Кишваршиносӣ. Кӯлҳои Тоҷикистон
Кӯлҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ба мисли шабакаи дарёҳо нобаробар ҷойгир шудаанд. Онҳо вобаста ба иқлим ва релйеф бештар дар мавзеъҳои кӯҳӣ пайдо шудаанд ва аз ҳамдигар аз ҷиҳати пайдоиш, масоҳат, ғизогирӣ, мавҷудияти организмҳо, шӯрию ширинии об, умқ фарқ мекунанд. Аксари кӯлҳо асосан дар минтақаи иқлими намии нокифоя, тобистони мӯътадил, зимистони мӯътадили нарм ва хунукии сербарф дар баландиҳои аз 2 900- 4 700-4 800 то 5 000 м пайдо шудаанд.
Барои ҳосил шудани кӯлҳо дар ин минтақа баландии маҳал, мавҷуд будани шаклҳои гуногуни релеф, пиряхҳо ва бориш дар давоми сол мусоидат менамояд. Омили дигари ҳосилшавии кӯлҳои кӯҳсор лағзиш ва кандашавию фуромадани кӯҳпораҳо мебошад. Дар ин маврид ҷинсҳои кӯҳӣ сари роҳи ҷараёни дарёҳоро мегиранд ва дар натиҷа кӯл ҳосил мешавад. Кӯлҳои ҳамворӣ дар ҳамвориҳо, он ҷойҳое, ки дар таркиби таҳшинҳо, оҳакгсанг, гач, намак вуҷуд дорад ва зери таъсири обҳои зеризаминию сатҳизаминӣ тез шуста мешаванд, пайдо шудаанд. Дар ташаккул ва инкишофи кӯлҳо омилҳои геологӣ, геоморфологӣ, иқлимӣ ва ғайра таъсир мерасонанд. Вобаста ба ин олимон пайдоиши ҳавзаи кӯлҳоро ба таври гуногун маънидод карда, онҳоро аз ҷиҳати пайдоиш ба гурӯҳҳо ҷудо намудаанд. Аз ҷумла, ҷуғрофиёдони Шӯравӣ Р. Д. Забиров кӯлҳои Осиёи Миёнаро омӯхта, аз нигоҳи пайдоиш онҳоро ба 7 намуд ҷудо кардааст:
- Кӯлҳои пайдоиши тектоникӣ. Ин намуди кӯлҳо дар фурӯхамидаҳои тектоникӣ, дар натиҷаи тағйири шадиди қишри Замин пайдо шудаанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон ба ин намуд кӯлҳои Помири Шарқӣ, аз ҷумла, Қарокӯл, Зоркӯл, Искандаркӯл, Рангкӯл ва ғайра дохил мешаванд.
- Кӯлҳои сӯфакӯҳҳои баланд. Онҳо дар ҳамин ағбаҳо дар натиҷаи ба қабати замин суст задани обҳои борон ва ё ҷорӣ пайдо шудаанд. Кӯлҳое, ки дар водии дарёи Аличур воқеъ гардидаанд, ба ҳамин намуди кӯлҳо дохил мешаванд ва бо моилии соҳилҳову умқи ками худ фарқ мекунанд.
- Кӯлҳои моренавӣ. Ин намуди кӯлҳо дар водиҳои кӯҳӣ, дар натиҷаи об шуда, ақиб рафтани худи пирях ё забонаи он, моренаҳои бо пирях омада, пеши ҷараёни обҳои атмосферӣ ва ҷориро гирифта ҳосил шудаанд. Он маъмулан, дар забонаи пиряхҳои қадим пайдо мешаванд. Масалан, кӯлҳои Марғузор, Кӯли калони водии Зарафшон ва кӯлҳои водии дарёи Қаратоғ.
- Кӯлҳои фурӯғалтӣ. Пайдоиши ин намуди кӯлҳо ба кӯчиши ҷинсҳои кӯҳии дар нишебии онҳо мавҷуд вобаста аст. Дар натиҷаи фурӯ рафтану пеши маҷрои оби дарёҳои кӯҳиро банд кардан пайдо мешаванд.Чунин кӯлҳо бо умқи худ фарқ мекунанд. Сарез ва Сабзкӯл (Яшилкӯл)-и Помир аз ҷумлаи чунин кӯлҳо мебошанд.
- Кӯлҳои шуставӣ. Онҳо дар водии дарёҳо дар натиҷаи ивазшавии маҷрои дарёҳо ва ё нест шудани маҷрои пешинаи он ба вуҷуд меоянд.Чунин кӯлҳоро дар водии дарёҳои Аму, Сир ва ғайра дидан мумкин аст.
- Кӯлҳои делтавӣ ё резишгоҳӣ. Ин намуди кӯлҳо ниҳоят каманд. Калонтарини он дар резишгоҳи дарёи Ому (кӯли Судач) мавҷуд аст, ки 35 км дарозӣ ва 15 км паҳноӣ дорад.
