Кӯмаки хайрияи Китобхонаи миллӣ дар арафаи Иди саиди Қурбон

Дар партави сиёсати ятимпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар арафаи Иди саиди Қурбон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ба Интернати давлатии наздимактабии Кангурти ноҳияи Темурмалик ба маблағи 9600 сомонӣ зарфҳои ғизохӯрӣ кумаки хайриявӣ намуд. Ин кумакҳоро муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Раҷабзода Салима дар раъси ҳайати корӣ ба масъулини интернат расонданд.

Дар ҷамоати деҳоти Кангурт айни ҳол сохтмонҳои ҷашнӣ идома доранд. Қарор аст барои тарбиягирандагони интернат як бинои дуошёна ва толори маҷлис, толори варзишӣ сохта ба истифода дода шавад.  Утоқҳо барои дарсҳои иловагӣ ва як хуҷраи омўзиши ҳунарҳои мардумӣ низ аз ҷумлаи корҳои бунёдкориест, ки қарор аст анҷом шавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба китобхонаи ин муассиса 1000 нусха китоби бадеӣ ва илмӣ туҳфа намуда буд.

Дар номаи сипоси худ директори ин муассисаи таълимӣ Фаррух Сайдализода аз ҷумла навиштааст: “Маъмурияти интернати давлатии наздимактабии Кангурти ноҳияи Темурмалик иқдомҳои пайвастаи шуморо баҳри беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассиса аз дастгирӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, миннатдории самимонаи худро ба Шумо ва дар шахсияти шумо ба ҷумлаи кормандони яке аз бузургтарин муассисаи фарҳангии мамлакат Китобхонаи миллии Тоҷикистон мерасонад…”

Маврид ба зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар фикри беҳбудии шароити зиндагии мардуми эҳтиёҷманд, ятимон, барҷомондагон ва шахсони бесаробону камбизоат мебошанд ва пайваста дар ҳаққи онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Як таъкиди Сарвари давлат дар мавриди ятимон ҳамеша барои пайравонашон чун чароғи раҳнамост: “Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”.