Ёздаҳ номгӯй адабиёти тозанашри Чин ба Китобхонаи миллӣ расид
Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрўза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Ва беҳуда нест, ки китобхонаҳои бузург ва номдори олам боиси ифтихори тамоми инсоният ба шумор мераванд.
Эмомалӣ Раҳмон
Китобхонаи миллӣ ҷойи муқаддас аст, ҳар кӣ ба он ворид гардад, нури сафо мебинад, дурбину болидатабъ мешавад, донишманд, дар оянда ҳакиму мутафаккир берун меояд. Китобхонаи миллӣ, ҳамин хел, ба хонандагони худ беҳтарин, шоистатарин хислатҳо бахшида, ўро дар маънавият баркамол мегардонад, шояд дар дунё дигар ҳеҷ чиз ин дараҷа ба инсон меҳрубон набошад, чӣ хеле, ки китобхона садоқат карда метавонад. Вай хотираи халқ, абадияти маънавияти миллат ва умуман нерўи заковати донишмандони сайёраи Замин мебошад.
Таъсисиёбӣ ва ба фаъолият шурўъ кардани бахшу шуъбаҳо, толорҳои нави хониш имконияти бештареро барои татбиқи вазифаҳои афзалиятноки китобхона дар самтҳои бунёди фондҳои электронӣ, инкишофи низоми электронии пахши иттилоот, таҳияи навъҳои мухталифи феҳристу картотекаҳои электронӣ фароҳам оварда, дастёбии озодонаи хонандагони муқимӣ ва ба фондҳои чопӣ ва электронии китобхона таъмин намуд. Истифодаи технологияи нави иттилоотӣ дар таҷрибаи Китобхонаи миллӣ баҳри вусъат бахшидан барномаҳои нави хизматрасонии китобдорӣ мусоидат намуда, барои истифодабарандагон шароитҳои бароҳати мутоилотӣ муҳайё сохт.
Шуъбаи адабиёти хориҷӣ тибқи созишномаҳои имзошуда аз тариқи сафоратҳои Русия, Белорусия, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ҷопон, Чин, Куриёи Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ китобҳо мерасанд. Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита дар паёмҳову баромадҳои хеш зикр менамоянд, ки барои омўзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми макотиби миёнаву олӣ ва касбӣ диққат ҷидӣ дода шавад!
Пешвои миллат пеш аз ҳама аз ҷавонон даъват мекунанд, ки забон омўзанд. Ин аст, ки як бахши муҳими фаъолияти шуъба талқин ва таблиғи омўзиши забонҳои хориҷист. Баҳри ин тибқи равобити байналмилали китобӣ баҳри омўзандагони забони Ҷумҳурии мардуми Чин ба теъдоди 11 номгўй адабиёти тозанашр ба шуъбаи адабиёти хориҷӣ ворид гардид, ки хонандагону забономўзон метавонанд ҳамаруза аз ин китобҳо баҳра баранд.
Валиев Ҷамил.