Кишваршиносӣ. Рустои бек (Рустоқбек),Рустоқ

Рустои бек Дар асарҳои ҷуғрофии Истахрӣ ва Ибни Ҳавқал бо формулаи ҷуғрофие, агар чунин таъбир ҷоиз бошад, оиди шаҳрҳои Хатлон вомехӯрем, ки дар тӯли садсолаҳо муҳаққиқин –шарқшиносони бузурги ҷаҳон натавонистаанд ин формуларо ҳал кунанд.

Формулаи мазкур дар асарҳои ҳарду муаллифони мазкур якхела буда, гумон меравад, онҳо онро аз асарҳои ҷуғрофии олимони маҳаллӣ Абузайди Балхӣ (850-934) “Сувар ул-ақолим” ё “Китоб масолик ва мамолик”-и Ҷайҳонӣ (вазири Сомониён охири асри 9 чоряки якуми асри 10)гирифта бошанд. Дар ҳар сурат муаммои мазкур ҳалли худро металабад. Он формула –муаммои ҷуғрофӣ чунин аст:

Аз гузаргоҳи Бадахшон то Рустоқи Бек (масофаи роҳ)  2 марҳала аст. Аз Рустоқи Бек дар роҳ аз дарёи Андиҷороғ гузашта ба он (Андиҷороғ) медароӣ. Масофаи роҳ аз Рустоқи Бек то Андиҷороғ-як марҳала мебошад. Аз Андиҷороғ дар роҳ аз дарёи Форғар мегузарӣ ва ба он (Форғар) дохил мешавӣ. Масофаи байни Андиҷороғ то Форғар-якрӯза роҳ аст. Сипас дар роҳ аз дарёи Барсо  (Баласон,Барфон…) убур мекунӣ ва ба Ҳулбук меравӣ”.

а) Гузаргоҳи Бадахшон.Нуқтаи аввалу муҳим дар ин муаммо маҳз ҳамин гузаргоҳи Бадахшон аст. Аз ҷумлаи муҳаққиқони ҷуғрофиёи таърихӣ на В.В.Бартолд ва на А.М. Беленитский ва на шарқшиносони дигар муаммои болоро аз сарчашмаҳои ҷуғрофӣ оварда, ҷои гузаргоҳи мазкурро муайян карда натавонистанд.

Акнун пеш аз он ки ҷои гузаргоҳи Бадахшонро аниқ намоем, лозим меояд ҷойи тавоҷуди худи Бадахшонро муайян намоем. Истахрӣ навиштааст, ки  “Бадахшон иқлимест дорои рустоҳо ва маркази он- шаҳри Бадахшон- кишвари Абулфатҳ мебошад….Бадахшон шаҳрест хурдтар аз Мунк .Он дорои рустоҳои ниҳоят ободу калон аст. Замини он ҳосилхез буда дар он ток парвариш мекунанд. Шаҳри Бадахшон дар назди дарёи Ҷарёб дар соҳили ғарбии он воқеъ аст…Аз Балх то Бадахшон масофаи роҳ тақрибан 13 марҳала мебошад”.

Ҳоло пеш аз ҷои гузаргоҳро муайян кардан мебояд ҷои шаҳри худи Бадахшонро аниқ намоем.

б) Шаҳри Бадахшон. Аз хабари дар боло овардаи Истахрӣ маълум мегардад, ки шаҳри Бадахшон дар ғарби дарёи Ҷарёб воқеъ будааст. Дарёи Ҷарёб ҳоло бо номи туркии Кӯкча маъруф аст. Олимон шаҳри Бадахшони асрҳои 9-11-ро дар наздикии деҳаи Баҳораки вилояти Бадахшони имрӯзаи Афғонистон воқеъ медонанд. Дар бораи ин мавзеъ Кушкакӣ чунин навиштааст: “Дар мавзеи Баҳорак, маъруф ба “Дашти фарох”замине аст ҳамвор, ки тӯли ӯ се курӯҳ ва урзи он ду ё якуним курӯҳ мебошад. Ва аз дарёи Вурдуҷ имкони овардани об бар вай мавҷуд аст…”

Баъзе олимон номи Дашти Баҳоракро “Баҳористон”низ оварда мегӯянд,”Баҳористон”номи таърихии Баҳораки ҳолияи Ҷурми Бадахшон аст,ки қабл аз тасаллути Чингиз ба ин исм мавсум буда”…”Баҳористон ба масофаи 18 мил дар ҷанубу машриқи Файзобод ва дар миёни Ҷурму Файзободи Бадахшон воқеъ мебошад”.

Ин ақидаро, ки шаҳри Бадахшон дар ҷои Дашти Баҳорак воқеъ будааст, олимону сайёҳони бисёр тайид намудаанд. Чунончи Генри Юл навиштааст: “Дар масофаи якчанд мил пеш аз ҳамроҳшавии худ бо дарёи Ҷурм дарёи Вурдуҷ аз тариқи Дашти Баҳорак-яке аз мавзеъҳои бойтарину серодамтарини Бадахшон,ки дар вақташ дар он ҷо,чуноне мегӯянд, маркази қадимаи он воқеъ будааст, мегузарад”.

Дашти Баҳорак, ки Дашти Фарох низ номида мешавад, яке аз даштҳои ҳосилхезтарини Бадахшон мебошад. Ҳамаи  водиҳои Кӯкча ба монанди дарёҳои Сарғелон, Зардев, Вардуҷ дар ин ҷо бо ҳам ҳамроҳ мешаванд. Дар замонҳои собиқ дар ин ҷо шаҳри калоне-пойтахти Бадахшон ҷой дошт. Ҳоло бошад он мақарри тобистонаи мир (и Бадахшон)аст”. А.Л.Грюнберг,ки мавзеи Баҳоракро борҳо зиёрат карда буд,таасуроти худро оиди вуҷуд доштани шаҳри қадимае дар он макон ин тавр ба қалам додааст: “Агар кас ба болои теппаи баланде, ки дар соҳили ( дарёи ) Вардуҷ дар паҳлӯи Баҳорак ҷоқеъ аст, барояд, дар рӯбарӯи худ дар болои замин метавонад боқимондаҳои девори қадимаеро мушоҳида намояд. Инҳо (бозмонлаҳои) шаҳри қадимае мебошанд. Баъди боридани боронҳои сол сокинони Баҳорак аз ин ҷо тангаҳои қадима,зебу зинати аз ақиқи сурху сафед сохта шуда ва инчунин,мегӯянд,ки баъзан асбобҳои тиллоӣ низ меёбанд”.

Ҳамин суханонро оиди маркази Бадахшон сайёҳи ҳиндӣ пандит Манфул низ дар хотироти худ овардааст…

Аммо бостоншинос Е.Берҷер, ки асари худро оиди Бадахшон дар соли 1939 ба чоп расонидааст, чунин мешуморад, ки шаҳри Бадахшон дар дурии 15 мил аз шаҳри Файзобод дар наздикии деҳае, ки Пои шаҳр ном дорад, воқеъ будааст: Дар наздикии ин деҳа дараи танге дар ғарби дарёи Кӯкча харобаҳои калоне ошкор карда шуданд ва ба ақидаи Берҷер онҳо метавонанд ҳаробаҳои шаҳри калоне (Бадахшон) бошанд.

Ба ақидаи мо шаҳри Бадахшони асрҳои 9-11 дар наздикиҳои Баҳорак вуҷуд дошт. Агар мо ба харитаи Ҷурму атрофи он нигоҳ кунем, номҳои ду деҳаи дар муқобили якдигар қарор дошта дар ғарби Баҳорак диққати касро ба худ ҷалб менамояд.Яке аз он деҳаҳо Сари шаҳр ном дошта бошад,деҳаи дигари дар муқобили он қарор дошта Поёни шаҳр ном дорад. Гумон мекунам шаҳри Бадахшон дар байни ана ҳамин ду деҳа ҷой дошта,яке аз деҳаҳо дар аввал ва дигарӣ дар охири он шаҳр қарор дошта ба ин сабаб яке  “Сари шаҳр ва дигарӣ “Пои (поёни) шаҳр ном гирифтаанд.

Ҳамин тавр, шаҳриБадахшон ба ақидаи Е.Берҷер дар 15 милии Файзобод,ба ақидаи мо бошад дар 18 милии Файзобод  дар ҳар ду ҳолат ҳам дар ғарби дарёи Кӯкча воқеъ будааст. Акнун бояд зикр намоем, ки дар байни ин ду макон ҷоест, ки дарёҳои Вурдуҷу Ҷурм ба ҳам пайваст шуда,дарёи Кӯкча (Ҷарёб, Харноби қадима)-ро ташкил медиҳанд.Ин макон Шашпул ном дошта,дар он купрӯке дар болои дарёи Кӯкча мавҷуд аст.Ана ҳамин гузаргоҳ-гузаргоҳи Бадахшони ёдшуда аст. Аз ин гузаргоҳ мардум аз Рустоқ,ки дар он замон ҷузъи Хатлон буд,гузашта ба шаҳри Бадахшон мерафт ва баръакс.

