Катибаи санги мазор

Катибаи санги мазорКатибаи санги мазор китоба, эпиграфия, навиштаҷоти рўи санги мазор, қабр ё девори мақбара. Навиштани катибаи санги мазор дар адабу фарҳанги тоҷик аз замони қадим вуҷуд дошт ва пас аз қабули дини ислом бештар густариш ёфт. Дар катибаи санги мазор ба равони мурдагон дуруд фиристода мешуд, аз Худованд барои онҳо охирати обод, роҳи рост ба ҷаннат дархост мегардид.

Ба воситаи катибаи санги мазор хешу ақрабои шахси даргузашта ғаму андуҳи худро изҳор медоранд. Катибаи санги мазорро бо хатҳои арабии куфӣ, ҷалӣ, насх ё настаълиқ менавиштанд. Абёти зери Ҳофизи Шерозӣ аз мавҷуд будани катибаи санги мазор дар асрҳои миёна гувоҳӣ медиҳанд:

Дило, дидӣ, ки он фарзона фарзанд
Чӣ дид андар хами ин тоқи рангин.

Ба ҷои лавҳи симин дар канораш,
Фалак бар сар ниҳода лавҳи сангин.

Катибаи санги мазор ба шакли муроҷиати хешу табор ба даргузашта, муроҷиат ба зиёраткунандагони оромгоҳҳо (қабристон) ва дигарон тартиб дода мешавад. Дар катибаи санги мазор ному насаби шахси даргузашта, таърихи вилодату фавт бо пораи шеър ё наср, баъзан моддаи таърихи вилодату фавт, агар шоир бошад, порае аз шеъраш  ва ғайра сабт мегардад.

Катибаи санги мазор ба шакли шеъри форсӣ-тоҷикии марсия шабоҳат дорад. Баъзан барои тартиб додани катибаи санги мазор ва ё марсия хешовандони шахси даргузашта ба шоир ё адибе муроҷиат мекунанд. Намунаҳо аз эҷодиёти Лоиқ:

Ҷавон рафтӣ ба мақсад норасида,

Зӣ боғи зиндагӣ як гул начида.

Ту ғарқи об гардидиву моро

Бикардӣ об андар оби дида

***

Рафтиву талоши рўҳу ҷонат боқист,

Ёди ту чу нури хонадонат боқист,

То мо ба ҷаҳон ному нишоне дорем,

Маҳбуб падар, ному нишонат боқист.

***

Бе рӯи ту моҳу офтобам гум шуд,

Орому қарору хӯрду хобам гумм шуд.

Эй модари сарпарасту сар то по дил,

Баъди сари ту сари ҳисобам гум шуд.

***

Қурбони ту, эй модари қурбонгашта,

Ободии ин ҷаҳони вайронгашта.

Пайдои ту моем дар ин дунё, лек,

Ту дар дили хок рафта, пинҳон гашта.

***

Зи сад гул як гулат нашкуфта рўзе,

Аз ин дунё дили ғамнок бурдӣ,

Ҷавонӣ зеби дунё дорад, афсўс,

Ҷавониро ту зери хок бурдӣ.

***

Равшандиле аз табори оташ бурдӣ,

Як умр қаламкашу аламкаш будӣ.

***

Азизон, сер рўи ҳам бибинед,

Шумо ҳоло, ки дар рўи заминед.

***

Дар санги мазори Фотеҳ Ниёзӣ:

Ниёзӣ гўиё алъон

Зи майдонҳои ҷанг омад.

Надида як дам оромӣ,

Зи сангарҳо ба санг омад.

***

Бозчоп аз: Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – 2020, Душанбе. – Ҷ.9. – С.624-625.

Муаллиф: Саъдиева Г.

Таҳияи Зафар Ғолибов,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