Ёди Сайф Раҳимзоди Афардӣ. Порае аз қиссаи “Падруду пайғом” (Бахши дуюм)
Шохаҳои пургули себ болои кати мўйсафед фаромада буданд. Остинҳои сафеди шохаҳо қариб ба сари мўйсафед як шохаи остинсафедро шикаст ва пеши чашми мўйсафед бурд.
– Ин чист? Шохи набот аст!
-Шохаи себи шукуфта.
-Чаро шикастӣ? Э!
-Болои чашмат фаромада буд.
«Баъд палтои нави оҳариашро ба ман дод, ҳаво сард мешуд , вале барф набуд. Не гуфтам, нагирифтам. Маҷбур дод. Бигир, гуфт, ба қади ту баробар аст».
Аз хона келини мўйсафед баромад. Рўи дасташ дастурхон дошт. Вазнин қадам мемонд. Ҳомиладор буд. Буқаро об дода будӣ? –пурсид писари мўйсафед.
-Не ҳолӣ об надодам!-гуфт келини мўйсефед.-Ҳозир мебарам.
– Ба тўи мўйсафед тайёрӣ мебинем,-гуфт писари мўйсафед ва аз ҷой бархост.-Мон, худам мебарам. Чоя биёр.
«Падарам баъди як ҳафта буқагов харида овард. Оббо, дилат аз санг будааст, гуфт модарам ва ба синҷаки дар нишаст ва зонувонашро каф зад; дока аз сараш лағжид, пичаҳои сафедаш ба рўй афтоданд: панҷоҳу як сола буд, «чор фарзанд дар рўи хок, ёздаҳ фарзанд дар таги хок» ва як фарзанд дар шикам дошт, ҳомиладор буд.
Ва бародарам он қадар дилсўзие ба ў дошт, он қадар меҳрубониҳое ба ў мекард!… Вақте дору мехўрд, ки ў дар хона набошад…»
«Соли нав омад… Шаби якуми январ соаташро ба ман дод.Бандашро накушод, ҳамин хел озод баромад, дасташ дасти кўдак барин хурд буд; гуфт, ки сагакашро бикушоям.Кушодам, гирифту дар дастам баст… Модарам рўяшро пўшонд…
Набераи бобо тугмаи зангро сар дода, аз ақиби падараш пеши буқагов мерафт. Буқагов дар таги зарбед буд, ҷарангоси канда-кандаи соат ба вай асар кард. Хашмгин шуд.Ба танаи дарахт шох мезаду май мекашид…
-Ҳамин ҳолӣ аз хоб хестем? Рўз аст?
Мўйсафед чашмонашро накушода ҳарф мезад.
Ниҳоят ману ў танҳо мондем.
-Не, бобо, ҳоло бегоҳ аст!
-Нахо! Қосим маро аз хоб хезонд?!
-Барое ки бегоҳони хоб будан хуб нест.
-Вақти хуфтан нарасидааст?!
-Не бобо, вақти говгум аст.
-Ту кийӣ!
– Мардони бачаи бобои Расул, набераи момаи Хиромон, додари…
Набераи момаи Хиромон! Момата дар ёд дорӣ?! Хурд будӣ, он вақт, момат дар раҳ мурд, вақти кўчида омаданамон дар болои мошин мурд… Гапамро аз даҳонам гирифт. Номи ў дар забонам монд! Хозир бешоҳидам.
Бигўям, нагўям … Вале муйсафед ҳоло ҳарф мезанад. Агар хомўш шавад… Забонам карахт шуд.
– Қушқори мо ҳам дар ёдат нест?-пурсид мўйсафед .
Ман нагуфтам, ки момаам дар ёдат нест. Ман ўро надидаам.
–Қушқори мо ҳам дар ёдат нест!…
– «Не».
…қушқори ҷангӣ буд. Шохзан буд. Бадфеъл буд. На калон монду на хурд. Ҳар кас аз ў осебе дида буд.
Кудакони ҳаққу ҳамсоя талхакаф. Не, мебастемаш, вале арғамчинҳои пашмӣ ва бандҳои ғафси каинӣ дер намепоид. То занҷир ёфтем, ки нисфи мардум аз мо хафа шуданд. Занҷирбандаш кардам. Гумон доштам, ки халос шудем, акнун ором мегирад! Не, ғалат кардам…
Не, ёд надорам ҳеҷ кадоми онҳо дар ёдам нест! На қушқори ҷангиро медонам, на момаам дар ёдам аст. Мўйсафед гумон мекунам, ким ан ҳамаи инро ба чашми худам дидаам. Писари мўйсафед куҷо шуд.
… момаат сахт дўстат медошт. Он қадар, ки ман қушқорамро. Вале кампир аз ҳақ мегузаронд. Чўҷа воре сари ту ҳамеша аз зери оринҷаш баромада буд, ҳар куҷо, ки мерафт, туро мебурд…
Ба худо ин ман нестам! Ин шояд ў бошад Ту кўдакии ўро мебинӣ, бобо!
