Камол Айнӣ. Ҳофиз ва “Тарзи сухани Хоҷу”
Ғазалиёти Хоҷу дар ду девон – “Саноеъ-ул-камол” – “Сафариёт” ва “Бадоеъ-ул-ҷамол” – “Ҳазариёт” гирд оварда шудааст, ки ҳар ду 668 ғазалро фаро мегирад.
Мувофиқи маълумоти мавҷуда дар девони Хоҷу ғазалиёти ӯ бидуни интихоб дохил шудааст ва аз ин ҷиҳат, баробари бисёр ғазалҳои баландсанъат, баъзе тағаззуллоти на чандон муносиби номи шаҳири устоди Ҳофиз низ дида мешаванд.
Э. Браун дар китоби худ “Таърихи адабии Эрон” пас аз иқрор шуданаш, ки ҳамагӣ 75 ғазали Хоҷуро мутолиа кардааст, мегӯянд: “…ман натавонистам дар ғазалиёти ӯ лутфи ҷозиба ва ё хосияти ҷолибе кашф кунам”. Албатта, аз рӯи 75 ғазал дар бораи бештар аз 15 ҳазор байти девони шоир хулосае баровардан хатост. Алӣ Асғари Ҳикмат дар бораи ин ақида менависад, ки “…латофати ашъори хоссаи ғазалиёти Хоҷу дар назди форсизабонон маъруф ва мусаллам ва дар фазилати ӯ ҳамон бас бас аст, ки Хоҷа Ҳофиз ба ихтиёри сабки ў дар каломи хеш ишора менамояд». Чунончи, байти поён, ки ба Хоҷа Ҳофиз нисбат дода мешавад, хеле машҳур аст:
Устоди сухан Саъдист назди ҳама кас, аммо
Дорад ғазали Ҳофиз тарзи сухани Хоҷу.
Маҳорати сухангӯӣ ва ғазалсароии Хоҷуи Кирмонӣ чӣ дар гузашта аз тарафи муаллифони тазкира ва китобҳои таърих ва устодони сухан ва чи дар замони навин аз ҷониби тадқиқотчиён ва сухансанҷони мӯътабар қайд гардидааст. Ҳамдуллоҳ Муставфӣ дар «Таърихи гузида», ки дар соли 730 ҳиҷрӣ (1330 милодӣ) таълиф кардааст ва дар вақте ки Хоҷу чиҳилу як сол дошт, дар бораи Хоҷу менависад, ки «Хоҷуи Кирмонӣ шеъри неку дорад…» ва пас аз он ғазали поёниро намуна меорад:
Най зи дуди дили пуроташи мо менолад,
Ту мапиндор, ки аз боди ҳаво менолад.
Андалеб аст, ки аз бод наво месозад,
Хушсароест, ки дар пардасаро менолад.
Мани дилхаста агар з-он, ки зи дил менолам,
Боре, он хастаи беҷон зи куҷо менолад.
Мезанандаш натавонад, ки нанолад нафасе,
Захм дорад, на ба тазвиру риё менолад.
Бас ки роҳи дили арбоби ҳақиқат задааст,
Зоҳир он аст, ки аз тарси Худо менолад.
Нолаву зории Хоҷу агар аз бебаргист,
Ӯ чи дидаст, ки ҳар дам зи наво менолад.
Давлатшоҳи Самарқандӣ низ қудрати сухангӯии Хоҷуро қайд карда, фикри худро ба назари фозилон ва бузургон қувват медиҳад ва мегӯяд, ки «….ӯ соҳиби фазл ва хушгӯӣ аст ва сухани ӯро фозилону бузургон дар фасоҳат ва балоғат беназир медоранд ва ӯро нахлбанди шуаро меноманд…”
Муаллифи «Тазкираи Майхона» (асри XVII) назари худро нисбат ба Хоҷуи Кирмонӣ ва мавқеи суханварӣ ва қудрати он бисёр ошкор баён карда, дар қисмати ба шоир бахшидаи худ дар бораи ӯ менависад: «Суханваре беназир ва нуктапарваре дилпазир аст, манзумоти он сипеҳри сарири нуктадонӣ ва воридоти он маснаднишини маҳфили сухандони аксар рангин ва матин воқеъ шуда ва муосирони саромади он ягонагии замон, ўро нахлбанди шуаро гуфтаанд ва баъд аз ӯ низ ҳар замон ин хитобат бар ӯ мусаллам доштаанд».
