Ҷумахон Файзализода: “Масъалаи китобдӯстии ҷомеаи кунунии Тоҷикистон хурсандиовар аст”

Чанд соли охир дар кишвар талошҳо барои ба китоб рӯ овардани омма зиёд аст. Ташкили озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” яке аз иқдомҳои муассир аст дар ин самт. Аммо ҳамоно мушоҳидаҳо ва санҷишҳо бозгӯи онанд, ки баъзе аз намояндагони  насли ҷавон имрӯз дур мондаанд аз мутолиаи ҳамешагӣ ва ин паст карда сатҳи донишу завқи онҳоро. Китобхонаи миллии Тоҷикистон маконест, ки ҳамарӯза хизматрасонӣ мекунад барои дӯстдорону ҳаводорони китоб. Ба ин хотир масъалаи мазкурро барассӣ намудем бо директори ин китобхона, профессор Файзализода Ҷумахон. Вазъи китобхонии мардум, теъдоди нашри китобҳо, фаъолияти китобхонаи бузурги кишвар ва дигар суолҳо вобаста ба ин самт матраҳ гардид дар ин суҳбат.   

– То охири сол рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Китобхонаи миллӣ солро бо иҷрои кадом нақшаҳо ба анҷом расонид ва чӣ ниятҳост барои соли баъдӣ?

– Соли 2024 барои Китобхонаи миллии Тоҷикистон як соли пур аз заҳмату талош маҳсуб мегардад, зеро дар ин сол, бори нахуст озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” баргузор карда шуд, ки ташаббускор худи Китобхонаи миллӣ аст. Мо аз он хурсандем, ки озмуни мазкур дар сатҳи хеле баланд баргузор гардид ва кулли толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбии кишвар иштироки фаъол дош-танд. Бояд исрор варзем, ки наҷибтарин ташаббуси Китобхонаи миллӣ дар тули зиёда аз 90 соли фаъолият ин роҳандозии озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” мебошад. Ба ин далел, ки вақте мо Китобхонаи миллиро ба сифати бузургтарин маркази фарҳангии кишвар ва соҳиби махзани гаронарзишу дорои адабиёти илмӣ, адабӣ, сиёсӣ ва фалсафиву дигар анвои чопӣ медонем, бояд чунин иқдомҳои шоиста пайваставу вораста дар амал татбиқ гардад.

Ин ташаббус бори дигар раванди робитаи қавии Китобхонаи миллӣ ва ҷомеа дар самти ҷалби ҷавонону наврасон ва кулли шаҳрвандони кишвар ба мутолиаи китоб шаҳодат медиҳад. Воқеан, агар риштаи алоқа байни китобхонаҳо ва ҷомеа набошад, муҳол аст ҳадс бизанем, ки мо як ҷомеаи маданӣ ва пешрафта сохта тавонис-таем. Албатта, дастовардҳои Китобхонаи миллӣ дар соли 2024 хеле зиёданд ва аз онҳо як-як ёдовар шудан дар сат-ри ин нигошта намеғунҷад, ҳама он дастовардҳо тариқи сомонаи расмии Китобхонаи миллӣ инъикоси худро ёфтааст ва хоҳишмандон метавонанд шоҳиди ҳол бошанд.

Дар мавриди нақшаҳои солҳои баъдӣ албатта бояд қайд намоям, ки ҳадафи ягонаи мо ин робитаи қавиву мустаҳкамтар пайдо кардан бо ҷомеаи фарҳангии Тоҷикистони азиз мебошад.  Гарчи мо робитаи қавиву устуворе бо ҷомеаи худ дорем, вале ҳамоно роҳҳову усулҳои ҷадид баҳри хизматрасонии сифатан баландро пайваста ҷустуҷӯ мекунем. Дигар аз ҳадафҳои мо ин пайвастани Китобхонаи миллӣ ба бонуфузтарин ширкату ҷамъиятҳои байналмилалии соҳаи китобдорӣ мебошад, ки ин нақшаро ҳатман дар солҳои наздик татбиқ хоҳем кард.

– Имрӯзҳо баъзеҳо вазъи китобхонӣ ва китобдӯстии мардумро нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд. Чанде пеш дар кадом як пажӯҳишгоҳе мардуми Тоҷикистонро аз лиҳози китобхонӣ ва китобдӯстӣ дар зинаи хеле поин қарор дода буд. Шумо ҳамчун директори калонтарин китобхона дар ҷумҳурӣ чӣ назар доред дар ин бобат?

– Он чи шумо мегӯед ба ҳақиқат наздик нест ва ман комилан ба ин назар ё андеша розӣ нестам. Бубинед, кур-курона баҳо додан ба вазъи китобхонӣ ва ё китобдӯстии мардуми тоҷик, ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон ин аз нигоҳи муғризона ба фарҳангу адаби бойи миллати мо мебошад. Насли калонсоли мо шоҳиди ҳол аст, ки солҳои пештар мардум ба мутолиаи китоб мароқи зиёд доштанд ва хар куҷо сухан аз китобҳои хубу хонданӣ мерафт ва тавсия ба ҳамдигарӣ. Аммо баъд аз пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ баякбор ин одати мардум аз миён бардошта шуда, рафту омад ба китобхонаҳо натанҳо коҳиш, балки куллан аз миён рафта буд. Сабабу омили ин вазъиятро албатта мо медонем, биёед дигар он ҳодисаҳои шумро ба ёд наорем.

