Ёдномаи кутоҳи аз як сарбози ҳамешапирӯз

ГУРЕЗ ДЎСТОВГУРЕЗ ДЎСТОВ: Истиқоматкунандаи деҳаи Оқ – Қўрғони ноҳияи Рӯдакӣ. Соли таваллудаш 1923. Моҳи ноябри соли 1941 ба фронт рафт. Вай пеш аз он ки вориди майдони ҷанг шавад, аллакай медонист, ки бародарбузургаш – Маҳмуд дар ин набарди хунин ҷон бохтааст. Аз сӯе ҳиси қасоси хуни бародар ва ҷониби дигар озодии хоки Ватан ӯро водор сохт дар ин майдон қаҳрамонона биҷангад.

Фармондеҳаш дар ҷабҳа Баграмян буд. Дар давраи хизмат аз нишонгири одӣ то ба командири бахш, инчунин бо рутбаи старшина то вазифаи ёвари фармондеҳи взвод расид.

Дар озод намудани шаҳри Петрозаводск саҳм гирифта, ҷангро дар Кёнинсгберг (олмонии Königsberg – шарқитарин шаҳри бузурги Олмон то пеш аз пайваст шудан ба хоки Иттиҳоди Шуравӣ дар поёни Ҷанги дуюми ҷаҳон буд) ба итмом расонида бошад ҳам, дар ҷанг зидди миллитаризми Ҷопон бо амри дил ширкат кард.

Дар баробари  ордену медалҳои ҷангӣ, сипосномаҳои  Сарфармондеҳи Олӣ, қумондонҳо Баграмяну Василевскийро низ соҳиб шуд.

Соли 1945 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз хидмат баргашта, аввал ҳисобчӣ, сипас се сол сардори бригада, чор сол котиби кумитаи ҳизбии совхози « Варзоб», се сол раиси комиссияи тафтишотӣ, баъдтар ҷонишин ва сипас раиси ҷамоат буд.

Баъди ба нафақа баромаданаш иморате сохта, онро ба китобхона табдил дод ва то охири умр мудири он китобхона буд.

Ёдаш ба хайр!
Садбарг Дӯстова