КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО: Нависанда бояд рӯзгордидаву пуртаҷруба бошад

 Аз анҷоми ин суҳбат 10 моҳ сипарӣ шуд. Аммо бо баъзе сабабҳо натавонистам онро ба чоп ҳозир кунам. Суҳбати адиб, хоса адиби номваре чун Кароматуллоҳи Мирзо, ки миёни хонандагон аз маҳбубияти хосе бархурдор аст, куҳнагӣ надорад. Ин суҳбат дар авҷи коронавирус доир шуд, замоне буд, ки ҳатто дар серодамтарин кӯчаҳои шаҳри Душанбе аҳён-аҳён касонро медидем, ки равонанд. Узлатнишинӣ як талаби беҳдоштӣ барои солмандон буд. Аммо устод бовуҷуди ҳамаи ин барои суҳбат вақт пайдо карданд ва ба чанд суол посух гуфтанд. Ва табиист, ки суҳбатамон низ аз ҳамин мавзӯъ оғоз шуд: КОРОНАВИРУС ва таъсири он ба эҷоди нависанда.

Мо номи ин бемории марговарро, ки оламро фаро гирифтааст, қаблан мешунидему аз китобҳо мехондем. Ин беморӣ ҳоло ба сари ҳамзамонону мардуми мо омадааст.  Таърихи башар ин гуна фоҷеаҳоро зиёд дар хотир дорад, ки вабову тоун ҷони миллионҳоро гирифтаву миллионҳои дигарро бесару сомон карда буд. Аз ин рӯ, бояд мо худро эҳтиёт намоему гигиенаи шахсиро риоя намуда бошем. Ин беморӣ хусусан, барои калонсолон хавфноктар аст. Мо барои худ гӯшанишинӣ (карантин)-ро ихтиёр намудаем. Аммо дар хона бекор нишастан наметавонем. Рӯзе ки аз мо чизе нарӯяд, мо аз худ норизо ҳастем. Чун мо нависандаву аҳли эҷодем, зиндагии мо аз қаламу қоғаз ва паси миз вобаста аст. Банда, дар ин шабу рӯз чанд чизҳои хурду калон навиштам. Айни ҳол, аз рӯзгор ва зиндагиномаи устод Худоӣ Шарифзода қиссае менависам. Қисми аввали он анҷом ёфт. Бояд қайд намоям, хусусан дар ҳамин шабу рӯз серкортар ҳастам, зеро ҳамроҳи коргардон Раҷабалӣ Пиров аз рӯйи романи «Моҷарои зиндагӣ», ки бояд филме рӯи навор ояд, ҳамкорӣ дорем.

–  Имрӯз аз ҷавонон шиква зиёд аст, ки даст ба шуғлҳои дигар мезананд ва аз китобу омӯзиш дур шудаанд. Тафовут миёни ҷавонони имрӯз ва  гузашта дар чӣ аст?

 

Ҷавонии мо дар солҳои шастуми қарни бист гузаштааст. Як чизро ёдовар бояд шавам, ки чанде пеш ҳамроҳи Меҳмон Бахтӣ, марҳум Гулназар Келдӣ, Сайдалӣ Маъмур барои изҳори ҳамдардӣ ба хонаи як ҳамқаламамон Раҷаби Мусулмониён, ки аз ҳамин куруно гузаштаанд, рафтем. Мо дар сафари якҷоя гузаштаи худро ба хотир оварда афсӯс мехурдем. Чун ҷавонии мо зуд гузашту мо пай набурдем. Эҷоди мо аслан аз давраи ҷавонӣ оғоз ёфта буд. Китобҳоямон рӯйи чоп омаданду ба дасти хонандагон расиданд. Мо дар миёнсолӣ ба давраи соҳибистиқлолии Ватан расидем.

 – Ҳоло, ки аз Истиқлол гуфтед, мехостам дар ин бора суҳбат кунед. Яъне, Истиқлол аз нигоҳи Шумо?

