Ёди ту оташест…

Кароматуллоҳи ҚурбонБаҳору  зимистон меояду  меравад, солҳо бошитоб мегузаранд, зиндагӣ дигар мешавад. Баъди сари мо ҳаёте, ки бесарусомонӣ, ғурбату кулфати дунёро борамон карда буд, барои ояндагон ҳар лаҳзааш чун фасона хоҳад  монд. Ва  яқин маргу зиндагии ҳофизи маҳбуби тоҷик, овозхони ҷавонмарг Кароматуллоҳи Қурбон қиссаи ғамангезе хохад шуд, ки модаркалону бобоён фардо барои набераҳояшон ҳикоят мекунанд.

Кароматуллоҳ сода буду самимӣ  мехонд. Ва таронаҳояш пайки ишқ буду суруди зиндагӣ. Хандаи  тифлонаи ӯ  ҳадяи тифлон буд, суруди ошиқонааш барои ошиқон.

Чун дар саҳна намудор мешуд, пеши пояш гул мерехт. Мухлисон, дӯстдорон, ошиқони  навою садои ӯ ҳама гӯшу ҳуш мешуданд, садои зебояш, таронаҳои мағубаш ҳамаро сеҳр мекард, моту мабҳут мешуданд.

Аммо шуҳрат ӯро дигар накард, хоксор буду хоксор монд. Муҳаббати мардум, ишқи ҳамаи онҳое, ки омода буданд ҳар лаҳза гулборонаш кунанд, ҳамеша дар умқи синааш буду монд. Ӯ бо мардум буд, барои мардум мехонд, хурду калон барояш баробар буд…

Худоё, чӣ қадар сангин аст ёди ҳунарманди ҷавонмарг

Кароматуллоҳи  Қурбон. Чӣ андоза гарону дарднок аст, андешаи он ки ӯ дар байни мо нест, оне ки ҳоло хеле ҷавон буду дар айни камолоти ҳунар  қарор дошт. Ӯ бо ҷавонӣ рафт ва барои ҳамагон ҳамешаҷавон монд…

Дар ин солҳое, ки бо мо нест, дар борааш китоб-китоб хотираҳо чоп шуданд, мухлисонаш навиштанд, мунаққидони санъат таронаҳояшро арзёбӣ карданд, дӯстонаш хотираҳои худро рӯи коғаз оварданд…фарзандону пайвандонаш гуфтанду навиштанд. Аммо ҳар касе бихоҳад боз чизе бинвисад, бидуни такрор метавонад нависад. Чун Кароматуллоҳ дарёи илҳом буд, кони суруд буду хазинаи шеъри ноб, дӯсти бекина буду инсони саропо меҳр.

Кароматуллоҳи Қурбон аз овони хурдӣ бо таъсири муҳити оила ба санъати  мусиқӣ  таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, бо тараннуми  суруду таронаҳои мардумӣ ва оҳангҳои ҳунармандони маъруф ба ҷодаи ҳунар  нахустин қадамҳои худро гузошт. Дуторнавозию замзамаҳои падар, сурудхониву навозишҳои бародар меҳри ҳунарро дар дили Каротуллоҳи  кӯчак  қавитар месохтанд. Ин дилбастагӣ буд, ки ӯ ба Донишкадаи санъати шаҳри Душанбе шомил шуд. Солҳои донишҷӯӣ бо омӯхтани нозукиҳои санъати касбии мусиқӣ дар бунёди коҳи ҳунари худ таҳкурсии   устуворе  гузошт.

Нексиришт буд, Кароматуллоҳ. Варо Худо барои некӣ ва накӯкорӣ офарида буд. Умри дароз надид, вале ҳамин зиндагии кӯтоҳаш  саропо аз ишқ буду аз муҳаббат, аз самимият буду аз одамият. Зебопараст буд ӯ, чун қалбаш зебо буд. Муҳаббате, ки Кароматуллоҳ ба дунёи нотакрори санъати волои  Машриқзамин, бахусус  кишвари афсонавии  Ҳиндустон дар дил мепарварид, баъди сараш низ ҳамчун ёдгоре аз умеди дили бузургу пурорзуяш боқӣ монд. Пои Кароматуллоҳ ба Ҳинд нарасид, вале чун нишони муҳаббат ба ҳунари воло номи нахустфарзандашро Муҳаммадрафеъ гузошт, исми ҳамон булбули хушнавои Ҳинд, ки дар аксар филмҳои ҳиндӣ таронасароӣ мекарду Кароматуллоҳ мафтуни созу садои ӯ буд ва таронаҳояшро дар маҳофили дӯстон замзама мекард. Ва чунон зебо месуруд, ки ту гӯӣ ин ҳамон Муҳаммадрафеъи ҳиндуст.  Фарзандони дигарашро Сахиву Нозия номид: номҳои шоирона, нодир. Чун худи ӯ нодиргуфтор буд.

