Кантата. Аз Аврупову Русия то Тоҷикистон
Кантата асари мусиқии тантанавӣ, ҳуснангези лирикӣ ё эпикии аз чанд қисми мукаммал иборат, ки барои яккахон, хор ва оркестр эҷод мешавад. Кантата аз рўи сохт ва хусусият ба жанри оратория қаробат дорад, вале ба эҷози мазмуну сужет аз он фарқ мекунад. Маъмулан, сарахбори оркестр (симфония, увертюра ва ғайра), ария, речитатив ва хор қисмҳои таркибии кантата мебошанд.
Кантата асри 17 дар Итолиё аввал дар шакли асари яккахонии лирикӣ ба вуҷуд омада, баъдан бо операи камеравӣ қаробат пайдо кард.
Дар Итолиё мазмуну мундариҷаи дунявӣ ва дар Олмон моҳияти динӣ дошт. Образҳои барҷастаи динию дунявии кантата хусусан дар эҷодиёти И. С. Бах (кантатаҳои дунявии «Каҳвахона», «Деҳқон») ифода ёфтаанд. Зинаи нави инкишофи жанри кантата бо эҷодиёти В. А. Мотсарт алоқаманд аст. Ў зимни кантата ва муноҷотҳояш услуби шаклан нави хорро ба вуҷуд овард, ки бо номи «Марсияҳо» машҳур аст. Дар Руссия жанри кантата дар асри 18 пайдо шуд. Намунаи классикии нантатаро П. И. Чайковский («Маскав»), Н. А. Римский-Корсаков («Аз силсилаи Ҳомер»), С. И. Танеев, С. В. Рахманинов ва дигарон офаридаанд.
Дар кантатаи муосир мақоми хор баланд шуда, сурудҳо тобишҳои мардумиву оммавӣ гирифтанд. Баробари мавзуъҳои таърихии ватанпарварӣ («Александр Невский»-и С. Прокофев «Дар майдони «Куликов»-и Ю. Шапорин) дар мавзуъҳои дигар низ кантатаҳо (кантата дар бораи Ватан»-и А. Арутнян, «Рўзи меҳнат»-и С. Агабабов) эҷод шуданд. Оҳангсозони тоҷик низ бо рангу бори хоси миллӣ кантатаҳои пурмазмун офаридаанд. «Васфи Сталинобод» (шеъри А. Лоҳутӣ. 1940»), «Ғалаба» (шеъри М. Миршакар, соли 1945)-и А. Ленский, «Садои Осиё»-и Х. Абдуллоев (шеъри М. Турсунзода,1956), «Кантата барои хор» (шеъри М. Миршакар, 1949), «Кантатаи идона» (шеъри Б. Раҳимзода, 1964) – З. Шаҳидӣ, «Зери байрақи ту»-и Ф. Баҳор (шеъри М. Раҳимӣ,1973), «Дар оғўши Ватан»-и М. Атоев (1974), «Ҷашни Фирўзӣ» (шеъри А. Сидқӣ, 1982), «Бахти рангин» (шеъри Лоиқ, 1984)-и Я. Сабзанов, «Кантата»-и А. Латифзода (1990), «Аҳура Маздо»-и А. Одинаев (1990) ва ғайра.
Боз чоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ. 9. – С. 435.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова, корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.