Ёде аз устод Лоиқ дар солгарди реҳлати шоири маъруф

Лоиқ ШералӣУстод Лоиқ шеърро чунон бо дарду аламу сӯзи сина қироат кард, ки гӯё ин лаҳза ҷони ширинаш ҳамроҳи ин шеър аз колбад берун  меомад. Чун қироати шеър ба охир расид, бо чашмони хунполо ба рӯйи устод Лоиқ нигаристам, ки аз дидагони ӯ низ ашк мерехт. Устод Лоиқро дар чунин ҳолату вазъият кам дида будам.

Ману устод Лоиқ ҳамдеҳаву ҳамсолу шарикдарсем ва дар як синфу дар як мактаб (мактаби ҳафтсолаи деҳаи Мазори Шариф) мехондем. Баъди хатми мактаб аз ҳам ҷудо шудем, ӯ ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент барои идомаи таҳсил рафту ман ба мактаби миёнаи деҳаи Ғӯсар ба номи Абдусалом Деҳотӣ. Баъдан устод Лоиқ ба Душанбе хондан рафту ман ба Хуҷанд. Ӯ дар факултаи забон ва адабиёт таҳсил карду ман дар факултаи риёзӣ. Баъд ӯ шоир шуду ман корманди комсомолу ҳизбиву давлатӣ ва амнияти миллӣ. Ӯ дар Душанбе иқомат дошту ман дар ноҳияҳо. Биноан мо кам ба дидори ҳам мерасидем.  Танҳо солҳои охир, баъд аз он ки ман ба Душанбе кӯчида омадаму дар ҳамсоягии ӯ манзили сукунат ихтиёр кардам, бо ӯ дар маъракаву ҷамъомад, баъдан тасодуфан дар кӯча ё дар хонаҳои ҳамдигар вомехӯрдему аз рӯзгори кӯдакиву бачагӣ, аз мушкилоти солҳои ҷанг ёд мекардем. Ман Лоиқро «устод» гуфта муроҷиат мекардаму ӯ  маро «ҳоҷӣ», баъзан ҳазломез «ҳоҷикоммунист» мегуфт. Соли 1988 устод Лоиқ китоби «Хонаи дил»-ро бо чунин соядаст ба ман тақдим кард: «Ба дӯсти айёми кӯдакӣ ва ҷавониям-Тағоймуроди Мазорӣ бо ихлос. Лоиқ, 2.02.1988».

Соли 1999 бошад ӯ китоби «Фарёди бефарёдрас»-ро низ бо соядасти зерин тақдим намуд: «Ба дӯсти овони бачагӣ, наврасӣ, ҷавонӣ ва… қариб пириям.  Лоиқ. 20.05.99». Дар ҳар ду соядаст ҳам устод Лоиқ  аз рӯзгори сангини солҳои ҷанг, ки мо он вақт кӯдак будему азобу ранҷи гуруснагиву хириву зорӣ (хусусан ман) мекашидем ва он лаҳзаҳои мушкилу мудҳиш дар ёду хотираи мо сахт нақш баста буд, ёд кардааст. Дар соядасти дуюм ӯ пеш аз ибораи «қариб пириям» (ин соядаст 40 рӯз қалб аз маргаш навишта шуда, ҳоло ба пирӣ тан надода, «қариб пирӣ» гуфтааст) бисёр нуқта гузошта буд. Ман аз ӯ сабабу маънои бисёрнуқтаро пурсидам. Устод дар ҷавоб гуфт:

-Хоҷӣ, каллая гаранг накун, пагоҳ бегоҳи хона биё, баъд мефаҳмонам асрори бисёрнуқтаро. Маънои бисёрнуқтая намефаҳмаду боз ба ман насиҳат мекунад, каллаварам. Ин гуфтаҳо шӯхӣ буд. Туро ман на чун мазореки азиз, балки барои бозёфти хубат дар ҳикояи «Ғарибмазор» дӯст медорам,-таъкид намуд устод. Бегоҳи рӯзи дигар ба хонааш рафтам. Устод Лоиқро дар хона танҳо, машғули эҷоди шеър дарёфтам. Устод Лоиқ маро диду гуфт:

-Хайрият, ки омадӣ, хеле хаста шуда будам. Ту, ҷӯраҷон, ҳоҷӣ, арақ намехӯрӣ, Биё, ман ба саломатии ҳардуямон ду пиёла арақ менӯшам ва баъд ба саволи дирӯзаат ҷавоб мегӯям. Ман розӣ шудам. Устод Лоиқ қабл аз нӯшидани арақ ин ғазали пурдарду аламро бо як оҳанги гиряолуд қироат кард:

Дар лобалои кулли бало зиндаам ҳанӯз,

Бо душманони дӯстнамо зиндаам ҳанӯз.

Озодии батар зи ҷазоро надидаед?

Озоди мубталои ҷазо зиндаам ҳанӯз.

Заҳри бадан шавад, агар як бурда нон хурам,

Бо хайли дуни пасту гадо зиндаам ҳанӯз.

На роҳи пеш рафтану на роҳи бозгашт,

Дар кӯрароҳи ҳар ду саро зиндаам ҳанӯз.

