Камол Насрулло: Шоире навовару бешабеҳ ва нотакрор
Барои пажӯҳиши шеъри Абдулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил ва ҳамаҷониба фаро гирифтани эҷодиёт ва ҳунари шоирии ӯ муҳаққиқро, гумон мекунам, як зиндагӣ кам аст, ҳатто агар воқеан суханшиноси огоҳ ва соҳиби таҷрибаи комил дар шинохти шеъру сеҳри суханварӣ ҳам бошад. Барои шинохти шеъри Бедил танҳо суханшиносӣ, комилан донистани илми ирфону тасаввуф, илмҳои дигар-аз фалсафа то табиатшиносӣ ҳам кам аст, агар кас илми дигари нонавиштаеро, ки эъҷози офариниши калом, санъатҳои то Бедил кашфношуда, зуҳуроти тозатарину навтарини андешаву сувари хаёл ва падидаҳои тозатарини қаблан вуҷуд- надоштаи ҳунари суханвариро дарк накунад. Яъне, Бедил дар шеъри ҳазоронсолаи мо падидаест фавқулода нав, бемисл ва кашфношуда. Чунин аст таассуроти умумии банда аз шиносоӣ бо эҷодиёти ин нобиғаи суханвар.
Аммо эҷодиёти Бедил чунон густурдамавзуъ, гуногунҷабҳа ва рангинсимост, ки ҳар соҳибзавқе метавонад муштарии ҳамешагии ин ҳама содагиву мураккабӣ бошад. Чунин ҳам ҳаст. Эҷодиёти Бедил шомили шеърҳоест хеле равшану одиву содаву фаҳмо бо тасвирҳои беназири ноби шоирона чу чашмаҳои шаффоф, аммо Бедил дар баробари ин шоирест чунон мубҳаму мушкилфаҳму пурибҳому дандоншикан, ки барои фаҳми навиштаҳои ӯ бояд ба умқ-умқи андешаву тафаккур, дарки маънӣ ва забони тозабунёди шеър даромад, ки на ҳар кас ин ҳунар ва ин зӯру тавонро дорад.
Аммо ҳадафи мо аз ин навишта як ошноӣ бо ашъори нотакрори Бедил барои хеш аст, ашъоре, ки ӯро дар миёни мардуми мо мумтоз гардонидааст, ашъори дилпазире, ки асрҳост вирди забони мардуми мост. Мисли на байти машҳури Бедил, ки суруди мардумӣ шудааст:
Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст.
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.
Чи устокорона, дар ҳадди нубуғи суханварӣ ӯ тавониста тамоми фалсафаи ҳастии инсонро бо ин тасвири зиндаи шоирона дар ҳамин як байт ҷо бидиҳад.
Шумо равед ба як деҳаи дурдасти кӯҳистони Тоҷикистони мо ва аз мӯсафедон шеъри Бедилро суроғ кунед, дар посух бадоҳатан даҳҳо чунин байтҳоро аз забони онҳо хоҳед шунид.
Бубинед, ин байти равшану фаҳмои Бедили мураккабаёнро:
Дарёст қатрае, ки ба дарё расидааст,
Ҷуз мо касе дигар натавонанд ба мо расид.
Оё кӣ тавонистааст як андешаи бисёр мураккабу дақиқи фалсафиро бад-ин равонӣ ва тасвири шоиронаи зебо ба қалам бидиҳад?
Оё кист, ки як олам маънии зиндагӣ, таҷриба ва дарси ҳаётро дар ин як байти бисёр равшвну возеҳ дарк накунад?
Судем саропову ба пое нарасидем,
Аз хеш гузаштему ба ҷое нарасидем.
Ё ин байти зебову волоро бо ин бозёфти тозаи шоирона ва санъати баланд ва камоли равшанӣ:
Гар бо ин гармист оҳи шуълазои андалеб,
Шамъ равшан метавон кард аз садои андалеб.
«Шамъ равшан метавон кард аз садои андалеб!» Чӣ қадар шоирона зебо, чӣ қадар тоза ва чӣ қадар, метавон гуфт, модерн, бо таносуби волои сухан!
