Ёди Сайф Раҳимзоди Афардӣ. Порае аз қиссаи “Падруду  пайғом” (Поёнаш)

Муйсафед худро нафрин кард Сахт шармид. Гумон кард рўҳи Хиромон безобита шуд; руҳранҷиш хуб нест. Мўйсафед ҳинҷорро аз даст дод. Хиҷолат дар авзову дар овозаш давид…

Мӯйсафеда дигар ҳушаш намондааст, – гуфт писари мӯйсафед.

Ҳа гуреза!” –Ин овози падарам аст. Баъди ҷустуҷўҳо дар шаҳрҳои дур маро дар Чубак ёфтааст. Ман инчо пардаҳои суратгарӣ месозам, таҳранг мезанам ва ба рўи онҳо манзараву суратҳои аҷоибтарин лаҳзаи филмҳои навро мекашам. Рафтем, гуфт. Чамадони сияҳи калон дар пушташ буд. Шинохмат! Чамадои бародарам! Ҳамин чиз маро нигоҳ дошт. Дилам ба падарам сўхт. Нагурехтам. Ба суроғи ман ба Душанбе рафтааст.

Хамкурсони ўро дидааст!

Баҳор асту борон нест. Падарам пешопешу ман аз қафо ба ҳавлӣ медароем… Вақти гулафшон аст ва модарам гулҳои бехи себҳои пеши суфаро мерӯбад. Чамадонро бар дўши падарам диду шинохт. Ҷоруб аз дасташ афтид. Гум будану пайдо шудани маро фаромўш кард… Вориди хона шудем ва чамадонро дар миёни хона модем… Модарам дар бехи гаҳвора нишаст, пистон ба даҳони додарам гузошт… Падарам калидро аз шонадони худ баровард… Ба умеде, ки чанд суратаке аз он мебарояд, пеши чамадон нишастам. Не, ягон сурате дар он набуд. На таги чамадон монд, на миёнаи варақҳои китоб, ҳамаро дидем. Ёфт нашуд…

Чанд сол аст дар  ҳама ҷо ва аз ҳама чиз сурати ўро меҷўям. Мегӯянд, одами пир дар дами марг аз ҳар касе ёд кунад, сурати ў дар чашмаш ҳувайдо мешавад; ин мўйсафед охирин пиракии деҳа аст, шунидам, ки нияти сафар дорад, пешаш омадаам ва ба чашмонаш менигарам…

Ота, ку ягон гап бигў, ин мардак аз раҳи дур омадааст! – гуфт писари мўйсафед.

Худо, бандат бигирад!-гуфт мўйсафед.

Ман хомўш мондам. Гапи мўйсафед каҷ рафт.

Писари мўйсафед худро нафаҳмида ангошт. Нафси ман харош наёфт. Одами пир, гаҳ бахуду гоҳ бехуд. Иштибоҳи хаёл аст ё ғалати забон. Яъне, ба сабукӣ ҷон бисупорӣ, ҷонат сабук мебарояд. Дуои нек. Ягон вақт даркор мешавад. Вале ман бо ин суханҳо барнамехезам. Бояд суханони охирини ўву ман ин бошад.

– Бобо, дилатон чӣ мехоҳад?-мегўям ба ў

-Ҳеҷ чиз, бачам.

Чашми ў кам мебинад, гўшаш кам мешунавад. Ба чашмаш наздик мешавам ва овозамро баланд карда бо ў гап мезанам. Мўйсафед аз заъф гапамро ба мушкилиҳо мешунид.

-Ҳар чи ки дилатон мехоҳад, бигуед, бобо, пайдо мекунем!

-Ё касалхона бубарам!

-Не бачам, Ҳаштоду ҳаштсола шудам, як рўз ё ду рўз зиёду кам зистан чӣ маъно дорад, бас аст, аз роҳам нагардонед, умри шумо дароз бод!

Мўйсафед ҳушёр мешуд, ҷон тоза мекард. Боз чанд лаҳзаи дигар ҳушёр мемонам ғубори чашми мўйсафед пароканда мешуд.

  -Бобо,  ҳамин лаҳзаҳо чиро мебинед?

 -Дарахт мебинам, дарахте, ки ғарқи мева аст…

Шапалаке омаду ба пешонаи мўйсафед нишаст. Себ ларзид, барги гулҳои себ ба рўи мўйсафед рехт. Набераи мўйсафед тарсид.Чархаку винтакҳои соаташро партофту худро ба бағали ман андохт. Ўро ба замин фаровардам. Чашмони мўйсафед равшан мешуданд. Он қадаре, ки худро дар он равшан медидам ба гумонам мўйсафед қад мекашид…

Муйсафед раҳакӣ шуд!-гуфт писари мўйсафед.

Ман ба чашмони мўйсафед нигоҳ мекунам, вале худро мебинам. Шояд ин сурати бародарам аст! Охир, ў он вақт бисту ду сола буд, аз ман ҳафт сол калон буд, ман ҳозир аз ў ҳафт сол калонам, шояд ў дар сисолагӣ он суратеро пайдо мекард, ки ман дар чашми мўйсафед мебинам. Мо ҳарду чи қадар монандем!

Ота, ку ягон чиз бигў! Ин мардак аз роҳи дур омадааст!-гуфт писари мўйсафед

Отаву момата дидам, мегум, омада будӣ

– Агар бародарамро бубинӣ… “Бигў ки ман омада будам ва маро дидӣ. Биғу ҳамон таврест, ки ту орзу мекардӣ,бигў, ки ҳамон одаме дидам дар ў, ки ту худ мебоистӣ шуд, бигў ки Сарвиноз ҳоло ҳам шавҳар накардааст, пичаҳояш сафед шуданд, бигў, ки аз тутҳои пайвандиатон ҳоло ду тана мондааст, мардум вақҳои тангии пила ҳам як барг аз онҳо намезананд, бигў, ки билети студентии ў дар дасти ман аст, бигў, ки Мадисуф аз девори пушти мактаб, онҷое, ки дар таътил девор зада будӣ, қуттии сигарету гўгирдатро ёфта ба хона овард, бигў ки модарам дигар намегиряд, зиқ нашавад, сиҳату саломат таввалуд кард, ҳоло ў калон шудааст, бигў, ки қабратро намеёбанд; чӣ қадар гапҳое дорам… ва боз бигў, ки ту маро дидаву нашинохтӣ, гумони ў кардӣ ва ҳама он чи ки ба ў мансуб буд, аз ман донистӣ ва ба ман гуфтӣ…” бигў, ки додарат салом гуфт…

Набераи бобо чархаки соатро сахт мечархонд, мечархонду тоб медод, дандонаҳои нозуки чархак вақти чархидан медурахшиданд, то оне, ки ҳаракат мекард, рост буд, чархиданаш, ки заиф шуд, дарҳол меафтид, ба паҳлў мезад ва мехобид…

Набераи бобо чархаки хурдакакро мечархонд ба чархидани он нигоҳ мекарду завқ мебурд. Механдид.

Бичархон, додарам, чархаки дунёчаи худро бичархон!…

Поёни қисса
Соли 1982

Таҳияи Рисолат Шералиева, корманди шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон
маҳдуди Китобхонаи миллӣ.