Ҳамчун дарахти нимабурида фитодаам,

Бо ёди муттакову даво зиндаам ҳанӯз.

Бибридаанд ҷумла рагу решаи маро,

Аз аслу решаҳом ҷудо зиндаам ҳанӯз.

З-ин тӯдаҳои шохзан шохи қалам шикаст,

Бо хомаи шикастабаҳо зиндаам ҳанӯз.

Мурдан беҳ аст аз чунин обишхури залил,

Эй мардумон, ба бӯи шумо зиндаам ҳанӯз.

Аз чор сӯст зарбу лат аз душману зи дӯст,

Сад шукр, бо умеди Худо зиндаам ҳанӯз.

Устод Лоиқ шеърро чунон бо дарду аламу сӯзи сина қироат кард, ки гӯё ин лаҳза ҷони ширинаш ҳамроҳи ин шеър аз колбад берун  меомад. Чун қироати шеър ба охир расид, бо чашмони хунполо ба рӯйи устод Лоиқ нигаристам, ки аз дидагони ӯ низ ашк мерехт. Устод Лоиқро дар чунин ҳолату вазъият кам дида будам.

Ту, ки бепадар, сағера калон шудаӣ, аз андак сухани дардолуд мегирйӣ

Худатон –чӣ?-гуфтам ман.

Шеър хуни дили ман аст, биноан рехтани ашки ман табиист, – гуфт ӯ. Баъд устод Лоиқ сари мақсад омаду гуфт:

– Дар бисёр маъракаҳо ту як байтеро қироат мекунӣ. Вай кадом байт буд? Ман он байтро ба ёд овардам:

Надониста басе рашки сару сомони мо доранд,

Даруни дил ҳазонрезасту худ гулпӯш мегардем.

– Ҳа, ба ёдам омад, аъло гуфтааст,-бо ханда гуфт устод Лоиқ ва афзуд:

– Ин зиндагии бемаънӣ, ҳазорон мардуми бесарнавишту оворагард дар кишварҳои дигар, ин миллати хору зор, ба қатл расидани бузургони миллат-шоиру нависандагону олимон… Хулоса ҳамаи ин ранҷу азобу фоҷиаҳо ҳам дар айёми кӯдакиҳоямон ва ҳам имрӯз хеле барвақт пирамон кард. Аз афташ, даври пирӣ надида, ба қавле «давлати пирӣ наронда» меравем, ин ҷаҳонро падруд мегӯем. Биё, ҳаминаш бас. Ҳамин буд маънии бисёрнуқта.

Чунонки ишора шуд, ин сӯҳбат чиҳил рӯз қабл аз марги устод Лоиқ сурат гирифта буд ва яқин аст, ки чунончи мегӯянд, марг аз худ хабар дода будааст ва устод Лоиқ охири умри худ ба пирӣ нарасидани хешро медонистааст. Расо баъди як моҳ ӯ бистарӣ нуҳ рӯз дар беморхона беҳушу беёд хоб рафт. Ҳар рӯз садҳо дӯстону пайвандону ошиқони худу шеъраш барои аҳволпурсӣ ба касалхона меомаданду аз вазъи саломатиаш огоҳ мешуданд. Сардухтур Соҳибҷон Раҳмонов дили ҳамаамонро тасалло мебахшид, ки устод сиҳат мешаванд. Мо ба ӯ бовар мекардем. Вале дарди ӯ дарди бедаво будааст.

Рузҳое, ки устод Лоиқ дар бистари марг беҳушу беёд мехобид, чанд дафъа Коришариф аз ман хоҳиш карданд, ки ҳазрати Ёсин хонам ва шояд ӯ овози шиносро шунида, ба ҳуш ояд. Вале ман ба ёсинхонӣ забонам намегашт, бовар доштам, ки устод Лоиқ бо он нерӯи ҷисмониву рӯҳоние, ки дошт, пирӯз меояду ба по мехезад ва боз чандин соли дигар ҳамроҳ зиндагӣ мекунему армонҳои дил мешиканем. Пешравиҳои ватану миллаташро дида, аз ифтихор сараш ба осмон мерасад. Вале афсӯс.., ки умр вафо накард ва мисраъҳои зер якумра ашкрезона дидаҳои ошиқони шеъраш гашт:

Имрӯз агар он табу он сӯзи дилам нест,

З-он аст, ки ғамхораву дилсӯзи дилам нест.

Ин соату ин лаҳзаю ин они гурезон

Ҳар рӯзи худо ҳаст, вале рӯзи дилам нест.

Бо ҳар зарабон меравадам нақди дил аз даст,

Кас воқифи ангораи мармузи дилам нест.

Ман мондаму дил мондаву вайронаи сина,

Дар мушкили дил маслиҳатомӯзи дилам нест.

Рӯзе, ки танам мурд, кафандӯзи танам ҳаст,

Рӯзе ки дилам мурд, кафандӯзи дилам нест.

Аз китоби “Як тика ёди бачагӣ”-и Ҳоҷӣ Тағоймуроди Маҳмурод. Душанбе, соли 2006.

 Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

(Идома дорад)

Таҳияи Рисолат Шералиева,

мутахассиси пешбари шуъбаи

 хизматрасони ба шахсони

имконияташон маҳдуд