Аммо, мутассифона, Бедил танҳо ин баёнҳои содаву рӯшани афкори гарон нест, ки дар боло мисолҳояшро овардем. Барои дарки баъзе андешаҳову навиштаҳои ӯ хеле заҳмат бояд кашид ва оё ба дарки онҳо метавон расид, масъалаест, ки на ба ҳар кас даст медиҳад. Бедил худ инро иқрор карда аст:
Эй басо маънӣ, ки аз номаҳрамиҳои забон
Бо ҳама шӯхӣ муқими пардаи асрор нест.
Ва Бедил худ хонандаро аз услуби печидаи шеъраш огоҳ мекунад:
Маънии баланди ман фаҳми тунд мехоҳад,
Сайри фикрам осон нест, кӯҳаму кутал дорам.
Аммо мақсади мо ҳоло кушодани ин ҳама «пардаҳои асрор» ва «маънии баланд» нест, ки ин корро ба бедилшиносон вомегузорем ва нафаре, ки қудрати ин корро дорад, оё ҳаст, ё нест ва шояд, албатта метавонад аз байни фарҳангшиносони андешаманди мо пайдо шавад, агар дар ин ҷода тан ба заҳмату ҷоннисорӣ бидиҳад. Аммо ҳоло мо мекӯшем Бедилро ҳамчун шоири дилҳо, шоири эҳсосоти баланд, шоири тозагӯву навовар, шоири ҳунарманд, шоири санъатҳои тозаву воло, шоири баёнгари розҳои номакшуф то ҳадди қудратамон бишносем.
Ин навиштаҳо бардоштест самимонаву табиӣ аз ҷониби як хонанда, назару ҳайрату андешаҳое, ки аз ин мутолиа бардоштааст, бидуни ягон даъво. Аммо банда гумон дорам, ки бардошти як нафар мухлиси шеъри Бедил, як эҷодкори имрӯзӣ аз шеъри Абдулмаонӣ, ки шояд фарқи бузурге аз навиштаҳои олимони адабиётшинос дорад, низ барои хонандаи одӣ таваҷҷуҳангез ва ҷолиб хоҳад буд, зеро чунин назари холису самимона, бидуни пайгирӣ аз пажӯҳишоти касбӣ, махсусиятҳои худро низ дорад. Намегӯям, ки ба пажӯҳиши шеъри Бедил аз кӯчаи бехабарӣ омадаам, қаблан, то ҷойе, ки дастрасам буд, асарҳои пажӯҳиши донишмандони тоҷику эрониву афғониро хондам, дар бораи шеър, чӣ будани шеър ва вежагиҳои ҳунарии он андешаҳое аз роҳи пажӯҳиш доштаам. Шояд вежагии навиштаҳои банда ҳам дар он аст, ки на бо даъвои илмӣ ва на бо истифода аз назарияҳои адабиётшиносӣ, балки ҳамчун як хонандаи на бегона ба шеъру сухан ин навиштаҳоро рӯи қоғаз овардаам. Яъне ин андешаҳо дар ҳошияи мутолиаи «Девон»-и Абдулмаонӣ бардошти шахсии шоиронаи банда аст, ки бо нияти ворид шудану дарк кардани шеъри волои гузаштагон онро мутолиа кардааст, бидуни ҳадафҳои дигар…
Ин мақоларо аз китоби Шоири халқии Тоҷикистон устод Камол Насрулло “Бедилонро бедиле дилдор кард” иқтибос овардем, то хонандаро аз чопи як китоби хуби дигар, ки ба Китобхонаи миллӣ ҳам расидааст, пайғом диҳем.
Китоб соли гузашта бо талоши Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик” чоп шуда ва тавре аз мақолаи аввали он дарёфтед, андешаҳои муаллифро дар бораи шеъри Мирзо Абдулқодири Бедил дар бар мегирад.
Хоҳишмандон онро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Адиба Мардонзода
мутахассиси пешбар
шуъбаи мукаммалгардонӣ.