Кино не, кинология. Илмест дар сагшиносӣ
Кинология, илми сагшиносӣ, бахше аз зоотехникаи ҷўзъӣ. Кинология анатомияву физиология, пайдоишу хонагӣ кардан, таҳаввулот, парвариш, нигоҳубин, хўрокдиҳӣ, афзоиш ва истифодаи сагҳоро меомўзад. Кинология ҳамчунин усулҳои нави селексияву зотофарӣ, стандартҳои зот, роҳҳои арзёбии экстерйер ва сифатҳои кории сагҳоро таҳқиқ мекунад.
Маълумоти аввалин оид ба зоти сагҳо дар таълифоти Арасту дучор меояд. Ў 300 сол пеш аз милод сагҳоро вобаста ба маҳалли пайдоиш ба зот (мас., ҳиндуӣ, мисрӣ ва ғайра) тақсим кардааст. Ҳамчунин дар таълифоти Овидий, Публий, Оппиан ва дигарон оид ба истифодаи сагҳо дар шикор, ҷанг, корҳои алоқа ва посбонӣ сухан рафтааст.
Дар асрҳои миёна сагҳо ба бўйгир, шикорӣ, тозӣ ва ғайра ҷудо карда мешуданд. Дар даври Эҳё сагҳои зоти хушнамуд пайдо шуданд. Кинологияи муосир солҳои 1960-80 баробари пайдоиши клубҳои миллии нахустини сагпарварӣ ба вуҷуд омадааст. Бисёр мафҳум ва усулҳои кинология аз илми нисбатан қадим-иппология сарчашма гирифтаанд. Кинология дар мактабҳои олии равияи зоотехникӣ, ҳамчунин дар баъзе мактабҳои вазорату мақомоти қудратӣ таълим дода мешавад.
Кинология дар Тоҷикистон соли 1962 дар сохтори ВКД арзи ҳастӣ кардааст. Соли 1998 дар ҳайяти Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Иттиҳодияи парваришгоҳи сагҳои хидматӣ ташкил карда шуд. Чунин парваришгоҳҳо дар раёсатҳои корҳои дохилии вилоятҳои Суғду Хатлон, Дастаи тайиноти махсуси милитсия, Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёт ва Раёсати хадамоти давлатии «Муҳофиза» низ таъсис дода шудаанд. То соли 2004 роҳбарии онро подполковники милитсия Ё. Одинаев ба уҳда дошт. Дар ин давра сагҳои хидматӣ борҳо қочоқи маводи мухаддир ва таркандаро дарёфт намуда дар ошкор кардани чиноятҳои вазнин саҳми назаррас гузоштаанд.
Моҳи феврали 2007 дар ҷумҳурӣ Маркази хадамоти кинологияи ВКД таъсис ёфт. Хидмати кинологӣ дар самтҳои гуногун-кофтукови маводди мухаддир, моддаҳои тарканда, озод кардани гаравгонҳо дар вақти амалиёти махсус, тарбияи мутахсссисони соҳа ва ғайра хуб ба роҳ монда шудааст. Кормандони Маркази хадамоти кинологияи ВКД бо сагҳо дар чорбиниҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ошкор кардани ҷиноятҳо саҳми назарас мегузоранд.
Кормандон ва роҳбарияти Маркази хадамоти кинологияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз дигар давлатҳо дастрас кардани сагҳои хушзот тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. Аз Олмон, Русия ва Қазоқистон ба ҷумҳурӣ 7 сар саги хушзот оварда шуд. Дар Маркази хадамоти кинологияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо корҳои зотпарварӣ ва селексионӣ гузаронида, наслҳои хушзот ба даст оварданд. Барои тайёр кардани саги хидматӣ тақрибан 1 сол зарур аст.
Бозчоп аз Энсиклопедии Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – С. 113-114.
ЗИМНАН: Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Маркази кинологӣ таъсис шуда ва асасан ба таълиму истифодаи сагҳои хидматӣ дар кашфи маводи мухаддир машғул аст.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.