Хоҷуи Кирмонӣ дар кишварҳои дигар низ писандида буд. У ҳамчун яке аз саромадони сухан дар байни урдузабонон ва уламои онон шуҳрат пайдо кардааст. Яке аз адибони урду Маҳдӣ Ҳусайни Носирӣ дар «Санодиди Аҷам» дар зарфи баёни ҳол ва зикри осори Хоҷу овардааст, ки ӯ дар ғазалгӯӣ маҳорате дошт. Қувваи ғазалсароӣ ва сухандонии Хоҷу дар таълифоти муаллифони давраи навини Эрон низ эътироф шудааст. Саид Нафисӣ дар рисолаи худ «Нахлбанди шуаро» дар бораи Хоҷуи Кирмонӣ гуфтааст, ки «…Сарсилсилаи сухансароёни асри хеш будааст… ва ғазалиёти Хоҷу… ба сабке аст миёни сабки Саъдӣ ва Ҳофиз, чунон ки метавон гуфт сабки Ҳофиз он ҷо берун омадааст…» Чанде аз донишмандони дигари Эрон низ ҳамин ақидаро пайравӣ кардаанд.
Муҳаммад Муин дар китоби «Нуктадоне базлугӯ чун Ҳофизи ширинсухан» ақидаи аз сабки Хоҷу ба вучуд омадани услуби Ҳофизро боз пештар ронда менависад, ки «ӯ дар ғазалсароӣ мутатаббеи сабки Саъдист ва бисёре аз ғазалиёти Шайхро тақлид кардааст ва услуби ӯ дар ғазал бо услуби Шайх наздик шудааст». Дар масъалаи муносибати Ҳофизу Хоҷу низ қайд кардааст: «Ҳофиз бисёре аз ғазалиёти ӯро дар маъни ва сабк ва мазмуну вазн татаббуъ фармудааст ва худро дар ғазал аз мутобеони ӯ донад».
Ин назар баъдтар боз ривоҷ дода шуд. Дар соли 1321 ҳиҷри Ризозодаи Шафақ на фақат навишта буд, ки «Хоҷу гузашта аз қасоид ва мадоеҳ ғазалиёти шево дорад ва дар ин тарз пайрав ва муқаллиди Шайх Саъдӣ аст ва дорои завқ ва қареҳаест ва аз ин ҳайс дар замони худ тарафи таваҷҷуҳ буд ва суханпардози бузурги он аср Ҳофиз шеъри ӯро меписандид ва татаббӯъ ва иқтидо мекард…» Гузашта аз ин, Шафақ дар «Таърихи адабиёти Эрон» ба хулосаи амиқтар омада, гуногунии сабки ғазалсароии Хоҷуро ҳарчанд ба таври умумӣ бошад ҳам, эътироф карда дар ҳамон ҷо навишта буд: «Метавон гуфт, тарзи ғазали Хоҷу аз ҷиҳате шабеҳ ба шеваи Саноӣ ва Шайх Аттор ва Мавлавӣ ва аз ҷиҳате шабеҳ ба сабки Ҳофиз аст».
Ба ҳамин тариқ Хоҷу ҳамчун устоди ғазалиёти латифу ботароват қабул шудааст.
