Ёди некаш гиромӣ бод, омўзгори асилу педагоги сермаҳсулро!

Сайфуллоҳ Маҳкамов Аз таваллуди олими шинохта Сайфуллоҳ Маҳкамов 73 сол мегузарад ва се сол аст, ки дар миёни мо ҳузур надорад. Се сол пеш дар ҳамин моҳи май аз дори дунё рафт ва дар дили ёру ошно, шогирдону пайвандон доғҳои фузун гузошт. Фарзандонаш зиёда аз 400 китоб аз китобхонаи шахсии падарро ба Китобхонаи миллӣ туҳфа карданд ва ҳоло дар Толорои академикон ва докторони илм гӯшаи китобҳои олими варзида ташкил шудаву дар хидмати хонандагон қарор дорад.

Доктори илмҳои филология, профессор Сайфуллоҳ Маҳкамов  22 майи соли 1950 дар деҳаи Патруи ноҳияи Шаҳринав дар оилаи марди деҳқон ба дунё омадааст. Таҳсилро дар Мактаб-интернатҳои ҳаштсолаи ноҳияи Шаҳринав ва миёнаи №2 (шаҳраки Калинин)-и шаҳри Душанбе гирифтааст. Соли 1968 Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ба номи С. Айнӣ)-ро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Фаъолияти кориаш аз соли 1968 ба ҳайси сарвожатии мактаби миёнаи №30 (ҳоло рақами 3)-и ноҳияи Шаҳринав оғоз ёфта, баъдтар ҳамчун муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик кор мекунад.  Аз соли 1987 то моҳи майи соли 2020 дар Донишкадаи марказии такмили ихтисос (ҳоло Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф) ба вазифаи мушовири кабинети забон ва адабиёти тоҷик ва мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ кору фаъолият намудааст.

Соли 1990 дар мавзуи «Консепсияи шахсияти занон дар достонҳои ҳамноми «Лайлӣ ва Маҷнун» (асрҳои ХУ1-Х1Х)» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, номзади илми филология мешавад.

Моҳи апрели соли 2019 диссертатсияи доктории худро дар мавзуи «Идейно –художественные особенности любовно –романтических поэм в персидско –таджикской литературе XV» дар Шўрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ҳимоя карда ва соҳиби дипломи докторӣ гардидааст.

Дар фаъолияти эҷодиаш омўхтан ва тарғиб кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ мавқеи хоса дорад. Дастурҳои методии ў – «Нури зиёбахш» (бо ҳаммуаллифии Ш. Иброҳимова) (2004), «Зани ҳунарманд», «Таҷрибаи ибратбахш» (2006), «Дастони моҳир ва гулдўзӣ», «Чароғи маърифат», «Нурҳои маърифат» (2008) ва «Муаллимаи соҳибтаҷриба» (2009) ба таҷрибаи пешқадами педагогии як қатор омўзгорони фаъолу пешқадам ва иштирокчиёни озмунҳои минтақавиву ҷумҳуриявии «Муаллими сол» – Мунирҷон Аминов (муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и ноҳияи Қистакўзи вилояти Суғд), Норинисо Ҳайдарова (роҳбари маҳфили «Дастони     моҳир»-и Маркази эҷодии наврасону кўдакони ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе), Ҳуронбӣ Раҳмонова (муаллимаи фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва забони давлатии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе), Ҷаъфар Комилов (муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Тавилдара), Адолат Тўхтасинова (муаллимаи фанни забонҳои хориҷӣ (англисӣ)-и гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ) (бо ҳаммуаллифии М. Ҳамидова) ба ҳаёт ва фаъолияти омўзгорони кафедраи фанҳои гуманитарии ДҶТИБКСМ бахшида шудаанд.

Сайфуллоҳ Маҳкамов барои хидматҳои назаррас бо якчанд ифтихорнома, нишон ва медалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди Шўравӣ сарфароз гардидааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи ноябри соли 2022 фарзандони баору номус, худшиносу меҳанпараст ва ҳалиму хоксори шодравон Сайфуллоҳ Маҳкамов Парвизу Эраҷ ва Марҳабою Наргис китобхонаи шахсии падари бузургворашонро барои истифодаи умум ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» туҳфа намуданд.