Аз ин нуқта, яъне Шашпул то ба Рустоқ масофаи роҳ ду марҳала аст,як марҳала аз Шашпул то  Олтинҷулуви тоҷик, ки масофаи он тақрибанӣ 35-40 км-ро ташкил медиҳад. Ва марҳалаи дуюм кас аз Олтинҷулув аз дарёи Кӯкча гузашта ба мавзеи Оби Осиёба,ки 9 курӯҳ (20 км) масофа дорад,мерасад ва аз он ҷо ба Рустоқ меравад,ки масофаи он 6 курӯҳ (15 км) ва дар мвҷмӯъ 35 км-ро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр,масофаи роҳ аз гузаргоҳи Бадахшон (мавзеи Шашпул) то шаҳри Рустоқ ҳамон ду марҳала дар ҳудуди 70-75 км-ро ташкил медиҳад,ки сарчашмаҳои арабӣ дар ин  хусус хабар додаанд.

Ногуфта намонад,вақте ки кас ба адабиёти таърихии асри 16 сару кор гирад,мебинад, ки сайёҳону корафтодагон аз роҳи Кишм ва Пули Зафари болои двпёи Кӯкча гузашта аз роҳи ҳамон мавзеи Оби Осиёба ба Рустоқ ва аз Рустоқ ба Чаёбу Самтӣ рафтааз он ҷо аз дарёи Панҷ гузашта ба Кӯлоб мерафтаанд.Гап дар сари он аст, ки баъди хароб карда шудани шаҳри Балахшон   аз тарафи муғулҳо дар асри 13 ноҳияи дигари он-Кишм обод гардид ва шаҳри Кишм дар асри 16 ҳамчун маркази Бадахшон дониста шуда буд .Аз ҳамин сабаб рафту омади мардум ба иқлими Бадахшон акнун аз роҳи Кишм сурат мегирифтагӣ шуд. Мардум аз шаҳри Рустоқ аввал ба Оби Осиёбаи мазкур ва аз он ҷо ба воситаи Пули Зафари болои дарёи Кӯкча гузашта, ба Кишм, Тешкон, Машҳад ва Дароим мерафтанд.Ин пул ба хотири қалъае бо номи Зафар,ки дар назди он дар болои кӯҳи баланде воқеъ гардида буд ба оби дарёи Кӯкча хокрези онро бурида мегузашт,Пули Зафар номида шуда буд.Масофаи роҳ аз Рустоқ то Пули Зафар 18-20 км-ро ташкил медиҳад.Яъне,гузаргоҳи Пули Зафар,ки аз он гузашта кас ба иқлими Бадахшон ба яке аз ноҳияҳои он медарояд, “Гузаргоҳи Бадахшон”-и мазкур буда наметавонад.

Ба ҳамин иллат гузаргоҳи Олтинҷулувро низ “гузаргоҳи Бадахшон”донистан мумкин нест, аз Рустоқ то он ҷо масофаи роҳ то 45 км-ро ташкил медиҳад, яъне-як марҳала.

Аз ҳамаи овардаҳои боло ҳоло маълум гардид, ки шаҳри Рустоқи вилояти Тахори Афғонистони имрӯзӣ яке аз шаҳрҳои қадимаи Хатлони асрҳои 9-10 будааст. Рустоқ-тарзи арабӣ карда шудаи калимаи тоҷикии русто”(деҳа) мебошад. Ин Русто ба Бек ном подшоҳи хатлонӣ тааллуқ доштааст ва аз ҳамин сабаб ҳам онро Рустои Бек мегуфтаанд.Мо дар ибтидои ин фасл ривояти Ибни Хурдодбехро дар бораи аспони хушзоти хатлонӣ оварда будем.Дар он ривоят гуфта мешуд,ки “Дар замони подшоҳии Бек ном подшоҳи ин кишвар (Хутталон), ки аспони  зиёде дошт…” Дар хусуси он ки подшоҳи мазкури Хуттал галаҳо ва умуман чорвои зиёде доштааст,муаррихи дигари араб Ал-Яъқубӣ навобаста аз Ибни Хурдодбеҳ чунин хабар додааст: “…дар тарафи чапи шахси аз Балх ба сӯи шарқ раванда (шаҳрҳои зерин ҷой доранд)….Вахш,Ҳаловард, Корбанк, Андишороъ, Рустобек, ки он мамлакати Ҳорис ибни Асад ибни Бек соҳиби чорвоҳои (галаҳои) бекӣ мебошад….”.

