Кўдакони бомутолиа ояндаи дурахшони миллату давлатанд
(Андешае перомуни Фестивали кўдакон)
Инсоният дар тўли таърихи хеш, махсусан он замон, ки худро ворис ва нигоҳдорандаи низоми муътадил ва фаъоли курраи Замин медонад, ҳамеша ба маънавиёт ва мафкурраи солиму бомаърифат такя кардаву мекунад. Албатта, на танҳо як ҷомеаи хурди инсонӣ, балки кулли аҳли башар имрўз гироиш ба маънавиёт дорад, рағбат ба таҳсилу аз бар намудани илмро расидан ба соадату осоиш меҳисобад, кӯшиши соҳиб гардидан ба касбу ҳунар ва пешаи арзандае, ки инсониятро ба сўйи шоҳроҳи саодати азалӣ роҳнамун месозад, аз андешаи дигари бани Одам будаву ҳаст.
Маҳз чунин андешаву тафаккур ва майлгароӣ ба ахлоқ ва одоб боис гардид, ки инсон давра ба давра равзанаҳои нав ба нави донишро пешорӯи худ боз намояд ва андухтаҳои хешро аз саҳифаҳои рўзгор барои хушбахтии наслҳои оянда дар авроқи китоб абадӣ сабт созад. Бидуни шакку шубҳа, ҳам бемуҳобот метавон гуфт, ки ин китоб буд, ки бани башарро аз тамаддун ва таъриху фарҳанги худ огоҳ намудаву садсолаву ҳазорсолаҳо маърифатро барои имрузиён ошно намудааст. Хулас, маълум аст, ки дар хусуси китоб, нақши он, хидматҳои таърихии ин каломи навиштор ва нигоҳдорандаи фарҳанги бою ғанӣ ҷилд-ҷилд китоб иншо намоему аз дарёи бепоёни он соатҳову солҳо ҳарф бизанем, ин хеле кам хоҳад буд. Аз ин хотир мехоҳам таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мавзуи хеле муҳиму судовар ва зарурии имрўз – ҷалби наврасон ба китобхонӣ ва иқдомҳои шоистаи Ҳукумати мамлакат дар ин роҳ чанд андешапорае гуфта бошам.
Пеш аз он ки ба матлаби асосӣ ва андешаи мубрами хеш такя бикунам, бояд гаштаву баргашта такрор намоям, ки ояндаи ҳар давлату миллат, албатта бидуни шакку шубҳа ин наврасону ҷавонон ҳастанд. Ҳар давлату миллат ва қавме, ки ин гурўҳи ҷомеаро хубу хуш ва донишманд ба воя расонид, ба мақсуд расиду ҷомеаи воқеан идеалӣ ба миён овард…
Хуб, маълум аст, ки дар тарбияи маънавии инсон ва ҷомеа нақши оилаву таълимгоҳҳо ва марказҳои зиёди омўзишӣ ниҳоят назаррасанд. Дар баробари инҳо китобхонаҳо низ, ки ба як маркази бузурги иттилоотрасонӣ дар кишвар машҳуру маъруф гардидаанд, аз ин омил дур набуданду нестанд. Яъне, дар тарбияи маънавии ҷомеа, хусусан насли наврас, ҷавонон нақши калидии ин ниҳодҳои ҷамъиятӣ ҳамеша пойдору мустаҳкам буданду ҳастанд.
Аз рўйи адолат ва нигоҳи солим бояд қоил бошем, ки дар рушди давлатдории миллӣ ва ояндаи дурухшони қавму қабила ва тамаддунҳои қавиву адабофар миллате бурд менамояд, ки таваҷҷуҳи саҳеҳ ва барномаҳои мукаммали амалишаванда вобаста ба насли наврасро доро бошад. Маълуму муайян аст, ки дурахши давлат ва ояндаи ҷомеа аз тарбияи имрўзи кўдаконамон вобастаи ногусастанӣ дорад. Аз ин хотир аст, ки кулли ҳукуматҳо дар мамолики мутамаддин аз тамоми воситаҳои имконпазир истифода мекунанд, то маърифатнокии кўдакони кишвари худро таъмин карда бошанд. Таҳқиқотҳо собит менамоянд, ки беҳтарин василаи ба донишҳо фаро гирифтани кўдакон ва наврасон ин таълифу ба нашр расонидани китобҳои кўдакона ва донишномаҳои гуногуни бачагона офаридан аст. Дақиқан таваҷҷуҳи донишмандони олам ва ҳукумати кишварҳо дар панҷоҳ соли ахир ба вусъати ин риштаи бузурги маърифатӣ чунон афзудааст, ки дар баъзе аз мамолик садҳо намуд китобҳо барои тифлон ва даҳҳо донишномаи бачагона рўйи нашр омадаанду ин амалкарди шоиста ҳамоно ба таври шоиставу боиста ва арзанда идома дорад.
Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии кишвари ҷавону ҷавонпарвар ва азизу муътабари тоҷикони оламиён – Тоҷикистони азиз, бо роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалби ҷавонону наврасон ба китобхона ва китобхонӣ даҳҳо барномаҳои давлатӣ қабул шуда, иқдомҳои саривақтиву қадамҳои устувор гузоштаву имрўзҳо амалӣ мегарданд.
Боиси хушҳолии миллати тоҷик аст, ки барои наврасони мо ҳамасола дар сартосари кишвари маҳбубамон аз 2 то 9 апрел Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар” дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораву муассисаҳо доир мегардад.
Мақсад аз баргузории Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” ин ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад. Ҷолиби диққат аст, ки дар доираи баргузории ин Фестивал намоишоҳи китоб, суҳбатҳо, маҳфилҳои адабӣ, мизҳои мудаввар ва озмунҳои гуногун, аз қабили “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Хулосаи библиографӣ доир ба намоиш”, “Намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон”, “Сайёҳони наврас”, “Саёҳат бо китоб”, “Сайри олами китоб”, маҳфилҳои “Оилаи китобдӯст”, “Синфи китобдӯст”, “Оилаи ҳунармандон”, “Дастони моҳир”, порчаҳо аз намоишномаҳоии театрӣ ва дигар амалҳои шавқовар роҳандозӣ мегарданд.
Дар идомаи ин матлаб наметавон аз дастгирӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ки аз соли 2019 роҳандозӣ гардид, ногуфта гузарем. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин озмун на танҳо барои кўдакону наврасон, балки доираи васеи ҷомеаро фарогир аст. Вале, шодиовар ин аст, ки бо такмилу таҷдиди назар гардидани низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи донои китоб аст» барои кўдакон номинатсияи махсус таҳрезӣ гардид, ки ин ҳам аз иқдомҳои шоистаи Президенти кишвар барои насли наврас мебошад.
Мо бояд сари ин биандешем, ки ҳар мамлакате дар ин авохир аз чунин сир огоҳ шуд ва онро амалӣ кард, дар миёни дигар мамолик пешрафтаву мутараққӣ гардидаасту дигарон аз таҷрибаи бойи онҳо истифода мебаранд. Бинобар ин, Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби наврасону кӯдакони Тоҷикистон» ё баргузории ин ҷашнвора як такони бузурге барои пешрафт гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад.
Хадиҷа Ҳасанова,
мутахассиси пешбари
шуъбаи нигоҳдории китоб.