Кашмакашҳо дар дудмони Сомониён. Дар бораи Исҳоқ ибни Аҳмад чӣ медонед?

Намояндаи хонадони Сомониён, ҳокими Самарқанд, яке аз 7 бародари Наср ва Исмоили Сомонӣ буд. Исҳоқ ибни Аҳмад дар давраи муборизаи бародаронаш Наср ва Исмоили Сомонӣ аввал аз бародари  калониаш Наср ҷонибдорӣ мекард. Соли 888 Наср дар иттиҳод бо Асад ва Исҳоқ ибни Аҳмад бар зидди Исмоили Сомонӣ ҷанг эълон кард. Исҳоқ ибни Аҳмад бар муборизаи зидди Исмоил шикаст хўрда, сипас, ўро ҷонибдорӣ кард.

Баҳори 888 Исмоили Сомонӣ дар иттиҳод бо Исҳоқ ибни Аҳмад амир Насрро шикаст дод. Исҳоқ ибни Аҳмад дар аҳди ҳукмронии Исмоили Сомонӣ ҳокими Самарқанд таъйин шуд. Ў баъди фавти Исмоили Сомонӣ бар зидди бародарзодааш Аҳмад ибни Исмоил (ҳукмронӣ 907-914) сар бардошта, кўшиш кард, ки мавқеи худро дар Самарқанд устувор намояд.

Соли 907 Аҳмад ибни Исмоил бо машварати мушовири дарбори Сомониён-Иброҳими Зайд Исҳоқ ибни Аҳмадро дар куҳандизи Бухоро зиндонӣ кард. Исҳоқ ибни Аҳмад соли 911 аз зиндон озод шуда, дубора ҳокими Самарқанду Фарғона таъйин гардид.

Пас аз кушта шудани Аҳмад ибни Исмоил (914), Исҳоқ ибни Аҳмад бо ду писараш-Мансур ва Илёс зидди амири нав-Насри II шўриш бардошт. Ба лашкари Исҳоқ ибни Аҳмад писараш роҳбарӣ мекард. Илёс ба сўи Бухоро ҳаракат кард. Дар рўзҳои аввали набард Исҳоқ ибни Аҳмад дар муборизаи зидди сарлашкари Насри II – Ҳамавайҳ ибни Алӣ шикаст хўрда, ба Самарқанд фирор намуд. Баъд, Исҳоқ ибни Аҳмад дар Самарқанд аз нав сипоҳ ҷамъ оварда, дубора ба сўи Бухоро лашкар кашид. Дар ин набарди тақдирсоз Исҳоқ ибни Аҳмад  шикаст хўрд ва дар Самарқанд ба дасти Ҳамавайҳ асир афтод.

Исҳоқ ибни Аҳмад  бо дастури Насри II дар Бухоро зиндонӣ шуда, баъд аз чанд муддат вафот кард. Писарони Исҳоқ ибни Аҳмад – Мансур ва Илёс чанд бори дигар дар Самарқанд, Ҳирот ва Нишопур бар зидди давлати Сомониён исён бардоштанд.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 3.

Муаллиф: С. Маҳмадуллоев.
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова
Корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