Кишваршиносӣ. Нучоро-Андиҷороғ (Андишороъ, Бануҷоро…)
Муаллифони қариб ҳамаи сарчашмаҳои ҷуғрофии арабӣ номи ин шаҳрро ҳамчун Андиҷороғ,Андишороъ, Бануҷоро зикр карда, фақат муаллифи форсиасли “Ҳудуду-л олам”онро дар шакли “Нучоро”овардааст, ки гумон меравад, шакли дурусти номи он шаҳр ҳамин Нучоро аст. Як чиз будани номҳои Андиҷороғу Нучороро ҳанӯз А.М.Беленитский қайд карда буд.
Оиди мавқеи ҷойгиршавии ин шаҳри Хатлон Ал-Муқаддасӣ навиштааст: “Андиҷороғ шаҳри хурд аст ва дар наздикии Ҷайҳун воқеъ гаштааст. Оби менушидагии мардуми Андиҷороғ аз наҳрҳое мебошанд, ки то ба он омада мерасанд”. Аз навиштаи Ал-Муқаддасӣ маълум мегардад, ки Нучоро шаҳри хурде буда дар наздикии Ҷайҳун, яъне дарёи Панҷ воқеъ будааст. Оби менушидагии мардуми он аз наҳрҳое будааст, ки аз дарёи Панҷ ё Кӯкча (Харноб,Ҷарёб) то ба он оварда расонида шуда буд.
Аз рӯи формулаи мазкур каси аз Рустои Бек меомадагӣ бояд аввал аз он наҳр (дарё) гузашта баъд ба Андиҷороғ (Нучоро) дарояд. Мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавии Нучороро муаллифи “Ҳудуду-л олам” хеле аниқ гуфтааст. ”Нучоро шаҳрест устувор андар миёни ду рӯд ниҳода -яке Харноб (Ҷарёб,яъне Кӯкча) ва дигар-Ҷайҳун (Панҷ). Ва ӯро ноҳиятест то ба ҳудуди Бадахшон бикашад ва ӯро Рустобек хонанд.Шаҳрест аз як сӯй Ҷайҳун аст ва дигарӣ сӯйи кӯҳ.Ҷойи бисёрнеъмат аст ва боргоҳи Хутталон аст”.
Аз ин тавсиф чунин бармеояд,ки Нучоро дар байни ду рӯди бузурги Панҷу Кӯкча ҷойгир шуда он яке аз шаҳрҳои асосии Хатлон-боргоҳи он будааст. Рустобеки дар боло зикршуда бошад,ноҳияи тобеи ин шаҳр яъне, як рустои он ба ҳисоб рафта- он то ҳудуди Бадахшон тӯл мекашидааст. Ва то ҳудуди Бадахшон тӯл кашидани Рустои Бекро мо дар фасли “Гузаргоҳи Бадахшон”дида баромадем, ки он дар ҳақиқат ҳамин тавр ҳам будааст.
Ҷои аниқи шаҳри Нучороро имрӯз нишон додан, ба сабаби мавҷуд набудани харитаи археологии ин минтақаи Афғонистон душвор аст. Аммо баъди омӯзиши адабиёти ҷуғрофии мавҷуда ба хулосае омадан мумкин, аст ки он шаҳр дар минтақаи Турғай-теппаи мавзеи Кокул, ки аз тобеоти Рустоқ дониста мешавад, воқеъ будааст.
