Ёди ҳамкор. Абдуллоҷон Юнусов

Абдуллочон Юнусов
Абдуллоҷон Юнусов

Шарқшиноси маъруфи олмонӣ Манфред Лоренс баъди шиносоӣ ба осори библиографиву китобшиносӣ ва таҳқиқоту пажӯҳишҳои илмии донишманди шинохта Абдуллоҷон Юнусов фаъолиятҳои ӯро ин гуна арзёбӣ карда буд: «Ҷаноби Абдуллоҷон Юнусов яке аз олимони барҷаста дар соҳаи китобшиносӣ ва библиографияи тоҷик шинохта шудааст. Ҳиссааш дар густариши равобити китобдории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ калон аст. Доираи пажўҳишҳои илмии олим гуногунҷабҳа буда, ба масоили имрўзаи китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии тоҷик бахшида шудаанд».

Адуллоҷон  Юнусов баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) соли 1959 барои кор ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон даъват шуд. То соли 2014 вазифаи  мудири шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодирро ба ўҳда дошт. Ӯ ба ҷамъоварии дастнависҳои қадимӣ машғул шуда, бо ҳамкоронаш беш аз 2200 нусха китобҳои қаламии камёфт ва қариб зиёда аз 15000 осори гаронбаҳои  чопи сангиро гирд овардааст.

Мавсуф дар баробари кори китобдорӣ  боз дар пажўҳишу таҳқиқи масоили мубрами  соҳаҳои китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, саҳми муносиб гузошта, ҳамчун муҳақиқ шўҳрат пайдо кардааст.

Ў соли 1973 дар мавзўъи «Масъалаҳои забоншиносии тоҷик: Таҳқиқ ва омўзиши забони тоҷикӣ (солҳои 1961-1971)» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Дар баробари кори китобдорӣ боз дар пажўҳишу таҳқиқи масоили мубрами соҳаи китобдорӣ, китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ саҳми муносиб гузошта, ҳамчун муҳаққиқ шўҳрат пайдо карда буд.

Китобномаҳои ӯ «Таърихи забоншиносии точик» (иборат аз 5 ҷилд), «Аҳмади Дониш» (ду ҷилд), «Китобшиносии Фирдавсӣ ва  «Шоҳнома» (ду ҷилд), «Рўдакӣ», «Абдурраҳмони Ҷомӣ», «Такомул ва инкишофи забоншиносии точик», «Додоҷон Тоҷиев», «Вера Расторгуева», «Алберт Хромов» ва ғайра дар таҷрибаи илми библиографияи тоҷик мақоми хоса доранд.

Абдуллоҷон Юнусов бовуҷуди муҳаққиқ будан аз тартиб додани дастурҳои библиографӣ дил канда наметавонист.  Инчунин, бо кўшиш, ғайрат ва маҳорати эҷодии ў як қатор манбаҳои  муҳими  библиографӣ тартиб дода, пешкаши китобдорон ва тадқиқотчиён гарпдонида шудаанд. Чуночӣ, дастурҳои методию библиографӣ, аз қабили «Материалҳои роҳбарикунанда оид ба кори китобхонаҳои марказонидашуда», «Библиографияи тавсиявӣ дар китобхонаҳои оммавӣ», «Китобхонаи бачагонаи Регар», «Ҷамъияти дўстдорони китоб ва китобхонаҳои шахсии Тоҷикистон дар матбуот» ва ғайраро таҳрир намудааст.

Теъдоди умумии китобу рисола ва дастуру тавсияномаҳояш беш аз 60 номгўй мебошад. Дар матбуоти даврии тоҷик ва хориҷ аз кишвар зиёда аз 510 мақолаҳои илмию оммавӣ ва иттилоотии ў нашр шудааст.

Ҳисааш дар густариши  равобити  китобдории Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мамолики  хориҷӣ калон аст. Ӯ дар тарбияи мутахассисони  ҷавони  соҳа низ саҳми зиёд дошт.

Хидмату фаъолияти самарабахши ўро ба назар гирифта, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурӣ ва Ҳукумати кишвар устод Абдуллоҷон Юнусовро бо якчанд Ифтихорномаҳо, нишони  Аълочии фарҳанги Тоҷикистон,  Аълочии матбуоти Тоҷикистон, медалҳои «Барои меҳнати шоён», «Собиқадори меҳнат» ва дигар мукофотҳои пулию молӣ сарфароз гардонда буданд.
Устод Юнусов узви Иттиҳодияи Асосиатсияи рўзноманигорони ҷумҳурӣ буд.

Ёди ҳамкор, ҳамкасб ва устоду мураббии беназир гиромӣ бод!

Сабоҳат ИБРОГИМОВА,
муовини сардори шуъбаи
коркарди адабиёт.