- Кӯлҳои ниҳоӣ. Ин намуди кӯлҳо дар натиҷаи истифодаи оби дарё барои обёрӣ ва дигар амалҳо ҳосил мешавад. Аз ҷумла, кӯли Қарангӣ дар резишгоҳи дарёи Зарафшон.
Дар бораи ин таснифот фикри олимон гуногун аст. Олимони Шӯравӣ И.С. Шукин кӯлҳои Тоҷикистонро аз нигоҳи пайдоиши ҳавзаашон ба бандшуда, моренавӣ, карстӣ – чӯкида, Р.И.Селиванов ба пиряхӣ, бандшуда, амиқ, соҳилидарёӣ ва сатҳӣ, Д.А.Чумичев ба чӯкида, тектоникию пиряхӣ, пиряхию моренавӣ, лойқавию шӯр, соҳилидарёӣ тақсим карда, дар асари ба наздикӣ чопшудаи М.Раҳимов кӯлҳо ба тектоникӣ-пиряхӣ, карстӣ бандшуда, маҷроӣ ва дар таҳқиқоти Ҳ.Аброров кӯлҳо, ба тектоникӣ, пиряхӣ, бандшуда ва ҳидрогенӣ (обӣ) ҷудо шудаанд. Ҳалли дурусти ин масъала таҳқиқати мушаххасро талаб мекунад.
Дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 2 000 кӯл мавҷуд аст, ки бештари онҳо дар баландиҳои 3 500 – 5 000 м воқеъ гардидаанд. Агар 1%-и масоҳати Тоҷикистонро кӯлҳо ишғол карда бошанд, кӯлҳои Помир 5,4%-и масоҳати онро ишғол кардаанд. Маълум мешавад, ки миқдор ва масоҳату ҳаҷми асосии кӯлҳо ба мавзеъҳои баландкӯҳ ва пеш аз ҳама ба ҳудуди Помир рост меояд. Дар мавзеи кӯҳҳои паст ва доманакӯҳҳо тақрибан 100 кӯл бо масоҳати 17 км 2 мавҷуданд. Аз рӯи маълумоти охирин дар мавзеи баландкӯҳҳо 1 920 кӯл мавҷуд аст, масоҳати умумии онҳо 709 км2. Бузургтарини онҳо Сарез ( 80 км 2), Зоркӯл (36,9 км2), Яшилкӯл (36,6 км2), Қарокӯл (380 км2), Искандаркӯл (3,4 км2) мебошанд. Ҳаҷми умумии оби кӯлҳо 46,3 км2. Захираи оби ширини кӯлҳо 19,3 км3 аст, ки 17,3 км3 ба кӯли Сарез рост меояд. 90 % – и кӯлҳои обашон шӯрро оби Қароқӯл (бузургтарин кӯли Тоҷикистон) ташкил медиҳад. Умқи он дар қисми ғарибиаш то 238 м, дарозиаш 30 км ва паҳноияш 23,4 км, ҳаҷми обаш 26,5 км3 мебошад. Дарозии марзи он 163,6 км.Таркиби оби кӯл аз намаки натрий, калий, хлор, сулфатҳо ва ғ. иборат аст. Оби кӯл аз моҳи ноябр то моҳҳои май – июн ях мекунад. Ғафсии яхи он ба ҳисоби миёна 0,5м. Ба кӯл дарёҳои Музкӯл ва Қароҷилға мерезанд. Ҷиҳати хосси соҳили кӯл он аст, ки дар масофаи якчанд км аз ях таркиб ёфтааст. Қарокӯл пайдоиши тектоникӣ – пиряхӣ дорад. Шӯркул ва Рангкӯл низ ба ҳамин намуд дохил мешаванд. Рангкӯл дар баландии 3 762 м воқеъ буда, тавассути шохоб бо Шӯркул пайваст мебошад. Сатҳи оби он аз сатҳи оби Қарокӯл 130 м пасттар аст. Ба кӯлҳои бандшуда Сарез, Шадакӯл ва Яшилкӯл дохил мешаванд. Ҳар ду кӯли аввал дар як вақт, соли 1911 дар натиҷаи заминларза пайдо шудаанд. Дар натиҷаи ин заминларза анбӯҳи ҷинсҳои кӯҳии фурӯғалтида бо баландии 800 м ва паҳнои 5 км пеши маҷрои дарёи Мурғобро банд намуд. Агар дарозӣ ва умқи Сарезро муқоиса намоем, соли 1913 дарозии он 28 км, умқаш 280 м буд. Соли 1987 ин нишондодҳо мувофиқан ба 55,8 км ва 499,6 м баробар шуданд. Яшикӯл ҳам дар натиҷаи бо анбӯҳи ҷинсҳои кӯҳӣ банд шудани маҷрои дарёи Аличур пайдо шудааст. Соҳили кӯлро аз шимолу ҷануб шохаҳои кӯҳи Аличури Шимолӣ ва Ҷанубӣ иҳота намудаанд. Дарёҳои Аличур, Марҷонаи Калон ва Хурд ба он ҷорӣ шуда, танҳо дарёи Бартанг аз он берун меояд. Аҳамияти ин кӯлҳо барои танзими табиии оби дарёҳо бузург аст.