Хоҷу ба ғазалиёти Саъдии Шерозӣ, Саноӣ, Шайх Аттор, Мавлавӣ пайравӣ карда, дар табъозмоӣ ба он андозае ба сабку шеваи устоди ғазал наздик шудааст, ки метавон гуфт, сабки ӯ дар бисёр мавридҳо аз гуфтори Саъдӣ ба вуҷуд омадааст. Чунин ҳолат дар назми форсу тоҷик дар он замон борҳо рӯй додааст ва гуфтан мумкин аст, ки ин худ як равияи адабии қувваозмоии шоирон бо ҳамдигар аст. Ба ғайр аз Ҳофизи Шерозӣ, ки бисёр ғазалҳои он, дар натиҷаи санҷиши табъи ӯ дар чорчӯбаи ғазалиёти Хоҷу ба вуҷуд омадааст, Саъдии Шерозӣ низ дар ҷумлаи шоирони дигар ашъори сухансароёни пешинаро дар эҷодиёти худ пайравӣ ва истифода кардааст, то он андозае, ки баъзан, сатрҳои алоҳида ва ибороти дигарон бо тағир додани баъзе калима, қофия ва ё вазн дар ғазалиёти ӯ дохил шудаанд.
Ҳамин равияи маълум, чи навъе ки зикр ёфт, дар эҷодиёти Хоҷу на ин ки камтар, балки бештар аз Саъдӣ (шояд баробари Ҳофиз бошад) мушоҳида мешавад. Ин ҷиҳати ғазалиёти Хоҷуро аз муосирони шоир Ҳайдари Шерозӣ дар як қитъаи худ зикр кардааст. Ҳайдари Шерозӣ ки аз шуарои маддоҳи Абусаид аст, дар вафоти ӯ (1335) марсия гуфта, пас ба Шероз ба дарбори Абу Исҳоқ (1341-1358) омада буд, бо Хоҷу рақобат дошт. Ҳангоме ки Хоҷу аз Кирмон ба Шероз, ба дарбори Абу Исҳоқ раҳсипор гардид, ӯ дар ҳузури Абу Исҳоҳ қитъае дар ҳаҷви Хоҷу навишт, ки ин байт аз он ҷост:
Мабар дар пеши шоир номи Хоҷу
Ки ӯ дуздест аз девони Саъдӣ.
Ҳаҷвияи Ҳайдари Шерозӣ ба зудӣ ба ҳама эълон шуд. Ба мо маълум нест, ки Хоҷу ба ин ҳаҷвия чи навъ ҷавоб дода бошад. Вале дар девони Хоҷу як ғазали 16 байтӣ ҳаст, ки аз аввал то ба охир шоир мисли хитобномае ба ҳасудон ва рақибон гуфтааст ва аз рӯи баъзе қаринаҳо боварӣ ҳаст, ки манзумаи поён шояд ба ҳамон муносибат навишта шуда бошанд:
Хасми беоб агар инкор кунад табъи маро
Оби дарё ба ароҷифи мумар кам нашавад.
Ҷам, агар аҳрамоне санг занад бар ҷонам,
Қимати лаъли Бадахшон ба ҳаҷар кам нашавад…
Душманам гар бигудозад зи ҳасад, гӯ: «Бугдоз»,
Ҷурми куффор ба таъзиби сақар кам нашавад…
Ҷавҳариро чи ғам аз таънаи ҳар муштарие,
Ки бад-ин қимати ёқуту гуҳар кам нашавад.
Макун андеша зи изои ҳадусон Хоҷу,
Нутқи Исо ба вуҷуди дами хар кам нашавад.
Ба ақидаи қатъӣ метавон гуфт, ки ғазалиёти Хоҷу мисли як гузаргоҳест дар роҳи инкишофи ғазал аз Саъдӣ то ба Ҳофиз. Дар ҳақиқат Саъдӣ устоди ғазал аст, Хоҷу санъаткорест, ки ғазалро бо роҳи он инкишоф дода, ба Ҳофиз расондааст, Ҳофиз дар навбати худ гуфтори гузаштагонро аз худ карда, ғазалро ба дараҷаи «муъҷиза» баровардааст.
