Кишваршиносӣ. Ҳулбук

ҲулбукМавзеи охирин дар формулаи овардашуда шаҳри Ҳулбук-маркази Хуттал мебошад. Кас барои ба ин ҷо расидан мебояд аз Форғар ба роҳ баромада, аз дарёи Барсон убур намояд ва сипас ба шаҳри Ҳулбук равад.Мутаасифона миқдори масофаи роҳ аз Форғар то ба Ҳулбук нишон дода нашудааст. Мавзеи  Ҳулбукро бостоншиносон дар ҷои деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ воқеъ донистаанд. Ба ақидаи Б.А.Литвинский  ва Давидович Е.А. шаҳри Ҳулбук маҳз дар ҳамин деҳаи Қурбоншаҳид, ки харобаҳои шаҳр ва қалъаи он имрӯз зоҳиру машҳуранд,воқеъ будааст. Харобаҳои мазкур дар он замон Хишттепа ном дошта 70 га-ро фаро мегирифтанд.

Вале,ба ақидаи банда,ки наврасиям дар ҳамин деҳаи Қурбоншаҳид гузаштааст, он 70 га фақат ҳамон майдоне, ки имрӯзҳо дар Қурбоншаҳид дар он бозор ташкил мешавад, фаро мегирифту халос.

Дар ҳақиқат дар ҷои бозор дар солҳои 50-60 асри 20 дар масофаи 5-10 метр аз якдигар теппачаҳои зиёде воқеъ буданд. Вақте ки кас он теппачаҳоро меканд, аз онҳо хиштҳои пухтаи ниҳоят мустаҳками чоркунҷаи на он қадар ғафс ва сафолпораҳо мебаромад. Дар ҳамон солҳо дар он майдон мардум ҳоло хона насохта буданд ва одамон омада он теппаҳоро кофта хиштҳоро гирифта мебурданд. Масоҳати шаҳри қадима зиёда аз садҳо га-ро ташкил мекард.

Дар формулаи овардашуда гуфта мешавад, ки барои ба Ҳулбук расидан кас аз Форғар бояд аз дарёи Барсон гузарад.Ҷои тавоҷуди Барсон маълум нест.Инчунин шакли дурусти навишти ин топоним низ то ҳол маълум нест. Дар сарчашмаҳо шаклҳои гуногуни навишти ин калима оварда шудааст, ки дар байни онҳо навишти “Барсон”яке аз он вариантҳо мебошад.Шояд ин тарзи навишти нодурусти ҳамон тапоними машҳури Балҷувон бошад? Кас агар аз Форғар, ки дар ҷои харобаҳои Золи Зард мавҷуд буд, ба сӯи Қурбоншаҳид равад, хоҳу нохоҳ  аз болои дарёи Сурхоб бояд гузарад. Пас дарёи Барсон-ҳамин дарёи Сурхоб аст, ки аз Балҷувон меояд. Дар сарчашмаҳои мавҷуда ду хабаре оиди мавзеи ҷойгиршавии Ҳулбук оварда шудааст ва он ду хабар ба он далолат мекунанд, ки Ҳулбуки асри VIII-XIX дар ҷойи дигар воқеъ будааст. Он ду хабарро бори дигар меорем: Ал- Истахрӣ ва Ибни Ҳавқал менависанд: “Мунк дар бузургӣ баробари Андароба ва Ҳулбук аз он хурдтар мебошад.Биноҳои ин шаҳрҳо аз лой ва аммо девори шаҳри Мунк аз оҳаксанг(гипс) ва санг сохта шудаанд”. Хабари дигарро Абулфидо аз асари ҷуғрофии “Китобу-л масолик  вал-мамолик”-и Ҳасан ибни Аҳмади Ал-Муҳаллабӣ (асри X),ки асари ӯ бештар бо номи  “Ал-Азизӣ” машҳур буд, гирифтааст. Мутаасифона “Ал-Азизӣ” то ба замони мо омада нарасидааст вале аз маълумотҳои аз ин асар овардаи Абулфидо маълум мегардад, ки дар он китоб оиди Хуттал баъзе маводи нав мавҷуд будааст. Абулфидо навиштааст: “Дар “Ал-Азизӣ” омадааст: Валволиш(ҷ) шаҳри калоне аз ҷумлаи шаҳрҳои Тахористон мебошад.Масофаи байни он то Тайкон 6 фарсах аст. Ҳам ӯ (муаллифи “Ал-Азизӣ”) гӯяд: Тамоми шаҳрҳои Тахористон дар заминҳои ҳамвор воқеъ мебошанд,ба ҷуз Сикандара ва Ҳулбук, ки ҳардуи онҳо дар куҳҳо ҷой доранд….Ва аз Тайкон то ибтидои сарҳади  Хуттал 7 фарсах (42 км) масофа мебошад.Ин ҳама (маълумотҳо) дар “Ал-Азизӣ”оварда шудааст”.

Чӣ тавре дидем, Ал- Истахрӣ ва Ибни Ҳавқал менависанд, ки биноҳои шаҳри Мунк, Андароба ва Ҳулбук аз лой сохта шудаанд.Ҳол он ки тамоми биноҳои шаҳри дар ҷои Хишттеппаи Қурбоншаҳид қарор дошта аз хишти пухтаи аълосифат сохта шуда буданд.