Дар ҳудуди Тоҷикистони Марказӣ низ кӯлҳои масоҳаташон хурд зиёданд. Аксари онҳо дар қисми миёнакӯҳ воқеъ гардидаанд. Дар худи ҳавза ва шохобҳои дарёи Зарафшон 60 кӯл дар баландии бештар аз 1000 м мавҷуданд. Масоҳати умумии онҳо 9,18 км2. Мувофиқи маълумоти муҳақиқ Ҳ. Аброров, дар ҳавзаи дарёи Моғиён – 16 кӯл, Киштӯд – 28 кӯл, Пасрӯд – 4 кӯл ва дарёи Искандар – 12 кӯл ҷойгиранд. Ин кӯлҳо ба намуди кӯлҳои бандшуда ва тектоникию пиряхӣ мансубанд. Искандаркӯл калонтарин кӯли Тоҷикистони марказӣ мебошад. Масоҳати он 3,4 км2, дарозиаш 3,26 км, паҳноиаш 2,9 км. Ба Искандаркӯл дарёҳои Саратоғ, Ҳазормеш, Сарема ва Панҷчашма мерезанд. Ҳаҷми оби он 172 млн м3,ҷои амиқаш 72 м. Кӯл дар баландии 2 255 м аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Ин мавзеъ барои ҳосил гардидани майдони ҷоришавии дарёи Искандар мусоид аст. Дарозии дарё 18 – 20 км ва моилии он дар ҳар як км 30 – 35 м–ро ташкил медиҳад. Дар силсилакӯҳи Ҳисор, ғайр аз Искандаркӯл, кӯлҳои хурд (Темурдара, Кулчаузак, Пайрон, Анкантат, Қарокӯл, Серима ва ғ.) мавҷуданд. Пайдоиши онҳо ҳам ба тағйири пирях ва бандшавии маҷрои дарёчаҳо мавҷуд аст.
Дар доманкӯҳҳо ва ҳамвориҳои наздикӯҳӣ кӯлҳо шӯр ва гилолуд (лойқа) бештар вомехӯранд. Бахусус, дар доманаи кӯҳҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ чунин кӯлҳо бисёранд. Кӯлҳои шӯр асосан дар атрофи кони намаки Хоҷасартез ва дар гумбази кони Хоҷамӯъмин вохӯрданд, ки дар натиҷаи намакро шуста бурдани обҳои зеризаминӣ ба вуҷуд омадаанд. Бинобар ин, онҳоро кӯлҳо карстӣ ҳам мегӯянд. Дар мавзеъҳое, ки ҷинсҳои кӯҳии мулоим (гач, бӯр, оҳаксанг) паҳн гардидаанд, низ дар натиҷаи шуста бурдани онҳо кӯлҳои начандон калон пайдо шудаанд. Ба ин кӯлҳо Лоҳур (ҷанубтари деҳаи Кӯктош), Истан (дар кӯҳи Гулизиндони Рашт), Лангари Моҳиён (дар шаҳри Исфара) дохил мешаванд. Кӯлҳои старистагӣ (маҷроӣ) ё соҳилӣ дар водии дарёҳои Вахш, Панҷ, Сир вомехӯранд. Онҳо камоншакл буда, дар натиҷаи обхезиҳо пайдо шудаанд. Ин гуна кӯлҳо дар минтақаи “Бешаи палангон” низ бисёранд. Дар онҳо моҳӣ ва парандагони обӣ мавҷуданд. Кӯли шӯри Оқсукон аз кӯлҳои шӯри ҷануби Тоҷикистон фарқ мекунад, дар фасли тобистон хушк шуда, дар тагаш намак ҳосил мешавад. Онро ҷамъ намуда, тавассути коркарди махсус ҳамчун намаки ошӣ ва лойқаи онро барои муолиҷаи беморон истифода мебаранд. Кӯл дар баландии 429 м воқеъ аст, масоҳаташ 12 км2. Аз ғарб ба шарқ ба масофаи 13 км тӯл кашида, паҳноиаш 0,5 – 2 км, умқаш 0,5 – 0, 7 м аст.
Бозчоп аз Энциклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, С. 82-84.
Муаллиф: Х.Муҳаббатов
Таҳияи Муҳаббат Киром
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.