Хушбахтона, Истиқлоли давлатӣ ба мо ҳама чиро дод, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои самараноки корбаришаванда, хазинаҳои китобхонаҳо бо адабиёти тозанашр ғанӣ гардиданд, дигарбора мардумро ба китобхониву китобхонаҳо ҷалб намуданд. Роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар самти мутолиаи китоб акнун вирди забони ҳамагон шудааст. Боиси хушнудист, он рақамҳое, ки имрӯзҳо аз тарафи китобдорони китобхонаҳои кишвар гуфта мешавад, аз афзоиши ҳолат ва ба китобхониву китобдӯстии ҷомеаи имрӯзи мо далолат мекунад.

– Масъалаи бо тиражи кам чоп шудани китобҳо чӣ бадеиву чи илмӣ оё исботи он нест, ки мо ҳанӯз ҳам ба китобхонӣ ба таври бояд даст наёфтаем?

– Масъалаи китобхонӣ ва китобдӯстии ҷомеаи кунунии Тоҷикистон хурсандиовар аст. Такрор ҳам шавад бори дигар таъкид мекунам, ки соат ба соат, рӯз ба рӯз, сол ба сол таваҷҷуҳи бештари мардум ба мутолиа рӯ ба афзоиш дорад ва ин ҳама аз иқдомҳои шоистаи Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳандозии барномаҳои арзанда дар соҳаи китобдорӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ мебошад. Мавриди ба шумораи кам нашр гардидани китобҳои илмиву бадеӣ бояд қайд намоем, ки воқеан баъзе аз мушкилиҳо ҷой доранд, вале ин сабаби коҳиши мутолиаи китоб намешавад, зеро дар ҷаҳони муосир ба миён омадани китобҳои электронӣ ва ба воситаи китобхонаҳои электронӣ расонидани онҳо ба мардум хеле осону сода гардидааст. Имрӯзҳо дар қатори шумораи зиёди хонандагони Китобхонаи миллӣ шумораи аз он зиёдтари истифодабарандагон аз Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон кор мегиранд, ки шаҳодати гуфтаҳои болост.

– Дар сомонаи расмии Китобхонаи миллӣ шумораи умумии аъзои ин муассиса 200 ҳазор нафар гуфта мешавад. Ҳамчунин қайд гардида, ки ҳар рӯз тақрибан 1000-1200 хонанда ба Китобхона муроҷиат мекунанд. Ба назаратон ин шумораро метавон қаноатбахш ҳисобид?

– Шумораи умумии аъзои Китобхонаи миллӣ имрӯзҳо ба 250 ҳазор нафар мерасад. Он чи шумо мегӯед ин имконияти Китобхонаи миллӣ аст, ки дар як вақт то 2000 хонандаро қабул карда метавонад. Ҳамарӯза ба Китобхонаи миллӣ на камтар аз 1500 хонанда ташриф меорад ва ҳамин миқдор аз Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон ва телеграмканали Китобхонаи миллӣ истифода мебарад. Албатта, ин ба ҳисоби миёна аст, рӯзҳое буданд, ки то 5000 хонанда ба Китобхонаи миллӣ ташриф овардааст. Бинобар ин, солҳои охир дар Китобхонаи миллӣ толорҳои иловагӣ таъсис ёфтанд, зеро рақамҳои ишорашуда дар ҳоли афзоиш ёфтан аст ва мо боварии комил дорем, ки бо бештар таблиғу ташвиқи мутолиаи китоб миёни ҷомеаи худ дар солҳои наз-диктарин кулли мардумро дар китобхонаҳо ва мутолиаи китоб дармеёбем.

– Донишҷӯён дар ин миён то чӣ ҳад хонандагони фаъоли китобхонаанд?

– Шумораи асосии истифодабарандагони Китобхонаи миллиро донишҷӯён ташкил медиҳанд. Тибқи оморҳои мо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар ҷойи якум, Донишгоҳи миллӣ дар ҷойи дувум ва ҳамин тавр дигар толибилмони донишгоҳҳои кишвар аз фаъолони мо мебошанд.

– Мо баъзан шикоятҳоро аз вазъи бади китобхонаҳо дар деҳаҳои дурдасти кишвар мешунавем. Оё  Китобхонаи миллӣ бо китобхонаҳои музофотҳо ҳамкориҳоеро ба роҳ мондааст?