Маълумоти Ҳасани Муҳаллабӣ дар “Ал-Азизӣ”оварда низ ба он далолат мекунад, ки шаҳри Ҳулбук ба монанди Сикандара дар минтақаи кӯҳӣ қарор дорад. Чи хеле пештар дидем, Сикандара дар ҳақиқат дар минтақаи куҳистонӣ қарор доштааст. Аммо шаҳри дар ҷои Хишттеппаи Қурбоншаҳид воқеъ бударо минтақаи куҳистонӣ гуфтан душвор аст.

Ин ду далел дар ҷои Хишттепаи Қурбоншаҳид  воқеъ будани шаҳри Ҳулбукро то нимаи дуюми асри 10 рад менамояд.Зеро ҳамаи муаллифони асарҳои ҷуғрофии мазкур то нимаи дуюми асри 10 дар Хуросону Мовароуннаҳр буда, барои асарҳои худ маълумот ҷамъ овардаанд.Чи тавре тадқиқотҳо нишон медиҳанд, асоси асарҳои ҷуғрофии типи “масолик вал-мамолик”-ро, ки “Сирату-л арз”-и Ибни  Ҳавқал ва “Ал-Азизӣ”-и Ҳасани Муҳаллабӣ низ ба он дохил мебошанд,асари ҷуғрофии намояндаи мардуми маҳаллӣ  Абузайди Балхӣ (соли таълифаш 920) ташкил медиҳад. Китоби Ал-Истахрӣ (849-934) нусхаи васеътари асари Балхӣ мебошад. Ибни Ҳавқал, ҳарчанд тибқи навиштаи худаш, сафарашро ба Хуросону Мовароуннаҳр аз Бағдод дар соли 331/942 сар карда буд,маълумотҳои худро оиди Хуттал аз асари Ал-Истахрӣ, яъне Абузайди Балхӣ гирифтааст. Ҳамаи он чи ки ӯ дар асараш оиди Хуттал овардааст, бо қиёс бо асари Ал- Истахрӣ қариб айни як чиз мебошад.Маълумотҳоро барои асари худ “Китоба-л масолик вал- мамолик”, ки бештар бо номи “Ал-Азизӣ” машҳур аст ва ба халифаи фотимии Миср ал-Азиз (975-996) бахшида шуда буд, Ҳасани Муҳаллабӣ низ дар нимаи аввали асри 10 ҷамъ оварда буд.

Ҳамин тавр,шаҳри дар ҷои Хишттепаи Қурбоншаҳид воқеъ буда бо бузургию ҳашамати қасри подшоҳ (куҳандиз), хонаҳои аз хишти пухтаи аълосифат сохташуда дар ҳақиқат маркази Хуттал шаҳри Ҳулбуки нимаи дуюми асри 10-ро то асри 11 мебошад.Аммо саволе ба миён меояд,ки пас Ҳулбуки то асри 9-нимаи дуюми асри 10 дар куҷо воқеъ буд?

Маълумоти сарчашмаҳо оиди дарёи назди Ҳулбук ва обҳое, ки мардуми он шаҳр аз он истифода иебурданд,ду хел аст.Ал-Истахрӣ ва Ибни Ҳавқал менависанд: “Аз ҷумлаи дарёҳое,ки ба дарёи Харбоб (Харноб ё Ҷарёб) мерезанд, дарёест, ки Бохшу ном дорад ва он дарё дарёи Ҳулбук аст”. Бохшу шакли таҳрифшудаи дарёи Ёхсу аст, ки он дарё то имрӯз бо номи Ёхсу машҳур аст. Фақат дар навишти арабӣ як нуқтаи он афтода Ёхсу ба Бохшу табдил ёфтааст.Ин Ёхсу аз мавзеи Ёхсую Шукнови Ховалинг ва Дуоби Мӯъминобод оғоз ёфта, ба сӯи Кӯлоб мешитобад ва дар мавзеъҳои Даҳанаю Кӯлоб чанд оби дигар ба он зам гардида ин дарёча ба ноҳияи Восеъ мерасад ва дар мавзеи наздикии кӯҳи Хоҷамӯмин Ёхсу бо даврёи Сурхоб ҳамроҳ мешавад.Сипас ин дарё бо номи Сурхоб ба ноҳияи Фархор рафта мерасад ва андар онҷо ба он дарёи Оби Тоҳир ҳамроҳ мешавад.Пас аз ин Сурхоб поёнтар аз маркази ноҳияи Фархор ба дарёи Панҷ мерезад.

Ин маълумоти Ал-Истахрию ИбниҲавқал чи тавре, ки пештар қайд кардем, аз асари Абузайди Балхӣ гирифта шуда, ба аввали асри Х нисбат дорад.

Вале хабаре, ки Ал-муқаддасӣ оиди обҳои Ҳулбук овардааст, ба нимаи дуюми асри 10 таалуқ дорад,зеро Ал-Муқаддасӣ китоби худро дар солҳои 985-990 навиштааст: “Ҳулбук маркази Хутт буда, султон он ҷо менишинад. Ин шаҳр аз Чағониён хурдтар аст. Масҷиди ҷомеъ дар миёнаи шаҳр қарор дорад. Оби менушидагии мардуми шаҳр аз дарёи Узайбӣ ва обҳои дигар аст...”Дар ин хабар шаҳри Ҳулбуки дар ҷои Қурбоншаҳид воқеъбуда дар назар аст.

Аз ин маълумот чунин ба назар мерасад,ки дарёи Узайбӣ гуфта,ҳамин дпрёи Сурхоби аз назди деҳаи Қурбоншаҳид мегузаштагӣ дар назар бошад. Бевосита аз оби дарёи Сурхоб, ки аз назди деворҳои қисми шарқии шаