“Канди баста”-и Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ба Китобхонаи миллӣ расид
Дар ин китоб мақолаву номаҳо, пешгуфтору сафарномаҳо, меҳрномаву ёдномаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ Фарзона ҷамъ оварда шудааст. Маҷмуа барои ҳамаи ҳаводорони эҷодиёти адиб, адабиётшиносон ва пажӯҳишгарони осори Фарзона пешниҳод шудааст.
Мураттиби китобМатлубаи Мирзоюнус дар сарсухани пурмуҳтавои худ чигунагии ин китоби пурарзишро ин гуна ба қалам додааст:
Бо он ки шеър пурғунҷоиштарин шакли баёни андешаву эҳсос аст, гоҳе наср низ ончунон ҷаззобу ширин ва фарогири ногуфтаҳост, ки дар мақом мешавад онро тарҷеҳ дод. Аз батни мақолоту ёднома, сафарномаву хотирот, номаву пешгуфторҳо шахсияти адибро метавонем беҳтар шиносем.
Соли 2014 дар нашриёти «Адиб» маҷмуаи мақолаву хотироти Фарзона бо номи «Дарёи сӯзон» (муҳаррир Мубашшири Акбарзод) ба табъ расид, ки 25 намунаи осори мансури адибро дар бар гирифта буд. Хонандагон онро бо муҳаббат пазируфтанд, бинобар ин мо тасмим гирифтем, ки осори дигарро низ ҷамъ орем ва дар шакли комилтаре пешниҳод намоем. Албатта, китоби ҳозир низ комил нест, зеро барои ҷамъ кардани тамоми навиштаҳо фурсату ҳавсалаи бештар ва имконоти беҳтари молиявӣ барои чоп лозим аст. Аввалин хабару мақолаҳои Фарзона ҳанӯз овони донишҷӯияш дар нимаи аввали солҳои 80-уми асри гузашта дар рӯзномаи донишгоҳии «Маҳорати педагогӣ» ва нашрияи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» чоп шудаанд. Дар замони фаъолият дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» (сентябри 1986 – октябри 1988) дар аксари шумораҳои ин нашрия хабару мақола, очерку мусоҳибаҳои Фарзона бо номи Иноят Хоҷаева ба табъ расидаанд. Ҷамъ овардани ҳамаи ин навиштаҳо аз ҷониби муҳаққиқони ҷавон бисёр кори судманд хоҳад буд. Гузашта аз ин, аз оғози фаъолият то имрӯз мусоҳибаҳои Фарзона дар нашрияҳои гуногуни ватанӣ ва хориҷӣ интишор ёфтаанд, ки дар ҳамаи онҳо андешаҳои шоир оид ба вазъи адабиёт, рисолати шоир ва ҷойгоҳи шеър, масъалаҳои муҳимми фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, равобити адабӣ, тарҷумаи бадеӣ ва мисли инҳо баён шудаанд. Бештар аз 70 мусоҳибаи шоирро, ки дар нашрияҳои ватаниву хориҷӣ ба табъ расидаанд, метавон дар шакли як китоби алоҳида мураттаб намуд.
Инак, ин китобе, ки манзури хонандагони азиз мешавад, «Қанди баста» ном гирифт. Бо ин ном пешгуфтори Фарзона ба китоби устод Абдулманнони Насриддин «Сеҳри мубин» дар бораи ашъори Камоли Хуҷандӣ ба табъ расида буд. Азбаски шеъри Хоҷа Камол мисли қанди бастаест, ки онро мекушоиву аз шираву шарбати сухани ноб лаззат мебарӣ, мо ҳам ба умед китоби Фарзонаро ҳамин гуна номгузорӣ кардем, то алоқамандони осори ӯ аз ин қанд ком ширин кунанд.
Ба китоб 117 асар ворид шуд ва мо онро ба чанд фасл дастабандӣ кардем: мақолаҳо, пешгуфторҳо, номаҳо, сафарномаҳо, сипосномаҳо, номаҳои шодбошӣ, ёдномаҳо. Маводе, ки дар ин китоб ҷой гирифт, тақрибан дар муддати 35 соли охир навишта шуда, дар нашриёти даврӣ, дар маҷмуаҳои ҷашнӣ, дар китобҳои шоиру нависандагон ва муҳаққиқон интишор ёфтаанд. Маълум шуд, ки бахши азимтарини ин китоб иборат аз сарсуханҳо шудааст. 60 сарсухан ба даст омад, ки ба китобҳои шоирону нависандагони бузурги муосир, ба ашъори ҳамқаламон ва шогирдон, ба маҷмуаи навқаламон, китобҳои олимону донишмандон таълиф шудаанд. Бешак, бархе аз намунаҳои анвои гуногуни осор аз чашми мураттибон дур мондаанд, ки дар нашрҳои дигар ба инобат гирифта мешаванд.
Хонандагони гиромӣ ва ҳамаи ҳаводорони ашъори ноби шаҳбонуи шеъри форсӣ-тоҷикӣ Фарзонаи Хуҷандӣ “Қанди баста”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.