Калкидий-муфассири Афлотун. То куҷо дар тафсирнигори муваффақ будааст?

Калкидий-муфассири АфлотунКалкидий (охири асри 4 ва ибтидои асри 5), файласуф-афлотунгарои лотинӣ. Аз ў тарҷума ва тафсирҳо ба асари Афлотун «Тимей» боқӣ мондаанд. Манбаъҳои тафсири ў осори Афлотун, Арасту, Нумений, Адраст, Порфирий, инчунин Филони Александрӣ ва Ориген будаанд.

Мавзўъҳои «Тафсир»-и Калкидийро «Тимей»-и Афлотун фароҳам овардааст. Калкидий 27 мавзўи «Тимей»-ро ба миён гузошта, танҳо 13-тои онҳо (то Тим 53 саҳ)-ро тафсир кардааст. Мавзўъҳои асосӣ: дар бораи пайдоиш ва бунёди олам дар таносуб бо таълимот дар бораи рўҳ (ҷаҳонӣ ва инсонӣ), дар бораи тақдир ва девшиносӣ Калкидий инчунин дар бораи пайдоиши насли башар, дар бораи шабоҳати инсон бо Кайҳон (олами кабир ва олами сағир) андеша рондааст. Бар асоси олами махлуқот се манбаъ қарор дорад: Худо – мода – намуна. Хамаи оғозҳо бисёр сода, бесифат ва ҷовидонаанд. Худо ба неъмати олӣ шабоҳат дода мешавад: Ў берун аз ҳастӣ, табиат ва хирад қарор дорад. Худо на аз рўи замон, балки ҳамчун сабаби моқабли олам аст, аз ин рў олам ҳам «офарида шудааст» ва ҳам «ҷовидон» мебошад. Олами махлуқ мавҷуди зинда буда, аз рўҳу ҷисми ҷаҳонӣ иборат аст. Рўҳи ҷаҳонӣ офаридаи Худост (ҳамчунин босабаб ва берун аз замон), ки «ҷавҳари севвум» ба шумор меравад. Он чизе мобайнӣ дар миёни ҷавҳари тақсимшаванда ва тақсимнашаванда буда, ҷовидон аст, зеро худҳаракаткунанда мебошад.

Як бахши калони «Тафсир»-и Калкидийро таълимот дар бораи мода ташкил медиҳад, ки қаблан дар назарияҳои тарихии бостон (таълимоти динии яҳудҳо, назарияҳои фалсафии тосуқротиён, дар осори муалифони даврони ҳеллинӣ) дарҷ ёфта буданд. Ба таври суннатӣ модда на ҷисмонӣ ва на ғайриҷисмонӣ дониста мешуд, балки он билқувва ҳам ҷисмонӣ ва ҳамғайриҷисмонӣ башумор мерафт ва дар замон беохиру беҳудуд буд ва шаклу сифат надошт. Хусусияти тафсири Калкидий дар он буд, ки модда дар як замон ҳам тағйирпазир ва ҳам тағйирнопазир буда, таҳти таъсир қарор мегирад ва ҳам намегирад (шабеҳи ҷаҳонбинии Порфирий). Таъсири мутақобилаи ғояҳо, шаклҳо ва модда дар истилоҳоти афлотунӣ ҳамчун падар – писар – насли ҷавон баён шудааст. Тамоми мавҷудот маҳсули фаъолияти  Худо, табиат ё инсони рассомест, ки ба табиат тақлид мекунад. Тақдир дар сатҳи Рўҳи ҷаҳонӣ амал карда, ҳамчун ҷавҳар ва амал баррасӣ мешавад. Калкидий вуҷуди озодии иродаи инсон ва тасодуфро эътироф ва таълимоти равоқиюнро дар бораитақдирпарастӣ (ё қадария) нақд кардааст.

Як бахши дигари «Тафсир»-и Калкидий дар бораи рўҳи инсонист. Ў мисли Порфирий таърифоти Арастуро дар бораи рўҳ ҳамчун энтелехияи ҷисм рад карда, тафсири афлотунии рўҳро ҳамчун ҷавҳари худҳаракаткунандаи хирадманд афзалтар донистааст. Девшиносӣ дар «Тафсир»-и Калкидий дар муқоиса бо «Тимей» муфассалтар шарҳу тавзеҳ ёфтааст. Ў панҷ навъи девро махсус қайд кардааст: олӣ (фариштаҳо), латиф (ё эфирӣ), ҳавоӣ (ё нафис), обӣ, заминӣ (рўҳи инсонӣ). Таълифоти Калкидий миёни файласуфони асримиёнагӣ (то асри 12) пурэътимод буд.

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – С. 293-294.

Муаллиф: Н.Муминов

Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,
к
орманди шуъбаи
библиографияи миллӣ