Айни замон дар «Толори академикон ва докторони илм»-и Китобхонаи миллӣ гӯшаи доктори илмҳои фолология, профессор Сайфуллоҳ Маҳкамов ташкил карда шудааст, ки зиёда аз 400 нусха адабиёти соҳаҳои гуногуни илмро дар бар мегирад.

Ба қалами ў 5 монографияи илмӣ – «Концепция личности женщин в одноимённых поэмах «Лайли и Меджнун» (ХУ1-Х1Х вв.) (1993, ба забони русӣ), «Офариниши симои инсон дар достонҳои ҳамноми «Лайлӣ ва Маҷнун» (1995), «Научно-методические основы изучения любовно-романтических поэм персидско-таджикской классической литературы в школе» (2006, ба забони русӣ), «Асосҳои илмию методии таълими достонҳои ишқии романтикии адабиёти классикии форсу тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2007) ва «Хусусиятҳои услубӣ ва бадеии маснавиҳои ошиқонаи достонии форсии тоҷикӣ дар асри XV»;  6 асари бадеӣ – «Тўмори қарз», «Ситораи Тахор», «Патруи ман» (2000), «Дармонгоҳи Сабо» (2002), «Хонаи умед» (2003) ва «Шаҳри дилоро» (2004); 8 китоби дарсӣ – «Забони давлатӣ» (тоҷикӣ) барои синфҳои 2-7, 10-11 (2007-2010); 6 барномаи таълимӣ (барои омўзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва забони давлатӣ (тоҷикӣ) (1992-2010);   59 дастури методӣ, аз қабили «Дафтари машқи Алифбо» (форсӣ), «Таълими достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун» дар мактаб» (1994),  «Тарбияи маънавии хонандагон ҳангоми бозиҳои шавқовар дар мактаб», «Таълими «Дувалронӣ ва Хизрхон»-и Амир Хусрав дар мактаб» (1997), «Достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомӣ ва таълими он дар мактаб» (1999), «Қонуни забон ва татбиқи он», «Таълими шеъри Боқӣ Раҳимзода «Муаллим» дар синфи V» (2002), «Пурсишҳо барои озмуни тестӣ аз ҳаёт ва эҷодиёти М. Турсунзода», «Луғати мухтасари тоҷикӣ-ўзбекӣ», «Аҷдодони мо» (2005), «Чанд маслиҳат оид ба усули таълими забони тоҷикӣ дар синфҳои ғайритоҷикӣ», «Ориёиҳо ва корнамоиҳои онҳо», «Истифодаи асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни таълими фанҳои гуманитарии мактабҳои таҳсилоти умумӣ», «Калиди ганҷҳо», «Бозиҳои шавқовар дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик», «Омўзиши ҳаёт ва эҷодиёти Рўдакӣ дар мактаб», «Забони мо – ҷаҳони мо» (2008), «36  филворд», «Омўзиши ҳаёт ва эҷодиёти Имоми Аъзам дар мактаб», «Раҳнамои Имоми Аъзам» (2009), «Маҷмўаи диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои У-1Х)» (дар ҳаммуаллифӣ, 2010), «Ранҷи муаллим» (тавсияҳои методӣ), «Мақоми ду мавзуи муҳим дар маснавиҳои ошиқонаи достонии асри XV» (2011), «Луғати мухтасари тоҷикӣ – русӣ – ўзбекӣ – англисӣ» (2012), роҳҳои баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва такмили ихтисоси омўзгорон  (2020), рисолаи «Сафари Ҳаҷ» Душанбе 2019 ва дар солҳои гуногун беш аз 700 мақолаи ҷудогонаи илмиву методӣ ва адабиву оммавӣ мансуб мебошад.

Сайфуллоҳ Маҳкамов 10 майи соли 2020 бо сактаи дил аз олам гузашт.

Мудири бахши
китобҳои махсус
Ҷўраева Бибираъно