…занҷирро наканду мехро канд…Ҳамон лаҳза, Ту дар таги кашаш, момаат аз хами раҳ баромад. Қушқор сари момаи ту ҳамла кард. То расидам, ки ғалтид. Ту дуртар аз ў мехобидӣ… Момаат аз ҳар ду пои ақиби қўшкор гирифта буд; метарсид, ки туро мекушад. Агар наметарсидам, момаи ту яқин мемурд ва ту ҳам… ман ҳам …аз дасти падарат… Падарат қушқори маро кушт; гуфтам, ки мекушам, не-гуфт, ба дасти худ кушташ…Шохҳои тобдори базед дошт. Аз боло овардам, напартофтамаш. Ҳолиям ҳаст…
Набераи бобо гиря кард. Ҳуши мўйсафед парешон шуд. Падараш ўро бардошта меовард. Соати вайрона дар дасташ буд, маҷақу шикаста. Буқагов соатро пахш кардааст, симҳо баромада ва чархакҳо рехта. Падараш ўро ором мекард.
«Шаби бисту ҳаштуми январ гуфт, ки биё дар паҳлуям дароз каш. Паҳлуяш дароз кашидам.Гуфт, ки баъди мактаб куҷо меравӣ? Гуфтам, шояд ин Институти театрӣ. Гуфт, хоҳишам буд, ки туро ба шўъбаи журналистика бубарам. Овозаш паст буд, дигарон намешуниданд. Хамаи мактубҳоеро, ки аз шаҳр мегирифт, ба ман дод… Соати ҳашти субҳ «як дасташро аз таги болопўши сафед « баровард ва хира-хира ба ман нигоҳ карду падруд гуфт. Чуноне ки пушти тирезаи самолёт пеш аз парвоз даст ҷунбонда падруд мегўянд…Бобои Муҳиддин баъдҳо гиребонашро мегирифту мегуфт, ки “сад бор ҷон додани одамиро дидаам, вале ин сабукӣ ва зебоӣ гузаштани одамро надида будам»
-Ҳоло бегох аст!
-Ҳа, бобо.
-Шаб нест?
-Не, бобо.
-Ман. Гуфтам, шаб аст, охири шаб аст, маро Қосим бедор кард.
-Не, бобо, шом аст, аввали шаб аст.
-Ту шаб мемонӣ, ҳамин ҷо хоб мекунӣ?
-Не бобо, хона меравам.
Чашмони мўйсафед боз аст. Вале намебинад… Ва ҳушаш парешон аст. Писараш болои сари ў истодааст. Кати чўбин ва мўйсафед дар ториқи оҳиста-оҳиста ғарқ мешаванд. Фақат риши сафеди ў ва чашмонаш охирин шарари худро ба торикӣ меафканад, риши сафеди ў торикиро аз пеши рўяш ҷорўб мезанад ва ҳам маргро… Ман чизеро дар онҳо намебинам… Нам доранд чашмонашон, вале дидан надоранд…
«Телеграмма фиристодем, ки ҳамкурсонаш биёянд. Онҳо шаб, соати як расиданд, як автобус… Барф намеборид. Вале хонаи мо сард буд. Зимистон. Гунҷишкакон дар шохҳои дарахтони мо наменишастанд. Саҳар ҳама сари гўраш рафтем. Бўи хок, хоки сард… ва одекалон. Студентон мегиристанд. Гиряи мардона, тоҷикона… беовоз, шонашикан… Баъди аз пушта фаромадем, барф омад. Шабеҳи шапалакҳо буд, калон -калон, сафед- сафед меомад. Омад ва шохаҳои урёни тути ғамгин нишаст, ба пустӣ сияҳи буқагов нишаст, ба рўи одамон нишаст, ба сари саги бехи шола нишаст, ба калаи нимхоидаи буқагов нишаст… Ба автобус нишаст, ба шишаҳои автобус нишаст… Модарам дар нишастгоҳи пеши автобус буд. Ду кас аз духтарон ўро дар миёна гирифта буданд; дарди фарзанди рафта ба дарди фарзанди меомада мепечид… Духтарон аз пушти шишаҳо нигоҳ мекарданд. Нигоҳашон барфолуд буд. Модарамро ба таввалудхона мебаранду баъд ба Душанбе мераванд Автобус гирён шуду рафт; ҳама барфҳо чу шапалакҳои мурда ғарам шуданд, ғам шуданд, тарма шуданд ва ба сари ман рехтанд… Кош дар ағба барф баланд набошад!…»
-Бобо, куҷотон дард мекунад?
– Ягон ҷоям дард намекунад Ҳеҷ дарде надорам, магар пирӣ! Маргам расидааст. Аҷаб пирии бедарде! Тобам тавони ман аст, тавон, ки надорам бетобам.
Тамом. Нигоҳи мўйсафед аз чизе ба шўр омад… Пар кашид, вале дур нарафт, чу мурғи пир ба шохи дарахт нишаст. «Мабодо, тобутамро аз беди ҳамсоя бисозанд!» -гуфт мўйсафед зери лаб.
БАХШИ АВВАЛИ ПАДРУДУ ПАЙҒОМ
https://kmt.tj/jodi-sajf-rahimzodi-afardy-porae-az-issai-padrudu-pajgom/
(Идома дорад)
Таҳияи Рисолат Шералиева, корманди шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ.