Кишваршиносӣ. Оё Абдулқодири Ҳофизро медонед, кӣ буд?

abdukadiri-hofizАбдулқодири Ҳофиз машҳур ба Қодирӣ соли 1858 дар Истаравшан ба дунё омадааст. Сароянда, оҳангсоз, мусиқидон, намояндаи машҳури ҳавзаи Истаравшан. Аз овози ҷавони ба шеъру мусиқӣ ворид шуда, маҳорати сарояндагию  навозандагиашро дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд такмил дод. Асосгузори сулолаи мутрибони ҳирфаии Қодириён.

Абдулқодир дар навохтану сурудани шохаҳои созию овозии «Шашмақом» («мушкилот», «наср», «савт», «гардун», «талқин»,) маҳорати баланд дошт.

Барои такмили дониши назариявӣ ва амалӣ бо Қорӣ  Каромати Дилкаши Танбўрӣ (1851–1906), Бобо Ҷалол (1845–1982), Бобо Ғиёс (1859 – 1927), Ҳоҷӣ Абдулазиз (1852 – 1936), Содирхон (1847–1931) ҳамкории эҷодӣ кардааст.

Абдулқодир дар ҳавзаи Истаравшан анъанаи баёзнигории «Шашмақом»- ро идома дода, ба тадвини  «Баёзи Абдуқодир» комёб шудааст. Анъанаи сарояндагию мутрибии Абдулқодирро писараш Абдурасули Ҳофиз (1919–89) ва набераҳояш Камол ва Ҷамол Қодирӣ идома додаанд.
Соли 1943 вафот кардааст.

Муаллиф: Ё. Одинаев.
Бозчоп аз Энциклопедияи миллии тоҷик
. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 25

Таҳияи: Шаҳноза Садирзода
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.