Кӯдакон ва наврасон аз Артиш гуфтанд

   Дар шӯъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ маҳфили “Дастони моҳир” доир гардид, ки ба Рӯзи Артиши миллӣ бахшида шуд. Дар оғоз мураббӣ дар бораи Артиш ва Рӯзи артиш маълумот дод. Вай аз таърихи таъсиси Артиши миллӣ дар Тоҷикистон ҳарф зад, дар бораи қарзи ҳар шаҳрванд будани хизмат дар сафи артишро ёдоварӣ кард.

  Ба наврасони китобхон гуфта шуд, ки ҷавононписарон баъди расидан ба синни балоғат барои ду сол адои хизмат дар сафи артиш даъват мешаванд ва бояд ин ду солро ба некӣ пушти сар гузоранд.

   Ҳамчунин ёдоварӣ шуд, ки ду соли хизмат дар  сафи Артиши миллӣ як мактаби дигари ҳаёт аст, ин ду сол ҷавонон обутоб меёбанд, дарси ҷасорат меомӯзанд.

  Баъдан хонандагони шӯъба дар васфи Артиши миллӣ шеърҳо гуфтанд ва расмҳои зебову рангоранг кашида, бо ин роҳ нишон доданд, ки мавзӯъро хуб медонанд.

   Бояд гуфт 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълонкарда шуд.

   Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсису бунёдгузории он ғамхориҳои доимӣ зоҳир намудаанд ва имрӯз ҳам дар таҳкими он талошҳои зиёд анҷом медиҳанд.

   Мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар кафили суботу амният ва ҳифзи хоки кишвар аст.

 Раҳима Азам.