Калила ва Димна”: гуногунии тарҷумаҳои як шоҳкори адабиёти олам. Бахши охир

Калила ва ДимнаАсли мавзўи китоби “Калила ва Димна” дар ибтидои пайдоиши худ масъалаҳои тарзи идораи давлат ва тарбияи ҷавонон буд ва ҳамоно чун дастуре барои ҳукмронҳо навишта шуда буд. Дар тамсил ва ҳикоятҳои гуногуни ин китоб бештар ахлоқи неки инсонӣ тарғиб карда мешуд. Муаллиф ба воситаи ин ҳикоятҳо сифат ва хислатҳои неки инсониро нишон дода, таъкид мекунад, ки бояд ҳар як амир ё шоҳ агар пешрафт ва пойдории мамлакати худро хоҳад, ба он пайравӣ кунад.

Аз ҳамин сабаб китоб ҳарчанд барои ҳукмронҳо навишта шудааст, аҳамияти педагогӣ – тарбиявии он ниҳоят калон буд. Тамоми он нормаҳои ахлоқ ва хислатҳои неку писандидаи инсонӣ, ки дар ин китоб тарғиб карда мешавад, барои кулли одамон, махсусан барои ҷавонон зарур аст. Бинобар ин китоби мазкур ҳамчун инъикоси ахлоқи беҳтарини инсонӣ, дар қатори китобҳои дигори дидактикӣ дар байни аҳолӣ шўҳрати калон пайдо кард.

Дар китоб ҳамчун анъанаи китобҳои ахлоқии Ҳинд иштироккунандагон аксар ҳайвонот ва ҷонваронанд. Аммо дар ин ҷо ҳар як ҷонвар хислату сифати инсонӣ дорад, ки ба воситаи он намояндагони гурӯҳҳои ҷудогонаи ҷамъияти инсонӣ тасвир карда шудааст. Онҳо натанҳо монанди одамон амал мекунанд, балки оид ба масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ахлоқӣ муҳокимаҳои муфассал меронанд. Дар ин муҳокимаронии онҳо нуқтаи назари намояндагони гуногуни ҳар як гурўҳи ҷамъияти инсонӣ инъикос гардидааст. Албатта баъзе аз ин муҳокимаҳо дуруст нестанд ва ифодаи ахлоқи манфии ҷамъияти синфӣ мебошанд,  аммо барои равшантар ва барҷастатар таъкид намудани ахлоқи мусбати инсонӣ ахлоқ ва сифатҳои манфии одамонро низ нишон додан лозим аст. Ниҳоят, дар китоб бар хилофи ахлоқи бад ва зишт ахлоқи неку писандидаи инсонӣ дар ҳама ҷо ғалаба мекунад. Чунин анҷоми воқеа дар ҳикоят қувваи бузурги тарбиявӣ касб менамояд.

Чуноне ишора шуд, таҳрири“Калила ва Димна” ба қалами Ҳусайни Кошифӣ яке аз таҳрирҳои беҳтарин ва мукаммалтаринест, ки аз ҷиҳати бадеият низ ба дараҷаи олии санъати суханварӣ анҷом гирифтааст. Аз ин сабаб мо нашри мухтасари худро ба ҳамин таҳрири  Ҳусайни Кошифӣ асос намудем. Ҳарчанд сохт ва мундариҷаи китоб тағйир наёфта бошад ҳам, аммо барои ба хонандагони ҷавони имрўза дар таҳрири он баробари нигоҳ доштани рўҳи сабку услуби Ҳусайни Кошифӣ тағйиротҳои ҷиддӣ низ дохил карда шуд.

Ҳикоятҳое, ки мазмуни динӣ доштанд ё мундариҷаашон аз доираи одоб берун буд, партофта шуд. Муҳокимаҳои фалсафӣ сўфиёна ва сиёсӣ – иҷтимоии худи Ҳусайни Кошифӣ, ки дар зимни ҳикоятҳо аз  забони ҳайвонот ва ҷонварон оварда шудаасту ба рафти воқеаҳо камтар дахл доранд ва илова бар ин дар “Калила ва Димна”-и Абулмаолӣ Насрулло дида намешаванд, низ аз китоб хориҷ карда шуд.

Ҳусайни Кошифӣ дар тасвири воқеаҳо, характер ва портрети иштироккунандагони китоб, дар тасвири манзараи табиат тафсилотро гоҳо аз ҳад гузаронидааст: ё ки баъзан як воқеа ё як тасвиреро ба чандин ибораҳои рангин адо кардааст. Мо дар вақти ихтисороти худ аз ин ибораҳо бештар ҳамон ибораҳоеро, ки ба фаҳми хонандаи имрўза наздиктар аст, интихоб намуда гирифтем. Ғайр аз ин дар худи ибораҳо низ баъзе лафзу калимаҳои душворфаҳмро тағйир дода  суханҳои маъмул ва машҳурро гузоштем.

Аммо баробари ҳамин бисёр ибораҳои ширин, мақолҳои рехта ва махсусан ҳамон ибора ва калимаҳои тоҷикие, ки дар асри ХV дар байни мардум ҷорӣ будаасту имрўз гоҳо аз истеъмоли онҳо худдорӣ мекунем, дар матн нигоҳ дошта шуд.

Дар бисёр ҷоҳо тасвироти дуру дароз ва муҳокимаҳои бепоёни персонажҳо ба забони сода, аммо дар рўҳи сабку услуби умумии китоб хулосатан таҳрир карда шуд.

Боби чордаҳуми китоб, ки бештар ба масъалаи қазову қадар ва муҳокимаҳои динӣ бахшида шудааст, низ аз китоб соқит шуд. Номи бобҳо низ монанди тарҷумаи арабӣ ва “Калила ва Димна”-и Абулмаолӣ Насрулло аз рўи аслаш гузошта шуд.

Аз китоби “Калила ва Димна”. Душанбе, “Маориф ва фарҳанг”, 2009.
Хоҳишмандон метавонанд ин китоби хубу шавқоварро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Нигина Қурбонова,
шуъбаи абонементи байни
китобхонавӣ ва таҳвили
ҳуҷҷатҳои электронӣ
.