Кишваршиносӣ: Сикандара

СикандараАл-Истахрӣ ва Ибни Ҳавқал номи ин шаҳри Хутталро ҳамчун Сикандара оварда,қайд мекунанд, ки дар кӯҳҳо ҷой дорад. Онҳо навиштаанд: “Тамоми шаҳрҳои Хуттал соҳиби дарёҳою дарахтон буда,заминҳояшон ниҳоят ҳосилхез мебошанд. Ҳамаашон дар заминҳои ҳамвор ҷой доранд ба ҷуз аз Сикандара, ки он дар кӯҳҳо воқеъ гаштааст. Аз тарафи дигар Хуттал, саросар аз кӯҳистон иборат аст ба ҷуз аз (ноҳияи) Вахш…..”

Абулфидо аз асари ҷуғрофии асри 10 араб “Ал-Азизӣ”-и Муҳаллабӣ порчаи зеринро овардааст: “дар “Ал-Азизӣ” гуфта шудааст:… ҷомеаи шаҳрҳои Тахористон дар заминҳои ҳамвор воқеъ гаштаанд, ба ҷуз аз Сикандара ва Ҳулбук. Ин ду шаҳр дар куҳҳо ҷой доранд”.

Ал Муқаддасӣ дар байни ҷуғрофиёи зикршуда номи он шаҳрро ҳамчун Искандара оварда дар кӯҳҳо ҷой доштани онро қайд намудааст. Инчунин ӯ илова кардааст, ки ин шаҳр ниҳоят ободон аст (Искандара ало ҷабалин фӣ ғояти-л-имора”).

Ба ақидаи мо шаҳри Сикандара дар ҷои харобаҳои Эскӯлоб, ки дар шарқи деҳаи Шаҳри барбари ноҳияи Шӯробод дар дурии 3 км аз он дар домани кӯҳи Ҳазрати Эмомаскарӣ воқеъ мебошанд, ҷой дошт.Асли номи шаҳр-Сикандара аз калимаи Сангдара буда,ин ном имрӯз дар номи деҳаҳои наздикии харобаҳои Эскӯлоб дар дурии 8 км аз он боқӣ мондааст. Эскӯлоб ва Сангдараҳо дар ҳақиқат дар минтақаи баланди кӯҳӣ  дар наздикии кӯҳи Эмомаскарӣ, ки дар бораи ин кӯҳ дар ибтидои  ин таҳқиқ ҳангоми тавсифи ҷангҳои охирини юнониён бо мардуми Бохтар сухан рафта буд,ҷой доранд.

Шаҳри Барбар ном гирифтани деҳа аз сабаби дар наздикии он шаҳри қадима ҷой доштани деҳаи мазкур аст. Дар сарчашмаҳои арабӣ дар шакли Сикандара ва Искандара омадани Сангдара ба сабаби душвории талаффузи ин калима дар забони арабӣ мебошад.

Умуман минтақаи деҳаҳои Шаҳри Барбар, Лангар Сангдараҳо ва Хӯҷаалишоҳи ноҳияҳои Шӯрободу  Мӯминобод замоне яке аз минтақаҳои ободтарини Хатлон будаанд.Тибқи ин таҳқиқи мо, агар асли Хатлон аз шаҳри Хутталони Дашти Дилии ноҳияи Восеъ бошад, як маркази дигари Хатлонзамин аз замонҳои қадимтарин маҳз ҳамин минтақаи Сангдараҳо (Эскӯлоб) буд. Сайид Ҳасани Шоҳи Хомӯш, Мир сайид Алии Ҳамадонӣ ,Хоҷа Исҳоқ, Хоҷа Алишоҳи Валӣ бесабаб деҳаҳои Лангару Алишоҳи минтақаи мазкурро макони зиндагию фаъолияти худ қарор надода буданд.

Замоне дар нимаи дуюми асри VII Сангдара (Искандара) пойтахти Хатлон буда ободии он то асри 11 идома дошт.Хитоиҳо баъди ғалаба бар туркҳои шарқию ғарбӣ он вилоятҳои “Олами ғарбӣ”,яъне сарзаминҳои Суғду Тахористонро дар соли 661 ба ноҳияҳои алоҳидаи идорӣ дар қоғаз тақсим кардаанд. Яке аз чунин ноҳияҳои идорӣ “воҳиди идоравии дуду Тайхон”буд, ки ба ақидаи хитоиҳо ин воҳиди идоравӣ бояд сарзаминҳои Ҳайтолиёнро дар бар мегирифт,ҳарчанд, ки дар он таърих ҳеҷ гуна давлати Ҳайтолиён вуҷуд надошт. Ин ақидаи Малявкин А.Г. аз як тараф дуруст бошад, аз тарафи дигар бояд дар назар дошт,ки хитоиҳо ҳайати мардуми ҳамонвақтаи территорияи дуду Тайхонро ба назар гирифта буданд. Дар ин сарзаминҳо асосан ҳайтолиёну мардуми тахории ба онҳо хешу табор якҷоя мезистанд.

Яке аз давлатҳое,ки ба ҳайати воҳиди идории дуду Тайхон дар асри VII дохил буд, ин давлати Хуттал буд, ки дар сарчашмаҳои хитоӣ бо номҳои Гудо, Кэдоло, Гудоши, Хэдо ва Адоло омадааст ва пойтахти он шаҳри Сичжусзян нишон дода шудааст.

Матни хитоӣ-дар шакли духӯра омадааст. Масалан, гуфта шудааст, ки воҳиди идории дуду дар давлати Гудоши (Хуттал) дар шаҳри Воша (Вахш) созмон дода шавад. Дар айни замон маркази Гудоши шаҳри Сичжусзянь дониста шудааст.

Гумон меравад ин аз он сабаб руй додааст, ки Хуттал бо Вахш дар тӯли таърих гоҳо якҷоя буданд ва гоҳе ҷудо. Аз ҳамин сабаб ҳам матни ташкил кардани воҳиди идории дуду Тайхон низ духӯра омадааст: дар як ҷо пойтахти Хатлон Вахш (пойтахти Вахш шаҳри Ҳаловардро-Вахш низ мегуфтанд) ва ҷои дигар Сычжуцзян (Сикандара-Сангдара). Бори аввал Сичжусзянро олими японӣ Т.Фудзита ҳаммонанди Сикандара донистааст.

Дар солҳои сиюми асри ХХ дар наздики Эскӯлоб ду деҳа бо номҳои –Сангдараи тоҷик-33 оила=120 нафс ва Сангдараи шоҳ-31 оила=157 нафс ҳар ду деҳа ҳам тобеи ҷамоати Дебаланди ноҳияи Мӯминобод вуҷуд дошта, аҳолии ҳарду Сангдараҳо ҳама тоҷикон будаанд. …

Аз китоби   “Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз”-и Ғолиб Ғоибов, ки соли 2006 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст.  Китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Манижа ИБРАГИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