Кишваршиносӣ. Борсориғ
Дар бораи ин шаҳри Хуттал танҳо хабари муаллифи “Ҳудуду-л-олам”то замони мо омада расидааст, ки тибқи он: “Борсориғ, Мунк ва Тамлиёт-шаҳракҳоеанд хурд ва бисёрнеъмату ободон ва мардумони ҷангӣ”. Баръакси ин хабар, маълумотҳои сарчашмаҳои арабӣ аз он дарак доданд, ки Мунк шаҳри калонтарини Хуттал ва Тамлиёт бошад дар ҳақиқат шаҳри хурд буд. Дар хусуси ҷои тавоҷуди Борсориғ мутаасифона хабаре дар даст нест.
Абурайҳони Берунӣ (973-1048) дар асари худ “Қонуни Масъудӣ” ҷадвале дорад, ки дар он арзу тӯли ҷойгиршавии шаҳрҳои Хутталро нишон додааст. Ӯ шаҳру вилоятҳои зеринро азони Хуттал донистааст: Вахш, Тамлиёт, Мунк, Ҳаловард, Чорпоя (ҷорёна), Ҳулбук, Роҳшаҳр ё Бароҳшаҳр (дар асл бо “син”, яъне Роҳсаҳр омадааст), Порғар, Андиҷороғ, Бадахшон,вилояти Куррон ва каме баъдтар ”Помир” ва “қалъаи Жошт” (Рашт)-ро низ ба Хуттал ҳамроҳ кардааст.
… Вилояти Куррон бошад, дар сарҳадоти ҷанубу ғарби Бадахшон воқеъ гардидааст.Дар хусуси дохили Хатлон кардани шаҳри Бадахшон аз ҷониби Берунӣ ин амри тасодуфӣ нест. Зеро, чи хеле ки дар боло дидем, Хатлон бо худи шаҳри Бадахшон дар мавзеи Шашпул ҳамсарҳад буд. Ғайр аз ин ҳамаи маълумоти сарчашмаҳо ва он чи ки мо дар таҳқиқи худ овардем, баёнгари онанд, ки ба сабаби таърихан қавмҳои якхела будан , якҷоя зистан, заминҳои умумӣ доштан маҳфумҳои ҷуғрофии Тахористон , Хатлон ва Бадахшон дар тӯли таърих доимо якдигарро ивазкунанда, фарогиранда ва таӯйирёбанда буданд. Намунаи ин тағирёбӣ ончи аст, ки Берунӣ овардааст.
Агар аз рӯи инсоф гӯем, шаҳри Бадахшон низ чун яке аз шаҳрҳои Хуттал будааст. Зеро Ибни Ҳавқал ҳарчанд Бадахшонро ҷузъи Хуттал нагуфтааст, лекин Бадахшон ва рустоҳои он- ҳамаашонро дар зимни шаҳрҳои Хуттал дар якҷоягӣ бо шаҳрҳои Хуттал ёд кардааст. Чунончи, дар моддаи “Хуттал” Ибни Ҳавқал фармудааст: “Ҳамаи шаҳрҳои Хуттал дорои наҳрҳою дарахтон буда, замини ниҳоят ҳосилхез доранд ва ҳамаашон ба ғайр аз Сикандара дар заминҳои ҳамвор воқеъ гардидаанд. Сикандара дар кӯҳҳо ҷойгир аст. Дар асл сарзамини Хуттал ҳама кӯҳистон аст ба ғайр аз Вахш. Шаҳри калонтарини Хуттал Мунк аст ва пас аз он-Ҳулбук ва мақоми султон (подшоҳ) дар Ҳулбук аст. Хуттал дар байни дарёҳои Вахшоб ва дарёи Бадахшон , ки Харбоб (ё Ҷпрёб, дурусташ-Харноб) ном дорад, воқеъ мебошад. Дар ҳар гӯшаю канори он анҳори (анҳр) зиёдест, ки то Тирмиз дар наздикии Қубодиён ҳамаашон ба Ҷайҳун мерезанд. Мунк дар бузургӣ баробари Андароба ва Ҳулбук аз он хурдтар мебошад. Биноҳои ин шаҳрҳо аз лой, аммо девори Мунк аз оҳаксангу санг сохта шудаанд. Сарҳадоти Хуттал то ба Вахону Куррон (Куррон баъди Бадахшон воқеъ гардида буд), ки дору-л-куфр мебошанд, мерасад. Бадахшон аз Мунк хурдтар буда, дорои рустоҳои зиёди ободи ҳосилхез мебошад. Дар онҳо ангуру меваҳои гуногун ва наҳрҳои зиёд мавҷуд аст. Он (Бадахшон) дар наздикии наҳри Харбоб (Харноб,яъне Кӯкча) дар ғарбии он воқеъ гардидааст. Хутт бо интоҷи маҳсулоти зиёди гуногун машҳур аст. Аз он барои тиҷорат аспу хачир бароварда мешавад….”
Шаҳрҳои Вахш Леваканд ва Ҳовард ба вилояти Вахш (минтақаи Вахшу Калхозободу Қурғонтеппаи имрӯза то Сарбанд) дохил буданд.
Аз китоби “Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз”-и Ғолиб Ғоибов, ки соли 2006 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Манижа ИБРАГИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