Ибни Хурдодбеҳ низ айнан номи ҳамин подшоҳро зикр кардааст: “Абулфазл ромкукнандаи аспҳои Ибни Ҳорис ибни Асад…”Аз ин ҷо бе ягон шакку шубҳа маълум мегардад, ки Ҳорис ибни Асад ибн Беки Ал-Яъқубӣ ва Ибни Ҳорис ибни Асади Ибни Хурдодбеҳ як подшоҳ буда, сарзамини Хатлон аз Рӯстоқ то Кӯлоб як подшоҳ дошта як кишвар ба ҳисоб мерафтааст.

Подшоҳии Бек бар Рустоқ ва умуман Хуттал ба охирҳои асри  8 ва ибтидои асри 9 рост меояд.Баъди ӯ писараш Асад, баъди Асад Ал-Хорис ва пас аз ӯ писараш дар Хуттал ҳукмронӣ мекарданд.Ва ҳамаи сарзаминҳои дар соҳили рости Кӯкча қарор дошта ба Хуттал дохил буданд.Рустоқро,гумон меравад,баъди ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи миёна ва қатлиоми мардум ,мирҳои муғулиасл дар асрҳои минбаъда 15-16 ба ҳайати Бадахшон тдохил карда бошанд. Лекин дар ҳар сурат равуои дутарафаи мардум аз Кӯлоб ба Чаёбу Рустоқ ва билъакс то солҳои чилуми асри ХХ идома дошт.

Азбаски Рустоқ дар сари як чорраҳае воқеъ гардида,аз он ба чаҳор тараф роҳҳо мерафтанд,аз ҳаиин сабаб дар он тиҷорат ривоҷ ёфта он доимо дар тараққӣ буд. Дар охирҳои асри XIX дар Рустоқ тақрибан 20 ҳазор одамон мезистанд ва дар он 300 дӯкони тиҷоратӣ фаъолият дошт.Аз ин ҷо ба  Хатлон, Бухоро, Пишовур ва ғайра роҳҳои тиҷоратӣ вуҷуд доштанд. Дар хусуси мавзеи ҷойгиршавии Рустоқ ва ривоҷи тиҷорат дар он Кушкакӣ дар охирҳои асри 19 чунин навишта буд: “Чун Рустоқ замини васеъ ва ҳамвор дорад, нафси (худи) Рустоқ дар лаби рӯде,ки оби чашмаҳои Сарирустоқ дар он меояд,воқеъ аст, шимолию ҷанубӣ афтода. Ва аз чаҳор тараф ба ҳар самт роҳи рафту омад мебошад. Чунончи, ба ҷониби Хонобод, Кишм, Калафгон, Файзобод, Шаҳрибузург, Чоҳоб ва канори дарёҳои Панҷу Омӯя роҳҳои бешумор аст. Ва ба он тарафи Омӯя низ роҳҳои бисёр аз Рустоқу Чоҳоб рафта, ки мардуми балад ҳамарӯза аз Чоёб ва навоҳии ӯ ба Кӯлобу Ҳисору Чубак ва ғайра ҳудудот пордарёби худро мерасонанд ва аз он тараф бад-ин тараф меоянд”.

Аз ҷумлаи ҷуғрофиёни асри X  Ал-Муқаддасӣ номи шаҳрро дар чанд ҷои асараш ҳамчун “Бек” бе “русто”овардааст.

Ҳоло,чи тавре хоoем дид,муаллифи “Ҳудуду-л олам” Рустобекро “ноҳияти”шаҳри Нучоро номидааст.Яъне,Нучоро шаҳр ва Рустобек –рустои (деҳаи) тобеи он будааст.

Аз китоби   “Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз”-и Ғолиб Ғоибов, ки соли 2006 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст.  Китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Манижа ИБРАГИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