Тадқиқотчиён бисёр ғазалҳои Ҳофизро бо ғазалҳои Хоҷу муқоиса кардаанд ва дар натиҷа як миқдор байте ба даст даромадааст, ки шабоҳати мисраъ, иборот ва маънӣ возеҳ аст. Вале баъзе аз тадқиқотчиён ақидае пеш меронанд, ки бо ҳамаи шабоҳати сухани Ҳофиз ба гуфтор ва шеваи Хоҷуй Кирмонӣ, номбурдаи дуввум гӯё як ғазалсарои одист ва ҳамеша дар назари онҳо шогирд аз устод мусалламтар аст. Дар Шиблии Нӯъмонӣ дар китоби худ «Шеър-ул-аҷам» (ҷ. II, саҳ. 184-192) ба масъалаи мартабаи суханронии Хоҷу ва Ҳофиз амиқтар наздик ки дар бисёр ҷойҳо бартарӣ ва заъфи каломи ҳам Хоҷу ва ҳам Ҳофизро таҳлил мекунад. Хоҷу мегӯяд:
Гар шудем аз бода бадноми ҷаҳон, тадбир чист
Ҳамчунин рафтаст аз рӯзи азал тақдири мо.
Ҳофиз мегӯяд:
Дар хароботи муғон мо низ ҳамдастон шавем,
К-ин чунин рафтаст аз рӯзи азал тақдири мо.
Дар ин байт Ҳофиз мисраи дуввумро аз Хоҷу биайниҳи иқтибос кардааст. Дар мисраи якум, ҳамон навъе, ки Шиблии Нуъмонӣ қайд мекунад: «…Хоҷа мазмуни Хоҷу ва низ алфози ӯро дарҳамбарҳам карда ва афсӯс, ки… онро беҳтар накардааст. Мисраи аввали Хоҷу зиёда барҷаста ва соф аст». Хоҷу мегӯяд:
Мо дили девона дар занҷири зулфаш бастаем,
Эй басо оқил, ки шуд девонаи занҷири мо.
Ҳофиз мегӯяд:
Ақл агар донад, ки дил дар банди зулфаш чун хуш аст,
Оқилон девона гарданд аз паи занҷири мо.
Шиблии Нӯъмонӣ дар ин бора навиштааст, ки мисраи аввали Хоҷу зиёда соф ва равон аст, вале дар он як нуктаи мисраи Хоҷу мавҷуд нест: модоме ки оқилон гирифтори ин занҷир гаштаанд, гирифтор шудани девона ҳеҷ ҷои тааҷҷуб надорад. Зеро умуман, девонагонро дар гузашта бо занҷир мебастанд. Ба ҳамин ҷиҳат банд будани дили девона дар занҷири зулф як ҳолати табиист. Хоҷа «девонагии дилро дар хулосаи таҳлил мегӯяд Шиблии Нӯъмонӣ, ҳеҷ зикр накардааст ва бад-ин ҷиҳат барои девонагии оқилон ҷиҳате, ки маъқул бошад, дар калом нест». Ба ин равия дар китоби Шиблии Нӯъмонӣ боз чандин мисол ҳаст…
Хонандаи азиз! Агар мехоҳӣ идомаи ин мақолаи хеле ҷаззоби марҳум Камол Айниро бихонӣ, пас тавсия медиҳем ба Китобхонаи миллӣ оӣ ва дар толори хониши матбуоти даврӣ маҷаллаи “Садои Шарқ, соли 1971, рақами чорумро дахост намоӣ. Дар ин шумора дар бораи Хоҷа Ҳфиз ва ашъори ӯ мақолаҳои донишмандони дигар низ чоп шуда, ки мутолааи онҳо аз фоида холӣ нест.
Таҳияи Носирова Шавқинисо,
мутахассис пешбари шуъбаи матбуоти даврӣ.