу танҳо гузашт,
Бо дарав бо хӯшачиниҳо гузашт,
Доманам аз хӯша пур аз домани саҳро гузашт…
… Баччагӣ гӯё буду гӯё набуд,
Баччагӣ аз мо буду аз мо набуд,
Бехабар мондем, то дидем, фарсахҳо гузашт…
… Баччагӣ-гулгуни зарринёли ман,
Баччагӣ-гулгуни зарринболи ман-
Баччагӣ-гулгуни зарринболи ман-
Ёлу болаш ғарқи гул аз роҳи умри мо гузашт…
Асрҳо деҳаи Мазори Шариф зиёратгоҳи мусалмонони Осиёи Миёна, Тотористону Бошқирдистон ва кишварҳои дигар будааст. Мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро, ки аз осори қарни XIV мелодӣ маҳбус мешавад, дар тарбияи ахлоқу одоб ва маънавияти мардуми мо, хусусан бошандагони деҳа, нақши муассире гузоштааст. Мақбараи Хоҷа Муҳаммадии Башоро дар тасаввури мо ягона ҷои муқаддас ва мояи ифтихори бошандагони деҳа маҳбус мешуд. Аз ин рӯ, вақте берун аз деҳа бо мардум ҳамсуҳбат мешуданд, одатан дар бораи хонақоҳи дар ҳақиқат бузургу пурнақшу нигор нақлҳои ҷолиб мекарданд.
Солҳои бачагӣ он нақшҳои дару тиреза ва тоқу деворҳои хонақоҳ дар назар ва фаҳмиши мо ҷуз зебу ороиш чизе дигар набуд. Бо гузашти солҳо ва вусъатёбии фаҳмишу дониши худ дарёфтем, ки он ҳама нақшҳо байтҳои пурҳикмат ва панду нисиҳатӣ буданд, ки устодони гулдаст ва таъмиргарони ин мақбара ёдгор монданд:
Ёдгор аз мо дар ин манзил ғами бисёр монд.
З-он ки оташ рафт, аммо дуд дар девор монд,
***** ******* ******
Ҳак кас, ки бар ин марқади пурнур ояд,
Бино гардад, агарчи ӯ кӯр ояд.
Ёбад тани сиҳату камил з-ин дар,
Ҳарчанд, ки ӯ заифу ранҷур ояд.
***** ******* ******
Эй он, ки паи мурод дар ҳар бобӣ,
Андар талаби муроди худ мештобӣ.
Гар дур шавад бахту саодат аз ту,
Аз равзаи Хоҷаи Башоро ёбӣ.
***** ******* ******
Он кас, ки барои ҳақ шиносо бошад,
Бе ҳақ нафасе набошад ҳар ҷо бошад.
Оне ки зи хели ҳақшиносо гашта,
Он Хоҷа Муҳаммади Башоро бошад.
***** ******* ******
Сарви болои ту дар хок, дареғ аст дареғ,
Зери хок он гуҳари пок, дареғ аст дареғ.
Домани пираҳани умри ту, эй ҷони азиз,
Шуда чун домани гул пок, дареғ аст дареғ.
Ҷои он буд, ки ҷои ту бувад дар дида.
Ин замон ҷои ту дар хок, дареғ аст дареғ.
***** ******* ******
Он солҳо, яъне солҳои пурнишоти бачагӣ касе аз мо гумон надошт, ки дар деҳаи Мазори Шариф бузургвори дигар албатта дар самту ҷодаи дигаре арзи вуҷуд намудаву камол меёбад. Ва рӯзе мерасаду мардуми тоҷик ва кулли форсигӯёни дунё аз офаридаҳои табъи олии ӯ баҳраманд гаштаву бо номи ӯ ифтихор хоҳанд кард. Мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро тӯли ҳафтсад сол ифтихори аҳли деҳа буд. Андешаи ғолиб ин аст, ки ин мақбара, ин осори фарҳангӣ ва шахсияти мадфуни он Ҳоҷа Муҳаммади Башорову ашъори дар пештоқи деворҳо сабт гашта дар тадқиқи устод Лоиқ ба сифати шоир асаре, таъсире доштааст. То соли 2001 дар деҳаи Мазори Шариф танҳо мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро вуҷуд дошт ва имрӯз мақбараи дуюм-Хона музеи устод Лоиқ қомат афрохтааст, ки ин ду ҷои муқаддасро ду пули навсохт ба ҳам мепайвандад. Пайванди ин ду бузургвор натанҳо ҳамин ду пули навсохту пайроҳаи рости байни онҳост, балки пайванди маънавиест, ки миёни мӯъминону зиёратгарон ва ошиқону дилдодагони шеъри асили ноб арзи ҳастӣ менамояд. Аз ин пас деҳаи мо маркази муҳиму азизи фарҳангии ду бузургвор ва зиёратгоҳи мӯъминону шефтагони шеъру адаби воло хоҳад буд. Ва ин пайвандӣ пайвандии аҷибест.
Яке мақбараи шахсест, ки ҳазор сол пеш дар ин макон барои ҷорӣ намудани дини мубини Ислом ҷангида шаҳид шудааст, дигаре дар замоне мезист, ки дар ин диёр дини Ислом аз ҷониби сиёсатмадорон решакан мешуд. Хоҷа Муҳаммади Башоро ба ривояте яке аз донандагони тавонои ҳадисҳои пайғамбар буд, аммо аз осори он фарди шариф қариб дар дасти ҳамдиёрон чизе намондааст. Ҳатто таърихи он шахсро хеле кам медонанд.
Аз Ҳоҷа Муҳаммади Башоро дар деҳа мақбара боқӣ мондаву боиси ифтихор ва парастиш гаштааст. Аммо аз бузургвори дуюм устод Лоиқ дар деҳа осорхона боқист, яъне осори навиштаи ӯ дар дили мардум боқӣ мемонад. Таърих дар ин деҳа мусобиқаи ду арзиши волоро гӯё ташкил кардааст: аз яке мазор, аз дигаре осор то собит созад, ки шафоати ин ду чизи муқаддас аз ҳамдигар бо чӣ бартарӣ дерпой аст…
Аз китоби “Як тика ёди бачагӣ”-и Ҳоҷӣ Тағоймуроди Маҳмурод. Душанбе, соли 2006.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари шуъбаи
хизматрасони ба шахсони
имконияташон маҳдуд