Ёрии методӣ ба Китобхонаҳои вилояти Хатлон

Як ҳайат аз ҷумлаи кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мудири шуъбаи библиографияи миллӣ Наргис Валиева бо сафари панҷрӯаи корӣ вориди вилояти Хатлон шуданд. Ҳадаф расонидани кумакҳои методӣ ба китобхонаҳои вилоят мебошад.

Бо тараққиёти илму техника ва технологияи муосир, баланд бардоштани савияи дониши китобдорон дар шароити зиёд шудани иттилоот, шаклҳои нави хидматрасонӣ, истифодаи навгониҳои технологияи муосир, инчунин тайёр кардани мутахассисони соҳаи китобдорӣ, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, хеле муҳим аст. Китобдорон дар баробари доштани дониши китобдорӣ бояд дорои донишу малакаҳои зиёди корӣ бо технологияҳои ҳозиразамон бошанд.

Чунки имрӯз дар фаъолияти китобдорӣ технологияҳои нави муосир, зиёдшавии талаботи истифодабарандагон, ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ба назар мерасад. Китобхонаҳои марказии шаҳрӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ ба масъалаи фаъолияти методӣ пайваста таваҷҷӯҳи хоса доранд.

Бинобар ин бояд фаъолияти методии китобхонаҳоро дар шароити имрӯза ба таври дилхоҳ ба роҳ монем. Аз ин ҷониб ҳайати кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мудири шуъбаи библиографияи миллӣ Наргис Валиева, мутахассиси пешбари Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ Нодиршоҳи Ҳабибулло, муовини сардори шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ Насиба Дониёрова барои расондани ёрии методӣ ба китобхонаҳои вилояти Хатлон ба муддати 5 рӯз сафарбар карда шуданд.

Китобхонаҳои вилояти Хатлон

Бо мақсади расонидани ёрии методӣ ҳайати гурӯҳ бо ҳамроҳи худ як қатор маводҳои чопии дастурҳои методӣ ва библиографии китобхонаро аз он ҷумла: “Ваҳдати миллӣ”: Феҳристи адабиёт”, “Донишномаи матбуоти даврӣ”, “Усулҳои нигоҳдории фонди китобхона”, дастури таълимӣ-методӣ, “Лоиқ Шералӣ: Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” ва ғайра  ҳамчун тӯҳфа пешкаш намуданд.

Гулбаҳор ҲОМИДОВА,  мутахассиси пешбари Маркази
таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