Кишваршиносӣ. Маранд

МарандДар хусуси ин шаҳри Хутт аз ҷумлаи ҷуғрофиёни арабу форси асрҳои  9-11 фақат Ал-Муқаддасӣ хабар додааст. Ӯ ду маротиба  дар китоби худ аз шаҳри Маранд  ёд карда, навиштааст, ки  “Маранд серодаму обод аст”. Ҳар ду маротиба низ Ал-Муқаддасӣ  аз шаҳри Маранд  баъди Ҳулбук  ёд кардааст ва чунин ба  назар мерасад, ки  он шаҳр шояд дар наздикиҳои  Ҳулбук воқеъ будааст. Дар ин сурат мо метавонем харобаҳои шаҳри азими Манзартеппаро дар наздикии деҳаи Эмомалии ноҳияи Восеъ шаҳри Миранд донем. Худи  калимаи “Миранд”ё “маранда” дар забони тоҷикӣ бо маънои  “кӯза” ва “сабӯ”низ мебошад.

Манзартеппа дар ҷануби деҳаи Эмомалии мазкур воқеъ гардида, зиёда аз 100 га-ро фаро мегирад ва ёдгории асри 9-12 мебошад. Ҳоло “як қисми онро қабристони деҳаи Гулободи колхози “Москва”, қисми дигарашро ( 40 га) замини ғаллаи колхоз ташкил кардааст. Фақат 30 га монда буд, ки  ҳаминро низ моҳи феврали соли ҷорӣ (1986) тасмачархҳои  колхоз ба вайрон кардан шуруъ карданд”.

Мутаасифона, ба сабаби нарасидани маблағ бошад ё сабабҳои дигар, ёдгориҳои  асримиёнагии Хуттал то ҳанӯз омӯхта нашудаанд ва дар ин байн Манзартеппа низ истисно нест. Дар соли 1979 зери роҳбарии бостоншинос  Э.Ғуломова  талабагони  мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе аъзоёни маҳфили бостоншиносии  Академияи хурди илмҳо  дар Ҳулбук ва Манзартеппа кофтуковҳо гузарониданд. Дар натиҷаи кофтуковҳо талабаҳо аз зери хок аз Манзартеппа 35 атрдони шишагии бутун ёфтанд, ки онҳо ба нақшу нигорҳои аҷоибу зебои нотакрор зинат дода шуда буданд.

Шаҳри дар ҷои Манзартеппа воқеъ гардида аз ҷумлаи шаҳрҳои ба минтақаи Дилии  Хатлон дохилбуда ба ҳисоб рафта, яке аз марказҳои муҳиму аслии таърихию фарҳангии Хуттал буд. Аз ҳамин  сабаб ҳам шогирдони Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ наъши ӯро  дар соли 1384 дар назди хонақоҳи ҳамин шаҳр ба хок  супорида буданд.

Аз китоби “Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз”-и Ғолиб Ғоибов, ки соли 2006 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст.  Китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Манижа ИБРАГИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