– Дар баробари ба даст омадани Истиқлол қабл аз ҳама, ба мо адибон озодии забон, озодии баён ва сухан насибамон гашт. Беҳуда мо аз даврони ҷавонӣ ёдовар нашудем. Мо дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ эҷод менамудем, китобҳоямон дар ҳамон давра таълиф меёфтанду ба дасти мардум мерасиданд. Хонанда пайдо мекардем. Лек маҳдудиятҳо мавҷуд буданд. Дар роҳи эҷод озод набудем. Масалан мо Тоҷикистон – Ватанам гуфта наметавонистем. Мо ба ҳар комёбӣ, ному нишоне ноил гаштем, ҳамааш ба туфайли соҳибистиқлолӣ муяссарамон гашта. Имрӯз ҷавонон хушбахтанд. Чун онҳо дар ватани хеш бо сари баланд метавонанд Ватанам Тоҷикистон бигӯянду озодона аз миллату аз кишвари хеш ёд намоянду васф кунанд. Бубинед, чи имкониятҳои  хубу хуш барои насли имрӯза фароҳам оварда шудаанд. Президенти муҳтарам Пешвои миллат ҷавононро нерӯи созанда ёд намудаанд. Агар дар ёд дошта бошед соли 2017-ро муҳтарам Ҷаноби Олӣ “Соли ҷавонон” эълон карда буданд. Ҳамаи он ободониҳое, ки имрӯз дар кишвар мешавад, ҳиссаи ҷавонон аст.

Устод, соли сеюм аст, ки дар кишвари мо барои мутолиаи китоб мукофотпулиҳои калон ҷудо мешаванд. Ҳамин ташаббуси Ҳукумати кишварро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Яъне ман озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ду озмуни дигарро дар назар дорам.

 

– Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 2019 Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, эълон гашта буд. Озмун ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сарпарасти ин озмун ва озмуни “Тоҷикистон Ватани азизи ман” худи Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат мебошанд. Озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, дар чор давр барпо гашта дар соли 2019 бо мувафақият ҷамъбаст гашт, дар соли 2021 ҳам давом дорад.

Мардуми тоҷик аз азал ба китоб меҳр доранд, китоб мехонанд. Аммо солҳои охир мардум кам китоб мехондагӣ шудаанд. Таваҷҷуҳ бештар ба  воситаҳои электронӣ, аз қабили  телефону интернету компютер. Ҳадафи озмун низ баланд бардоштани завқи мардум ба китобхонӣ, хубтару беҳтар ба роҳ мондани кори китобхонаҳои кишвар, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, маҳсуб меёбад. Инчунин, агар дар мавриди чопхонаҳо гӯем, вазифа гузошта шудааст, ки нашриётҳо бештар бояд китоб чоп намоянд.

Банда, 14 сол директори нашриёти “Адиб” будам. Қаблан китобҳо дар анборҳо мехобиданд. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, нашриётҳоро водор намуд, ки корвонҳои китоб ташкил намоянд, китобҳо ба шаҳру ноҳияҳо бурда мешаванд. Бозори китоб ташкил карда шудааст. Масалан, дар нашриёти “Маориф” бо шарофати 30-солагии Истиқлоли кишвар 30 номгӯйи китоб, яъне китоби сӣ адибро ба чоп расониданд. Як нуктаро бояд қайд намоем, ки мутаассифона, нархи китоб гарон аст. Минбаъд бояд адади нашри китобҳо ва ҳам номгӯи китоб зиёдтар ба роҳ монда шавад. Ҳар қадаре, ки теъдоду номгӯй китобҳо зиёдтар чоп гарданд, нархи китоб арзонтар мешавад. Масалан, дар даврони Шӯравӣ китобҳои бачагона бо теъдоди 400-500 ҳазор нусха ба чоп мерасид. Ҳам дастраси ҳамагон буду ҳам арзон. Имрӯз ҳама аз Ҳукумат хоҳиш менамоянд, ки андози 18 фоизаро аз болои китоб бардоранд. Вагарна нархи китоб гаронтар мегардад.

 Аммо дар ин масъала вазорати молия ва кумитаи андоз хомўшанд, мададгор намешаванд. Ҳол он ки аз ҷониби Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхориҳои зиёде дар мавриди китобу китобхонӣ пешбинӣ шудааст. Кори китобхонаҳо ҳам ба назар қонеъкунанда наменамоянд. Чун медонему мебинем, теъдоди китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳот хеле зиёданд. Вале мутаассифона, на ҳамаи кормандони китобхонаҳо аз руйи ихтисос кору фаъолият мебаранд. Одамони аз китоб бехабар ҳам китобдоранд. Хуллас, имрӯзҳо одамони бо китоб ноошно китобдоранд. Дар замони Шӯравӣ китобро пеши пахтачинҳо, даравгарон мебурданд. Яъне, мақсади ман ҳамин, ки бояд кадрҳои дар  китобхонаҳо кор мекарда аз китоб бӯе дошта бошанд.

 –  Китобхонаи миллиро чӣ гуна мебинед? 