Сайёҳи англис Вуд, ки соли 1838 аз дашти Турғай- теппа мегузашт, навиштааст: “дар тӯли тамоми роҳ дар давоми 28 мил дар пеши чашмони мусофирон чарогоҳҳои беҳтарин дар байни дарё аз ҷониби чап ва кӯҳҳо аз ҷониби рост ҷойгир гашта буданд”. Ин тавсифи мавзеи Турғайтеппа аз ҷониби Вуд ҳамон навиштаи муаллифи “Ҳудуду-л-олам”-ро дар хусуси ҷои тавоҷуди шаҳри Нучоро ба ёд меорад (шаҳрест аз як сӯй Ҷайҳун аст ва аз дигарӣ сӯйи кӯҳ) Аммо устод Ю.Яъқубов дар асоси пурсуҷӯи мардуми маҳаллии Ойхонум, ки номи асосии Ойхонумро “Нӯшор”гуфтаанд, ба хулосае омадааст, ки Нучоро дар ҷои Ойхонум қарор доштааст.Албатта шаҳри Нучоро дар ҷои Ойхонум воқеъ набуд.Зеро кофтуковҳои бисёрсолаю ҷиддии бостоншиносони франсузӣ бо сардории П.Бернар ва дигарон дар он шаҳри соф юнонии асрҳои 3-2 то мелодро пайдо намудаанд. Қабатҳои ба асрҳои 9-13 марбутбуда дар он пайдо нестанд. Албатта ҳудуди Ойхонум ба Нучоро тобеъ буд.Дар замонҳои пешин аз дарёи Кӯкча аз наздикии Пули Шима ба ин дашти Турғай-теппа наҳри калоне оварда шуда,дар он об ҷорӣ буд “ва ободии бисёр дошт,ки осору нишонии шаҳр ва ободиҳо ҷо ба ҷо (яъне,ҳарҷо ҳарҷо)ҳоло низ ба назар меояд.
Дар бораи он осору харобаҳо Кушкакӣ дар ҷои дигар низ навиштааст: “Ва низ даште дар ин ҷо (Дарқад) аст, ки бо номи Турғай-теппа машҳур аст.Тахминан 12 курӯҳ хоҳад буд.Дар ин мақом ободиҳои мозӣ (замони гузашта) бисёр ба назар меояд, ки мавсум ба номҳои зайл аст-Қалъаи Янгӣ, Кафтаралӣ, Хоҷа Баҳоуддин, Ҷартеппа,Кокул,Пули Шима, ки ҳол тамоман хароб мебошанд. Ва аъзои харобии онро ба Чингизхон мекунанд. Ва аксари мақомоти мазкур ба таҳти дарё воқеъ аст. Ва ин мавозеъ филҳол низ имкони ободиро дорад,аммо масорифи бисёр мехоҳад”.
Гумон меравад,яке аз он харобаҳои шаҳрҳои қадимаи дашти Турғай-теппаю Кокулу Дарқад шаҳри Нучоро будааст.
Зеро дар ин дашт,чи тавре,ки муаллифи “Ҳудуду-л олам” гуфтааст, аз як сӯй кӯҳ ва аз сӯи дигар дарё воқеъ гашта, он боргоҳи тоҷирони Хутталон буд.Масофаи роҳ низ аз Рустоқ то ба чашмаи машҳури Хоҷа Ҷарғоту-10 курӯҳ ва аз он ҷо то ба харобаҳои дашти Турғай-теппа масофаи камтар аз 8 курӯҳ ва дар маҷмӯъ-1 марҳаларо ташкил медиҳад.
Навиштаҳои Гардезӣ бошанд аз он дарак медиҳанд, ки Довуд ибна-л-Аббоси мазкур набераи Ҳошим ибни Моҳҷур (ё Боинҷур)-и Вахшии Хатлонӣ будааст. Ӯдар бораи ҳуҷуми Яъқуб ибна-л-Лайс ба Балх навиштааст: “(Яъқуб)…сӯи Балх рафт ва Бомиён бигрифт андар санаи 256\869-70.Ва Навшоди Балхро вайрон кард ва биноҳое, ки Довуд ибна-л-Аббос ибни Ҳошим ибни Моҳҷур карда буд,ҳамаро вайрон кард”.
Нучоро пеш аз ҳуҷуми муғул то ибтидои асри 13 вуҷуд доштааст, аммо дар шакли деҳи калон.Чунончи Ёқути Ҳамавӣ дар зимни номбар кардани шаҳрҳои Хуттал навиштааст: “Он(Хуттал Ғ.Ғ.) то сарҳадоти Синд мерасад. Пойтахти онро Ҳулбук меноманд.Аз ҷумлаи шаҳрҳои вай: деҳаи Бануҷороъ, Ҳаловард…мебошанд”.
Аз китоби “Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз”-и Ғолиб Ғоибов, ки соли 2006 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Манижа ИБРАГИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