Картлии Гурҷистон, ки замоне як музофоти давлати Сосониён буд
Картли, минтақаи таърихӣ дар қисми шимолӣ ва марказии Гурҷистон, маркази ташаккули нахустин давлати бузурги гурҷиҳо – Иберия (асри 3 то м.). Аз соли 523 яке аз музофотҳои давлати Сосониён буд.
Дар аҳди сулолаи Багратиҳои Арман мавқеи ҳукумати шоҳии Картли устувор гардид. Дар нимаи дуввуми асри 7 ба ҳайати хилофат дохил шуд ва дар Картли аморати мустақили арабҳо (марказаш Тифлис) ташкил ёфт. Аз охири асри 8 дар қисми шарқии Картли ҳукуматҳои маҳаллии Кахети ва Лозистон (Эгриси) ба вуҷуд омаданд.
Дар асрҳои 10–11 дар ҳайати ҳукумати шоҳии Гурҷистон ва давлати Салҷуқиён буд. Картли дар аҳди ҳукумати шоҳ Довуди IV (1089–1125) аз зери нуфузи мусулмонон баромада, ба маркази иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Гурҷистон табдил ёфт. Баъди тохтутози муғулҳо ба Гурҷистон (нимаи дуввуми асри 13) давраи авҷи тараққиёти Картли хотима ёфт.
Пас аз лашкаркашии Темуриён ва туркманҳо ба Гурҷистон мустақил шуд (1466). Дар асрҳои 16–17 яке аз минтақаҳои рақобати давлати Сафавиён ва Империяи Усмонӣ буд; солҳои 1632–1744 аз ҷониби ҳокимони дастнишондаи Сафавиён идора мешуд. Дар асоси аҳдномаи Русия ва Империяи Усмонӣ (1724), Гурҷистони Шарқӣ ба итоати туркҳо гузашт ва соли 1763 дубора ба Эрон ҳамроҳ шуд (1763). Соли 1744 ҳукумати шоҳии Картли – Кахетия таъсис ёфт, ки расман зери нуфузи Эрон ва Русия (аз 1783) қарор дошт.
Пеш аз ҷанги Русия ва Туркия (1787–91) сарбозони рус аз Гурҷистон хориҷ шуданд ва шоҳони маҳаллии гурҷӣ барои ҳифзи кишвари худ бо роҳбарии Ираклийи II иттиҳод бастанд (1790). Картли пас аз юриши Муҳаммадхони Қоҷор ба Пасиқафқоз (1795–97) ва барҳам хўрдани ҳукумати шоҳии Картли – Кахетия ба ҳайати губернатори Тифлис дохил шуд. Дар асрҳои 19–20 маркази сиёсӣ ва фарҳангии Гурҷистон буд. Ҳоло дар ҳудуди Картли шаҳрҳои Тифлис, Рустави, Схинвал, Душети, Борҷомӣ ва ғайра ҷойгиранд.
Бозчон аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 571-572.
Муаллиф: Ю. Яъқубов
Таҳияи Шаҳноза Садирзода,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.