– Хушбахтона, дар тамоми китобхонаҳои вилоятӣ ва марказии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон имрӯзҳо ҷараёни компютеркунонӣ ва пайвастшавии онҳо бо шабакаи ҷаҳонии Интернет бомаром идома дорад. Аз рӯйи мушоҳидаҳо дар фаъолияти баъзе китобхонаҳо мо як қатор комёбӣ дар самтҳои мукаммалгардонии фонди китобӣ бо адабиёти тозанашр, истифодаи технологияи муосир, таъсиси китобхонаҳои электронии дохилӣ, обунашавӣ ба матбуоти даврӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, иштирок дар семинарҳо ва конференсияҳоро мушоҳида мекунам, аммо ҳанӯз ҳам дар китобхонаҳои мамлакат мушкилот ба назар мерасанд.

Баҳри бартарафнамоии баъзе аз камбудиҳои ҷойдошта, Китобхонаи миллӣ ҳамчун маркази илмию таҳқиқотӣ ва методӣ дар соҳаи китобдорӣ ҷиҳати идоранамоиву батанзимдарории фаъолияти китобдорӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар рушди минбаъдаи соҳаи китобдорӣ бо тамоми китобхонаҳои кишвар ёрии амалӣ ва методӣ мерасонад.

Мутахассисиони варзидаи Китобхонаи миллӣ тавассути сафарҳои корӣ ба кормандони китобхонаҳои мамлакат ёрии амалии методӣ расонида, оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти онҳо машғулиятҳои курсҳои кӯтоҳмуддати сайёрро роҳандозӣ мекунанд, зеро натиҷаҳои таҳқиқоти кормандони мо нишон медиҳад, ки бештари кормандони китобхонаҳои шаҳрию ноҳиявӣ дорои маълумоти ғайрикитобдорӣ буда, дониши касбии онҳо ба талаботи ҷомеаи имрӯза ҷавобгӯ нест.

– То ҷое медонем, китобхонаҳо дар тамоми шаҳру навоҳӣ ба Бахшҳои фарҳанг тобеанд. Оё мешавад барои беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ дар ин китобхонаҳо онҳоро мутамарказ – яъне ба Китобхонаи миллӣ тобеъ кард? Шумо дар ин маврид ягон пешниҳоде доред?

– Сари ин масъала зиёд бояд фикр кард. Албатта, ин гуна андеша пайдо нашавад, ки Китобхонаи миллӣ иқтидори идораи китобхонаҳои ҷумҳуриро надорад, бо иқтидоре, ки имрӯз дар Китобхонаи миллӣ аст, чӣ аз лиҳози зарфиятҳои кадрӣ, техникӣ ва дигар паҳлуҳои хоси соҳа созгор аст. Вале ҳамоно мо бояд ин масъаларо аз зовияи дигар низ бубинем.

– Ҳамкориҳо бо китобхонаҳои бузурги хориҷӣ низ ба роҳ монда шудааст? Ин ҳамкориҳо дар кадом сатҳ аст?

– Китобхона дар доираи мубодилаи байналмилалии китоб бо китобхонаҳои мухталифи мамлакатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, бо китобхонаҳои 28 давлати дунё табодули маводи библиографӣ, адабиёти илмӣ ва таҷрибаи соҳаи китобдорӣ дорад. Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо 10 китобхонаи кишварҳои хориҷӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дорад. Китобхонаи миллӣ узви Ассамблеяи Китобдории Авруосиё (БАЕ) ва Китобхонаҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) мебошад. Илова бар ин, якчанд кишварҳо дар Китобхонаи миллӣ гӯшаҳои худро боз кардаанд, монанди гӯшаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, Маркази иттилооти Олмон, гӯшаи фарҳангии Куриёи Ҷанубӣ ва ғайра. Дар гӯшаҳои мазкур ҷиҳати забономӯзии насли наврас шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

– Соли шашум аст, ки Китобхонаи миллӣ макони баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. Ин озмун то чӣ ҳад дар зиёд кардани шумораи хонандагони ин муассиса мусоидат кард?

– Аслан, барои баргузории даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳлан интихоб нагардидааст. Зеро Китобхонаи миллӣ дорои беҳтарин шароит буда, аз ин ҷиҳат дар Осиёи Миёна беҳамтост. Барои баргузории ин озмун ягон мушкилӣ вуҷуд надорад. Таҷрибаи андухтаи солҳои гузашта ва масири тайнамуда барои баргузории ин озмун бисёр муҳим мебошанд. Соли шашум аст, ки ин озмун дар сартосари мамлакат баргузор мегардад ва Китобхонаи миллӣ даври чоруми онро бо тамоми шарту шароити зарурӣ ва дар сатҳи баланди ташкилию хизматрасонӣ барпо мекунад. Даври ниҳоӣ ё финалии озмун дар фазои хуби илмию фарҳангӣ ва бо ҳисси баланди масъулияту талоши кормандони Китобхона баргузор гардида, ба довталабон ва ҳам ҳакамон расонидани хисматрасонии арзанда ҳадафи асосии мо мебошад. Яъне, баргузории озмун дар солҳои сипаришуда як таҷрибаи хуб буд ва мо боварӣ дорем, ки солҳои баъдӣ ин озмун дар сатҳи боз ҳам беҳтар баргузор мегардад.

Сайёраи ҚИЁМИДДИН,
“Ҷавонони Тоҷикистон”