 

– Бинои Китобхонаи миллӣ муҳташам аст. Он мисли як қаср-қасри китоб. Чунин бинои муҳташаме бо номи Китобхона дар бисёр давлатҳои дигар мавҷуд нест. Сохти бино рамзӣ аст, шакли китоби кушодаро дорад. Яъне, ин нукта ба он далолат медиҳад, ки дари Китобхона ба руйи ҳама боз аст. Аз ҷумла, барои мо адибону фарҳангиён. Дар ҳамин даргоҳи муқаддас мавлуди 75-солагии банда таҷлил гардид, рӯнамоии китобҳоям низ ташкил ва баргузор шуда буданд, дар маҳфилу чорабиниҳое, ки дар Китобхона баргузор мегардид ширкат менамудам. Аз роҳбарияти Китобхонаи миллӣ миннатдорам. Китобам бо номи “Осорнома” бо кўмаки онҳо ба табъ расид.

–  Нависанда будан осон аст?

 

– Кори нависандагӣ мушкилу мӯшикофона аст. Бо номи пуршарафи нависандагӣ мушарраф гардидан мисли онест, ки бояд бо сӯзан чоҳ биканӣ, заҳмат кашӣ, меҳнат намоӣ. Касби нависандагӣ касби ба мардум панд додан аст, насиҳат намудан аст. Нависанда бояд рӯзгордидаву пуртаҷруба бошад. Некро аз бад ҷудо намуда тавонад.  Агар шеъру шоирӣ истеъдоди худододӣ  бошаду аз хурдӣ ба вуҷуд ояд, пас, барои нависанда шудан эҳсоси баланди зиндагӣ, таҷрубаи рӯзгор, диди зиндагӣ доштан зарур аст. Аксаран касоне, ки синну солашон андаке боло равад, пасон ба майдони нависандагӣ меоянд. Банда баъди 40 солагӣ ба узвияти Иттифоқи Нависандагони СССР пасон ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул гаштам. Зеро таҷрибаи зиндагӣ бароям бештар мегашт. Аз ҷониби дигар ҳанӯз дар синфи 5-6 мехондам, ки шавқу рағбати навиштан доштам, мақолаҳоям дар нашрияҳои даврӣ чоп мегаштанд. Барои ҳар як нависандаи асил як ҷузъиёти хурдакаке бояд боиси тавлиди ягон шоҳасар гардад. Масалан, романи сеҷилдаи “Дар орзуи падар” аз таассуроти аз зиндагӣ ҳосилнамудаам рўидааст. Медидам, ки фарзандон дар хонаи шавҳари нави модар рӯзи сиёҳе доранд. Аз оилавайронӣ маҳз тифлакон озор медиданд. Мавзўи романи навам  “Ишқи Сархӯр”, ки номаш рамзӣ аст, аз ҳаёти имрӯзаи ҷавонон гирифта шудааст. Чун ишқ инсонро ҳам ба мурод мерасонаду ҳам номурод мекунад. Дар романи “Ишқи Сархӯр” хислати ҷавонмардию мардонагӣ, ҷасорату фидоӣ ва ҳисси ватандпарастиву ватандӯстӣ хуб таҷассум ёфтааст.

Бояд гӯем, ки ин роман ҳаҷман бузург нест, вале хело солҳо болояш заҳмат кашидам. Ҳикояҳоям дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ва маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп мешуданд. Ҳикояҳо давоми ҳикояҳои дигар. Воқеаҳо нотамом, хонанда дар ҳайрат, ки баъд чӣ мешуда бошад. Махсусан, дар ҳикояи “Дарахт дар рӯи об”, ки дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ба табъ расида буду қаҳрамони асосӣ  дар сел ғарқ гардида буд, хонандагон зиёд пурсон мешуданд, ки баъд тақдири Сархӯр чӣ шуда бошад. Навиштаҳоям давом меёфтанд, ҳикояҳоям ҳикоя андар ҳикоя роман шуданд. Романи “Ишқи Сархўр”, онро барои хондан ба ҳамқаламон Нур Табар, Раҷаб Мардон, Мухтор Боқӣ ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб супоридам. Директори Нашриёти “Адиб” Давлати Сафар ин романи бандаро дар шакли китоб дастраси хонандагон намуд, ки миннатдории хешро баён медорам. Романи “Ишқи Сархӯр” мухлисони зиёд пайдо намудааст.

Сипоси бепоён, барои суҳбати хубу ҷолибатон!

 

 Суҳбаторо: Фарзонаи МИРЗО