Кишваршиносӣ. Форғар (Порғар), Фархори имрӯза

ФорғарНуқтаи дигар дар формулаи мазкур Форғар (Борғар ё Порғар),яъне Фархор мебошад,ки он дар дурии якрӯза роҳ (37-48 км) аз Нучоро воқеъ будааст.Зоири чинӣ Сюан-сзан ҳангоми сафари худ ба Ҳиндустон аз қаламрави Тухоло (Тахористон) гузаштанаш аз шаҳре бо номи Poh-Li-hoh (По-ли-ҳо), яъне Фархор ёд карда гуфтааст, ки шаҳри асосии он, яъне марказаш-шаҳри хеле калон мебошад.Тарҷумон ва ношири асари мазкур-С.Бил ва олими шаҳир Й.Маркварт он Фархорро воқеъ дар ҷои Фархори дар вилояти Тахори Афғонистон дар ҳавзаи дарёи Кӯкча мавҷуд буда медонистанд.

Ин ақидаи хато мавриди танқиди А.М.Беленитский қарор гирифт.Ӯ шаҳри Фархорро дар соҳили рости дарёи Панҷ воқеъ медонист. Муаллифи “Ҳудуду-л олам”бошад зимни номбар карданм шаҳрҳои Хатлон оиди Фархор навиштааст,ки Борғар (Порғар) шаҳрест ободон ва бисёркишту барз ва бисёрмардум”. Мутаасифона ин тавсиф мавзеи тавоҷуди шаҳри Фархорро аниқ намекунад. Дар ҷои дигар дар бораи рӯде сухан гуфта шудааст, ки он рӯди Сурхоб мебошад: “Ва дигар рӯдест аз сӯи Буттамон ба шаст фарсанг биравад аз кӯҳҳои вай, ки аз ноҳияти шимол ба ҷануб дорад, то ба Мунк ва Ҳулбук расад ва чун ба Порғар расад, андар Ҷайҳун афтад”.

Албатта сар шудани рӯди мазкур аз кӯҳҳои Буттаман ба ҳақиқат рост намеояд. Аммо дарёчаи Оби мазор дар ҳақиқат аз Мунки Ховалинг сар шуда ба сӯи Балҷувон меравад. Дар он ҷо чанд оби дигар ба он ҳамроҳ шуда, дарёи Сурхоб асосан ташкил мегардад. Сипас Сурхоб то ба Ҳулбук (Қурбоншаҳиди имрӯзаи ноҳияи Восеъ)расида, аз он каме поёнтар дар наздикии кӯҳи намаки Хоҷамӯмин бо дарёи Ёхсу якҷоя шуда, то ба ноҳияи Фархор меравад.Дар ин ҷо дарёчаи Оби Тоҳир,ки аз Кангурту деҳоти Данғараю Блиён меояд ба он ҳамроҳ мешавад ва каме дуртар аз Фархор ба дарёи Панҷ мерезад.

Мутаасифона, ҳамаи муаллифони сарчашмаҳои мавҷудаи ҷуғрофӣ (Ал-Истахрӣ, Ибни Ҳавқал, Ал-Муқаддасӣ) фақат номи Форғарро зимни шаҳрҳои дигари Хуттал номбар карданду халос ва ягон маълумоти дигаре оиди мавзеи ҷойгиршавии он наовардаанд.

Ногуфта намонад, ки бостоншиноси тоҷик Х.Ю.Муҳиддинов дар ҳавзаи дарёи Сурхоб дар 3 километрии шимоли шаҳраки Фархори ҳозира як гурӯҳ ёдгориҳоро ошкор намуд.Инҳо- Шӯр ё Мазортеппа, ки 10 га масоҳат дошта, замони ободияш ба асрҳои миёнаи барвақтӣ рост меомад,маҷмӯаи ёдгориҳои Саксанохур воқеъ дар якунимкилометрии шимолу шарқи Шӯртеппа: Шаҳртеппа воқеъ дар 4-5 километрии шимоли Саксанохур-дар деҳаи Гулобод,ки ба асрҳои 6-7 таалуқ дорад: Чоргултеппа,ки дар назди гузаргоҳи қадимаи дарёи Сурхоб воқеъ аст ва ба замони асрҳои миёнаи барвақтӣ нисбат дорад,мебошанд.

Мутаасифона ин хизмати Х.Ю.Муҳиддинов низ кори моро осон намекунад. Зеро ин шаҳрҳои дар 3-7 километрии шимоли шаҳраки Фархори имрӯза кашфшуда ба асрҳои 4-7 таалуқ доранд. Дар байни онҳо Фархори асрҳои 9-11-ро,ки хабарҳои сарчашмаҳо ба бузургу сермардум будани он далолат мекунанд, ҳеҷ намеёбем.

Аммо дар ноҳияи Фархор харобаҳои шаҳри бузурги қадимаи дигаре мавҷуданд,ки он харобаҳо бешубҳа ба асрҳои 9-11 таалуқ дошта,ин шаҳр ҳамон Фархори матлуби ио мебошад. Харобаҳои ин шаҳр Золи Зард ном дошта, дар қисми шимолу шарқии теппаи Уртабуз наздик ба дарёи Панҷ воқеъ гардидаанд.

