Ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» ба директори Китобхонаи миллӣ
Дирӯз, 27 – уми январи соли 2026 дар Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва қадрдонии ғолибони озмунҳои соҳавии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 баргузор гардид, ки дар он беш аз 150 нафар ҳавасманд гардонида шуданд.
Дар маросими мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, донишҷӯён, ғолибони ҷоизаву озмунҳои дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2025 эълон гардида иштирок намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ профессор Ҷумахон Файзализода барои фаъолияти босамар дар самти илму фарҳанг ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, мусоидат дар татбиқи босамари сиёсати ҷавонон, фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки фаъолонаи онҳо дар ояндасози кишвар ва ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ташаккул додани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллии насли ҷавон бо ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» аз ҷониби Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Бояд гуфт, имсол аз ҷониби комиссияи босалоҳият 16 нафар беҳтаринҳо ба ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» сазовор гардиданд. Ҷоизаи мазкур бо мақсади қадршиносии хидматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат, адои қарзи ҳарбӣ, хидматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувийяти миллии ҷавонон таъсис дода шудааст.
Дар идомаи нишасти мазкур, ҳамчунин ба сардори шуъбаи менеҷмент ва маркетинги Китобхонаи миллӣ Мавзуна Орумбекова -барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва мусоидат дар татбиқи босамари сиёсати ҷавонон, фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки фаъолонаи насли ояндасози кишвар бо “Ифтихорнома” сарфароз гардонида шуд.
Сипас, дар қисми расмии ҳамоиш иброз шуд, ки таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати неруи эҷодӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи беҳтарин анъанаю ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат ба интихоби касбу ҳунар ва имконияти рушди ин соҳаи муҳим ниҳоят гаронарзиш буда, давоми соли 2025 новобаста аз шароити ҷаҳонии фарогир силсилаи ҳавасмандиҳоро барои ҷавонон амалӣ намуд.
Ҳамзамон 20 нафар ғолибони озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технологияю инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ қадрдонӣ шуданд.
Инчунин дар маросими ҷоизасупорӣ нафарони дигар аз рӯи номинаҳои «Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳу донишкадаҳо дар соли 2025“, “Ғолиби гранти ҳукуматӣ дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон дар соли 2025”, “Ғолиби гранти Ҳукуматӣ дар самти кор бо ҷавонон дар соли 2025“, “Беҳтарин корманди муассисаи тарғиботӣ дар соли 2025”, “Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025”, “Беҳтарин сохтори кор бо ҷавонон дар соли 2025” ва дигар номинатсияҳо ҳавасманд гардонда шуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби Кумита 12 нафар ғолибони озмун барои дарёфти стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қадрдонӣ гардиданд.
Зимнан, тазаккур дода шуд, ки ҷавонон ба унвони неруи созанда ва ҳалқаи мустаҳками пайванди наслҳои башар нақши муҳим ва рисолати бузурге дар ҷомеа бар дӯш доранд. Пешрафти ҷомеа бидуни саҳми ҷавонон тасаввурнопазир буда, шукуфоӣ, зебоӣ ва созандагиву беҳбудии зиндагӣ аз ҷавонон ғайрату матонати зиёд тақозо мекунад.
Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин насли ояндасоз баръало эҳсос гардида, сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат интихоб гардидааст.
Ёдовар бояд шуд, Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали фаъолият барои дастгирии насли наврас ва фароҳамсозии шароити хубу мусоид барои хондан ва аз худнамоии донишҳои замонавӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Аз ҷумлаи иқдомҳои пешгирифтаи Китобхона таъсиси курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад, ки метавонад замимаи хубе барои насли ҷавон гардад. Айни замон дар маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, олмонӣ, куриёӣ дар ду баст ба хоҳишмандон омӯзонида мешавад.
Наргис НАЗАРЗОДА