Камонча чист?
Камонча: 1) олатест, ки дар созҳои торӣ барои садобарорӣ истифода мешавад. Он аз чўбчаи борики каме хамгашта (мисли камон) сохта шуда, ба ду нўгаш аз қили асп торҳо кашида мешавад.
Камонча ду намуд дорад: камончаи сози ғижаки мардумӣ ва камончаи созҳои тории ҳозира (скрипка, алт, виолончел, контробас). Камончаи созҳои скрипка ва алт аз камончаи виолончелу контрабас ҳаҷман фарқ мекунанд. Барои садои форам баровардани созҳо ба торҳои камонча, канифол (моддаи шишамонанди зудшикан, ки барои ба торҳои камонча скрипка ғижак ва амсоли инҳо молидан истифода мебаранд) ё ширеши дарахти зардолу мемоланд.
Дар тўли солҳо сохт ва шакли камонча тағйир ёфтааст: аз кўтоҳ, камоншакл то каме фурўхамида, ки барои таранг кашидани қил дар он қолиб ва мехи тобдор насб шудааст. Дарозии камончаи ҳозира 75 см буда, онро дар асри 18 усто Ф. Турт ихтироъ кардааст.
2) Сози мусиқии тории камончадор, ки дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз маъмул аст. Аз косахонаи чўбии ба рўяш пўст кашидашуда, дастаи тарафи гўшакҳояш каме ғафстар ва торҳо иборат аст.
То асри 9 камонча ду – се тор дошт, ки аз рўдаи ҳайвонот тайёр карда мешуданд. Баъдтар камонча ба монанди скрипка чортора (торҳои пўлодин) шуда, бо фосилаи кварта-квинта («ля»- и октаваи хурд ба боло «ми», «ля», «ми») ҷўр мешавад. Чўби камончааш рост буда, ба он қили асп мекашанд.
Камонча сози якканавозӣ аст ва дар ансамбл бо дафу тор ва ғайра ҳамовоз мешавад. Ҳоло сози консертии эстрадӣ буда, ба ҳайати оркестри созҳои мардумӣ дохил аст.
Дар маҷмўъ ғижакро камонча мегўянд, ки он дар Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО оид ба сабт шудааст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии Тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 377.
Муаллиф: Ҷ. Обидпур.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