Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба Директори Китобхонаи миллӣ муборак!
Дар доираи ҷашни Рӯзи матбуот зумрае аз рӯзноманигорон ва қаламкашони маъруфи кишвар бо ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла: бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ бахши матбуот:
- Робия Холмирзоева
- Ҷумахон Файзализода
- Мухтор Абдуллоев
- Амрулло Забиров
- Луқмонҷон Қурбонов
- Алишери Абдумаҷид
Ҷоизаи Воҳид Асрорӣ(барои донишҷӯён)
- Руҳавзо Муродова
- Олимҷон Раҳмонзода
- Мунавваршо Разоқов
- Гулбаҳор Элчибекова
- Абдуҷабборзода Шаҳзода
Ҷоизаи Асадулло Саъдуллоев барои нашрияҳои беҳтарин.
- Паёми Истаравшан
Сарфароз шудани директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ба Ҷоизаи Иттифоқи журналистонро самимона муборакбод мегӯем.
Устод Ҷумахон Файзализода на танҳо як профессори соҳаи равоншиносӣ мебошанд, балки аз ҷумлаи қаламкашоне низ ҳастанд, ки солҳои сол барои шинохтатарин нашрияҳои кишвар мақолаҳои ҷолиби таҳлилӣ менависанд ва дар таблиғи сиёсати фарҳангиву маърифатии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми сазовор мегиранд.
Як хидмати хуби устод Файзализода дар такмили сомонаи расмии Китобхонаи миллӣ аст, ки ҳар моҳ бо бештар аз 200 гузоришу мақола бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ фазои иттилоотии кишварро рангин мекунад. Ҳар моҳ дар ҷаласаи назоратии назди директори Китбхона як бахши муҳим барарсии фаъолияти шуъбаву бахшҳо дар сомона мебошад. Тибқи гузориши ҳармоҳаи масъули сомона директор натиҷагирӣ карда, барои фаъолтар шудани шуъбаъо дар таблиғи фаъолияти худ ва китобу китобхонӣ дастурҳо медиҳанд. Маҳз ҳамин гуна назорати ҳамешагӣ ва таваҷҷуҳи хос аст, ки кулли бахшу шуъбаҳои Китобхона дар кори таблиғи ин бахши муҳими сиёсати давлатӣ нақш мебозанд.
Ғайр аз ин Китобхонаи миллӣ дорои маҷаллаи тақризшавандаи “Паёми Китобхонаи миллӣ” мебошад, ки соле чор маротиба мунташир мешавад ва беҳтарину пурарзиштарин мақолаҳои таҳлиливу илмии соҳаи китобшиносиро пешкаш мекунад.
Ин аст, ки ба Ҷоизаи Иттифоқи журналистон сарфароз шудани профессор Ҷумахон Файзализода иқдомест шоиста ва қадршиносии суханвар, суханшинос ва як мақоланависи касбист.
Б.Шафеъ