Пои ӯ ба кишвари орзуҳояш нарасид, вале Нозияи ӯ роҳи падарро тай кард, солҳо дар Ҳиндустон ҳунар омӯхт…

Аммо умраш кутоҳ буд. Ҳанӯз ҳам ёд дорам, ки сивуяк сол пеш, аниқтараш 17-уми октябри соли 1992 ҳадафи тири душманони миллат қарор гирифт. Таронасарои муҳаббат бо ҳамон суруди муҳаббат бар лаб, бо ҷумла дӯстону шогирдони ҳунармандаш аз тири касоне ҷоми шаҳодат нӯш кард, ки намедонистанд тарона чист ва чаро онро мехонанд…

Меҳан ҳавои мотам дошт. Мардуми зиёде ба дидаҳои ашкбор, синаҳои абгор, ва хайрбодгӯйиҳои зор-зор бар мотами ҳунарманди номи тоҷик  Кароматуллоҳи  Қурбон  нишастаанд. Падару  модари ҷигаркабоби ӯ, дӯстону наздикон, ҳаводорону мухлисони ӯ Кароматуллоҳи азиз, Қаромуллоҳи  пурармонро,  ки  додараки ширинаш Наврӯз ҳам бари тобути бародар абадхуфта буд, ҳампешагонаш Абдурраҳмону Фаридро, Ҷамолиддину Дилоромро ба роҳи бебозгашт гусел карданд. Маҳшар буд он рӯз, балки рӯз  набуд он рӯз, шаб буд, шаби зулмонӣ…

Хаёлам  ҳама бурҷу бораҳо, чашми ситораҳо гиристанд. Аз санг, аз об, аз дил ва аз ҳама тоҷику Тоҷикистон нола бархост. Дилҳо об шуд, ҷигарҳо кабоб.

Ай Кароматуллоҳ, ки аз каромоти ту сер нашудем, зи таронаҳои дилангези ту, овози садои  маҳини  ту сер нашудем, басо дер омадӣ ба олами санъат ва басо зуд рафтӣ аз ин саҳна…

Худоё ! Зиндагӣ чӣ бевафост, қотилонро чӣ ҷазост ва нангу намуси миллат куҷост! Куҷост, ки ҳама ҷавонмардони миллат мемиранд! Магар маҳви миллат, марги  халқ аз куштани нобиғаҳои он, аз марги фарзандони барӯмандаш барнамеояд!.Данг-данг мекубам ба дарат, ай тақдири сиёҳ! Бас дигар,бас дигар, ки ҳама пуштаҳо аз куштаҳо пур шуд. Толеи  сафед деҳ,  умед  деҳ,  халқи  маро! Миллати  маро.
Падрӯд, ай ишқи сафед, ай ошиқи дур! Ба ҷои ту дили  шабҳои  ялдои ватан, таронаҳоят, сурудҳоят ва нишони нишонҳоят мезанад бонги сурур!

Ҳамин тавр хислату фазилатҳои неки инсонӣ  тавъам ба ҳунари волояш ӯро маҳбубу азизи ҳар фарди соҳибдил гаронд, маконаш  дилу дидаи мардум гащту номи некӯят вирди забонҳо.

Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй,
Дар синаҳои  мардуми  ориф  мазори мо.

*****     *****     *****

Эй дӯст, дар ин пуштаи ғамбор бигирям,
Борони баҳорам, ки ба такрор  бигирам,

Як бори дигар хандаи гулҳои саҳар шав.
Бинвоз навое, ки дилафгор бигирям!


Салима ОДИНАЕВАСалима ОДИНАЕВА,
мутахассиси шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.