Катибаҳо дар гузашта ва имрӯз

КатибаҳоНавиштаҳо, ҳуҷҷатҳое, ки дар ашёи сахт ва пурбақову устувор бо хат ё аломатҳои шартӣ бо мақсади боқӣ доштани ёди воқеаҳои таърихӣ, адабӣ ва ғайра сабт карда мешаванд. Катибаҳо дар кўҳу харсангҳо, девори қасрҳову мақбараҳо, сутунҳо, девори масҷидҳо, сангҳои қабру мазор, лавҳа ва тахтаҷаҳои тилоӣ, гаҷӣ, гилӣ, устухон, асбобу ашё, зарфҳои нуқраӣ, биринҷӣ, сафолӣ, яроқу аслиҳа, тангаҳо асбобу лавозимоти ороиши занон, дару дарвозаҳо, табақу косаҳо, ҷомҳо ва ғайра сабт мешаванд.

Катибаҳо матолиби фаровонеро оид ба сиёсат, воқеаҳои таърихӣ ва адабӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, идеологӣ ғайра дар бар гирифта манбаи муҳимми омўзиши таърихи қадим, асрҳои миёна ва ғайра мебошанд (Катибаҳои Ҳахоманишиён, Катибаи Пойкулӣ, Катибаҳои Картир, Катибаҳои Ардашери Бобакон, Катибаҳои Шопури 1 ва ғайра) аз дастнависҳои қадима тасвироти рўисангӣ фарқ мекунанд.

Дар замони аз ҳам ҷудо набудани навъҳои санъат (синкретизм) катибаҳо бо тасвирот як буданд. Аз марзи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳангоми ҳафриёти бостоншиносӣ катибаҳои бисёри суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ ва ғайра кашф гардидаанд. Катибаҳоро  як соҳаи илми таърих – катибашиносӣ (эпиграфика) меомўзад. Адабиётшиносон ва забоншиносон низ катибаро меомўзанд, чунки онҳо санади муҳимми таърихи забон ва баъзеашон осори бадеӣ ба шумор мераванд. Дар катибаҳои Ҳахоманишиён, Сосониён (осори забони форсии миёна) ва ғайра порчаҳое ба назар мерасанд, ки хусусияти адабиву бадеӣ доранд; 2) як навъ шеър, порчаҳои хурди манзуму мансурро гўянд, ки ба пайравӣ ва тақлиди катибаи қадим гуфта шуда, дар маҷмўаҳои ашъор ва ё асарҳои шоирону нависандагон ҷой дода шудаанд.

Дар адабиёти классикии форс-тоҷик катибанависӣ расм нагардида буд, вале  дар осори намояндагони он  шоҳбайт ва порчаҳои мансуреро, дарёфтан мумкин аст, ки рўи санги қабр, мазор, пештоқи масҷиду қасрҳо, хонаҳо, сангҳои сари роҳ, кўҳҳо ва дигар ҷойҳо сабт гардидаанд. Катибаҳое, ки солҳои 60-80 асри 20 дар осори Расул Ҳамзатов ва Лоиқ ба назар мерасанд, маҷозан гуфта шудаанд, ки гуё дар рўи ханҷар, санги мазор, санги сари роҳ, дарвоза, болор, гаҳвора, танбўр, сутун ва ғайра сабт гардидаанд. Аз рўи мазмун ва мундариҷа чунин катибаро ба рўи ашёи зикршуда ҳақиқатан ҳам сабт кардан мумкин аст.

Катиба маъниву мазмуни баланд доранд, афкору андешаҳои ахлоқӣ, андарзӣ ва ибратомўзро дар бар мегиранд. Дар таълифи Катиба шоирону нависандагон аз осори шифоҳии мардумӣ (байтҳо, рубоиҳо, зарбулмасалу мақолҳо ва ғайра) истифода менамоянд. Забон ва тарзи баён дар катиба равон, содаву фасеҳ аст. Мисолҳо аз катибаи  Расул Ҳамзатов (тарҷумаи Аслам Адҳам):

Эй мусофир, бигзарӣ гар аз дарам бе илтифот!

Барфу борон, барфу борон бар сарат!

Меҳмоно, гар зи даргоҳам нагардӣ бонишот,

Барфу борон, барфу борон бар сарам!

(Катибаи дарвоза)

Ханҷар ар бар кор н-ояд занг бандад дар ғилоф,

Мард агар пурхоб бошад, хомфарбеҳ мешавад.

(Катибаи ханҷар)

Додош далеру ҳақпараст инсон буд,

Ҳамноми падар бихуфта ин ҷо кўдак.

Дар тори сараш ханҷари мероси падар,

Шаъну шарафи падар бувад бо кўдак.

(Катибаи гаҳвора)

 

АЗ КАТИБАҲОИ ЛОИҚ:

Ба даври шаҳсутуни хонақоҳе

Чунин шоҳбайт аз оқил гувоҳе:

«Намеарзад барои молу мансаб

Бародарзода бифребад бародар.

Чу мо фарзанди кӯҳҳои баландем

Ба мо пастӣ намезебад, бародар!»

 

Устухонатро зи баъди даҳ сада,

Ёфтанд аз зери хоки деҳкада.

Устухон бисёр дар зери замин,

Устухони пайкарони одамин.

Аз миёни хирмани сутхони хушк

Ҳар кадомеро чу мекарданд даст,

Устухоне нола зад, фарёд зад,

Пас бидонистанд, сутхони ту аст.

(Дар девори мақбараи Рўдакӣ)

 

Хаёлманду мушавваш зи санг менигарӣ,

Ҳанўз хотираҳои ногуфта бисёр аст.

Ҳанўз мекашӣ озор андаруни лаҳад,

Ки захмҳои танат хунчакону хуншор аст.

Чу бурдӣ он ҳама захми замон ба зери замин

Замин чу пайкари захмии туст, афгор аст.

(Дар санги мақбараи Айнӣ)

 

Яксолагии туро бидидам, хуш бош,

Садсолагии туро бубинам, эй кош!

(Дар туҳфаи зодрўз)

Ниҳолеро, ки бишнондӣ, расо шуд,

Аз ў як шох баҳрат иттико шуд.

 

Як рўз қади расову як рўз дуто,

Як рўз камон ба даст, як рўз асо.

(Дар асо ва чигасҳо)

 

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 625-626.
Муаллиф: Диловаров М.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