Кишваршиносӣ. Убайдуллоҳи Ширин: “Ёвон-Ориён”

Ёвон-ОриёнДар ин рисола, ки соли 2012 дар шакли китоб чоп шудааст, дар бораи таърихи Ёвон аз давраи палеолити поён то аввали қарни XXI маълумот оварда шуда, оид ба шаҳрдорӣ, меъмории сунатӣ ва дигар ҷанбаҳои он нақл карда шудааст. Муаллиф пешаи рӯзноманигорӣ дорад, аз соли 1967  эҷод мекунад. Китобҳояш бо номҳои “Водии рангин”, “Боғи булбул”, “Кулбаи афтода бояд рост кард”, “Зангӯлаи дор” чоп шудаанд.

Убайдуллоҳи Ширин шеър низ эҷод мекунад.

Узви Иттифоқи Нависандагон ва Иттиҳоди журналистони кишвар аст. Дар сарсухан ба китоби “Ёвон-Ориён” овардааст:

Дар сарчашмаҳои қадими таърихӣ номи Ёвон вонамехўрад. Дар асари ҷуғрофии “Ҳудуд-ул-олам”, ки дар замони Сомониён навишта шудаасту мутаассифона муаллифаш маълум нест, сухан дар бораи ноҳияи Кумичиён меравад, ки бешак дар давраи қадим ба Ёвон ворид буд. Дар “Ҳудуд-ул-олам” омадааст: “Гурўҳи мардумонанд, ки эшонро Кумичиён хонанд ва андар ҳудуди Хатлон ва Чағониён. Ин мардум диловар ва ҷангӣ ва дуздпеша. Ва хостаи онҳо гўсфанд ва барра. Ва эшонро деҳаҳо ва рустоҳои зиёд аст ва шаҳр нест”. (Замони Сомониён дар назар дошта шудааст).

Мардуми кумичӣ киҳо буданд? Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои юнонӣ кумичиён, кумизӣ ва қабоили сакоӣ будаанд ва дар водии Ҳисор, Кофарниҳон, Ёвон, Файзобод ва Ғарм то марзи Чин зиндагониӣ менамуданд ва бештар шуғли чорводорӣ ва ғаллакорӣ доштанд. Кумичиён аввалин шуда, роҳи сипоҳони Искандари Мақдуниро гирифта, аз Душанбе боло дигар онҳоро нагузоштанд.

Водии Ҳисор дар қадим Сакониён ном дошт ва муаллифи “Ҳудуд-ул-олам” низ онро Сакониён мегўяд. Дар қадим қабоили Кумичиён- кумизҳо хеле машҳур буданд ва дар ҷуғрофиёи  халқи тоҷик аз худ номаҳо мондаанд. Кумизҳо дар асрҳои  X-XI пеш аз милод дар атрофи баҳри Ахшиён (Сиёҳ) давлати худро доштанд ва марказашон дар Қрим буд. Номи имрўзаи Қрим буд. Номи имрӯзаи Қрим ҳамон шакли харобшудаи “Кумиз” мебошад. Кумизиҳо  дар адабиёти қадим ва Ўрупоӣ бо номи “кимердиҳо“ ёд мешаванд. Кумизиҳо  мувофиқи ривояти таърихӣ дар асри IX пеш аз милод ҷои худро ба скифҳо- савроматҳо дода. Ба Осиёи Наздик меоянд ва дар ин ҷо давлати худро ташкил мекунанд. Минбаъд дар натиҷаи омезиш бо дигар халқҳо нест мешаванд, аммо як бахши онҳо дар ташкил намудани давлатҳои Ориён, Модко, баъд Ҳахоманишиҳо иштирок менамоянд. Номи вилояти Қуми Эрони имрўза Кумиз буда, нидое аз ҳамон мардуми омада мебошад.

Китоби “Ёвон-Ориён”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
шуъбаи тарғиб ва
барномаҳои фарҳангӣ.