Канаш Сергей Степанович- донишманде мутааллиқ ба ду кишвар
Канаш Сергей Степанович (23.9.1896 ш.Тошканд – 30.10.1975, ҳамонҷо), селексионер, академики Академияи умумииттифоқии илмҳои кишоварзӣ ба номи В. И. Ленин (1948) ва АФ ҶШС Ўзбекистон (1952). Ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи ҶШС Ўзбекистон ва ҶШС Тоҷикистон (1946).
Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (ҳоло Донишгоҳи миллии Ўзбекистон; 1925). Селексионер, ассистенти Стансияи навъсанҷии Туркистон (ҳоло Институти таҳқиқоти илмии селексия ва тухмипарварии пахтаи Вазорати кишоварзии ҶШС Ўзбекистон; 1925-1929), мудири шуъбаи Стансияи марказии навъсанҷии Институти умумииттифоқии таҳқиқоти илмии пахтакорӣ (СоюзНИХИ; 1930-1938), ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ (1939-1941), директор (1942-1957), узви раёсат (1952-1956), ҷонишин ва раиси шуъбаи илмҳои биологии АФ ҶШС Ўзбекистон (1956-1960), директори Институти таҳқиқоти илмии селексияи пахта ва тухмипарварии ҶШС Ўзбекистон (1960-1964).
Аз соли 1968 нафақагир. Муаллифи 90 таълифот оид ба тухмипарварӣ, биология ва селексияи пахта. Таҳти роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи Канаш навъҳои пахтаи дарознах ва ба вилт тобовари 8517, 8582, 8427, 18819, С-460, С-450. С-1579, С-1622, С-450555 рўёнда шудаанд. Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1941). Бо 2 ордени Ленин, 4 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Ситораи Сурх ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Бозчоп аз: Энсиклопедияимиллиитоҷик. Душанбе. – 2020. – Ҷ. 9. – С. 414-415.
Муаллиф. У. Шерхон.
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