Агар кас ба роҳи Душанбе-Фархор аз болои дарёи Сияҳоби ноҳияи Ҳамадонӣ аз мавзее, ки “Поплавок” ном дорад гузашта, ба ғарб ба сӯи Фархор бо мошин ҳаракат кунад, дар болои теппаи Уртабуз аз тарафи чап харобаҳои шаҳри азимеро дида дар ҳайрат мемонад. “Агар кас ба болои куҳандизи он баромада ба атрофаш назар мекард-менависад М.Азизов,-дар масоҳати 60 га чашмаш ба майдони бузурги шаҳр, кӯчаҳои баъзе росту баъзе каҷу килеби он, маҳаллаву ҳавзҳо,кӯшку қасрҳои зери хок ниҳонбуда меафтод. Деворҳои бузурги 5-метра…”.

Дар охири мақолаи мазкур тавзеҳи редаксия чоп гардида, дар он гуфта мешавад,ки “бостоншиносон” аз рӯи таҳқиқи рӯякӣ қабатҳои поёнии Золи Зардро ба қарнҳои 1-2 мелодӣ ва қабатҳои болоияшро ба асрҳои 10-12 нисбат додаанд”. Ба ақидаи мо ҷустуҷӯҳои ояндаи бостоншиносӣ бешубҳа дар ин харобаҳо қабати асри 9-ро низ пайдо хоҳанд кард.

Дар қисми ҷануби ин харобаҳо канали қадимаи серобе мегузарад, ки мардуми шаҳр аз оби он истифода  мекарданд.

Ҳамин тавр,ба ақидаи мо Фархори асри 10, ки дар формулаи мазкур омадааст, маҳз дар ҷои ҳамин харобаҳои Золи Зард, ки ҳозир ҳам шаҳр будани он аён аст ва зиёда аз 60 га масоҳат дорад, воқеъ буд.Бузургию ҳашамати шаҳр,наҳри калон ва заминҳои киштбоби атрофи он ҳама далели сермардумию серкишту барз будани ин мавзеъ,мебошад. Аз тарафи дигар худи калимаи “Борғар”-болои кӯҳ (теппа) ё-“домани кӯҳ”гуфтанӣ гап аст, ки дар ҳарду ҳолат ҳам ба мавзеи ҷойгиршавии шаҳр мувофиқ мебошад.

Масофаи роҳ низ аз Нучоро, яъне аз наздикиҳои Кокули дашти Турғай-теппа (наздикиҳои дарёи Кӯкча) то ба харобаҳои Золи Зард тақрибан 45-48 км-ро ташкил медиҳад, ки ин масофаи –якрӯза роҳ аст. Дар бораи ин роҳ, яъне аз дашти Турғай-теппа (харобаҳои Нучоро) то ба деҳаи Сайёд, ки дар соҳили рости Панҷ қарор дошт, дар асри 19 ва шояд пештар низ роҳе вуҷуд доштааст. Сайёҳи англис                                            Вуд, ки дар асри 19 аз Турғай-теппа то ба назди дарёи Панҷ расида, аз дарё гузашта ба деҳаи Сайёд омада буд, дар ин бора дар китоби худ хабар додааст: “Дар тӯли тамоми роӯ дар давоми 28 мил дар пеши назари сайёҳон чарогоҳҳои беҳтарин дар як тарафи дарё(и Кӯкча),ки дар тарафи чап монда ва кӯҳҳо, ки дар ҷониби рост монда буданд,тӯл мекашиданд. Ин ҳамворӣ (дашт) Турғай-теппа ном дорад.Зуд-зуд боқимондаҳои канале, ки аз Ҷонқалъа ибтидо мегирифт, ба назар мерасиданд….19-уми марти соли( 1838) Вуд аз Окс (Панҷ) дар наздикии Ҷонқалъа дар рӯ ба рӯи деҳаи Сайёд убур кард….Сайёд дар соҳили доимии Окс қарор дорад, на чун Ҷонқалъа, ки дар назди маҷрои кӯҳнаи он воқеъ мебошад”.

Деҳаи нисбатан калони Сайёд, ки дар соҳили Панҷ воқеъ гашта дар замони Вуд дар он зиёда аз 100 хонавода зиндагӣ мекард, баъдтар боз ҳам калону обод гашта, ин минтақа ба бекигарии Сайёд  табдил ёфта буд.Аммо дар тобистони соли 1904 дарёи Панҷ нохост маҷрои худро ба куллӣ дигар кард ва ба тамоми қувва рӯ ба деҳаи Сайёд оварда, онро пурра ба ҳамачизе, ки дар он буд, шуста бурд.

Сайёди нав каме дуртар аз он дар ҳудуди совхози ба номи Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ дар масофаи1,5 км аз соҳили дарёи Панҷ дар домани теппаи баланде тӯл кашидааст.

Дар хусуси  Сайёди нав сухан ронда, оиди харобаҳои шаҳри нисбатан калони асрҳои IX-XI,ки дар назди ҳамин деҳа ҷойгир буда, дар илм аз номи деҳа –Сайёд ном гирифтаанд,лозим меояд чанд сухане гӯем. Масоҳати ин шаҳр хеле калон будааст:1,2х0,5 км. Аз ин шаҳр маводи зиёди археологӣ ва намунаҳои волои санъати гаҷкорӣ бо навиштаҷотҳо ба даст омадаанд.

Мутаасифона, то имрӯз маълум нест, ки дар ҷои харобаҳои Сайёд кадом шаҳри Хуттал воқеъ гардида буд.

Аз китоби  “Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз”-и Ғолиб Ғоибов, ки соли 2006 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст.  Китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Манижа ИБРАГИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