Карашмаи Нангиёлой: Вақте “Чеҳраҳои мондагор”-ро хондам, фаҳмидам, ки мо ориёӣ ҳастем
Духатарки афғонистоние, ки дар Тоҷикистон ба сар мебарад ва донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат аст, дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат» бо хондани 22 асари Пешвои миллат дар он ширкат ва бо гирифтани 40 хол ба ҷойи ифтихорӣ шарафёб шудааст.
Бо Карашма пас аз гирифтани ҷоизаву Ифтихорномаҳо суҳбати кутоҳе анҷом додем:
-Кӣ туро ба ширкта дар озмун ташвиқ намуд?
– Кӯмаки устодон ва падару модари азизам буд, ки маро ба озмун ҳавасман карданд ва далели дигари муҳим ин аст, ки замоне, ки китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллатро хондам, фаҳмидам, ки мо ориёӣ ҳастем ва аз қадим арзи вуҷуд доштаем. Пас аз мутолиаи он шавқу рағбатам ба мутолиаи асарҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар гардид ва дар ин озмун ширкат намудам.
-Чӣ эҳсос фарогират аст ин лаҳзаҳо аз гирифтани ин ҳама гулдастаҳову табрикҳо?
– Эҳсосамро наметавонам баён кунам, хеле хушҳолам. Умедворам солҳои баъд, агар озмун баргузор гардад, ҷои аввалро мегирам.
Хеле талош кардам, мутолиа кардам. 5-6 моҳ омодагӣ дидам, то соҳиби ҷойи аввал гардам, аммо ҷойи ифтихорӣ насибам шуд ва ин ҳам бароям ифтихори бузург аст!
-Аввалин китобе, ки аз низомнома хондӣ, кадом буд?
– “Чеҳраҳои мондагор” беҳтарин китобе буд, ки то ин замон хондам. “Чеҳраҳои мондагор” шахсиятҳои маъруфу бузургро бароям ошно намуд. Зеро дар он аз давлатдории Куруши Кабир то олимону шоирони забардасти мо маълумот додааст.
Ин китоб 2 маротиба солҳои 2016 ва 2023 бо такмил нашр шудааст. Ҳарду нашри онро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намудам. Ман аъзои Китобхонаи миллӣ ҳастам ва барои мутолиа ба ин муассиса меомадам.
Раҳима Аъзам.