Ҷозибаи китоб. Довталабе, ки аз бистари ҷарроҳӣ ба озмун омад…

Мунира АсматиллобековаБаъди суҳбат бо ин довталаб ду манзара пеши назарам омад: бемористону амали ҷарроҳӣ, чархболу парвоз… Ва бо чӣ парвозе! Парвоз ба истиқболи орзуҳо. Ӯ дар синфи даҳум таҳсил мекунад, синнест, ки орзуҳо камтар тахаюломезанд. Чун бо овони орзуҳои афсонавӣ кайҳо хайрбод гуфтаву ҳоло гом ба сӯи орзуҳое мебардорад, ки медонад бо талош амалӣ мешаванд. Шояд яке аз ин орзуҳо пирӯзӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи…” буд. Ин орзу ба ҳаде барояш муқаддас буд, ки аз бистари беморӣ савори чархбол ба Душанбе омад. Ин аст ҷозибаи китоб…

Имрӯз охирин имконият барои довталабони гурӯҳи дуюм (хонандагони синфҳои 5-11) дар  даври ҷамъбастии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” буд. Аз пагоҳ довталбони гурӯҳи сеюм донишҷӯёни тамоми зиннаҳои таҳсилот (бакалавр,магистр, докторантону унвонҷӯён) вориди рақобат мешаванд

Дар охирин лаҳзаҳо довталабе аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Озмун расид. Ӯ хонандаи синфи 10 уми Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ – Мунира Асматиллобекова буд.

Мунира барои Озмун хеле тайёрӣ дидааст, аммо чанд рӯз пеш бо сабабе ӯро ҷарроҳӣ мекунанд. Аз сабабе, ки ӯ хеле шавқу ҳаваси зиёд дошт ва барои ба ин марҳалаи Озмун расидан зиёд кӯшиш карда буд, аз падараш хоҳиш кард то ӯро барои иштирок дар Озмун иҷозат диҳад.

Дар лаҳзаои охир Мунира ҳамроҳи наздиконаш бо чархбол аз шаҳри Хоруғ ба Душанбе парвоз кард ва фурсат даст дод то ӯ донишу маҳорати худро назди ҳаками Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” нишон диҳад.

Ин довталаб зиёда аз 130 ғазал аз ғазалсароёни классик Ҳофизу Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ Зебуннисо ва дигарон аз бар кардааст. Дар кӯлвори дониши ӯ ҳамчунин 140 рубоӣ ва дубайтӣ, 200 байт қасида, 200 байт порча аз достон,100 байт дигар навъҳои шеърӣ ва 25 асари насрӣ ба доварон пешниҳод гардид. Ӯ аз ҳакамон ва суолҳои онҳо хушҳолона ҳарф зада гуфт, ки ҳама чиз аз дафтари худам пурсида шуданд.

Ман аз падарам Азиз Асматиллобеков ва омӯзгорам Фариза Маҳмадназарова хеле миннатдорам, чунки тамоми китобҳоро маҳз бо кӯмаки онҳо пайдо кардам ва омодагӣ дидам. Мунира Асматиллобеков мегӯяд “Рисолаи дилкушо“- и Убайди Зоконӣ хеле ҷолиб аст, ин китобро борҳо хондам ва  ҳар бор чизи наве аз он гаврӯҳар пайдо кардаам.

“Аслан осори адибони классики мо хеле хонданианд. “Гулистон”-у “Бӯстон”-и Саъдӣ “Самаки айёр”- у “Чор дарвеш”, “Ҳазору як шаб” ва даҳҳо асарҳои хуберо метавон номбар кард,ки онҳо барои хонанда ҷаҳони панду ахлоқ ва муҳаббату маънавиёти баланд ҳадя мекунанд”- иброз медорад, ин довталаб.

Мунира ҳамчунин дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанни забони тоҷикӣ ва забони англисӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Ӯ азм дорад дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурғи субҳи доноӣ…” ки яке аз орзуҳои деринааш аст, ғолиб ояд ва маҳз ҳамин иродааш буд, ки ҳатто бо вуҷуди беморӣ ва роҳи тулонӣ ба Душанбе омад то худро бисанҷад.

Суҳбати Наргис НАЗАРЗОДА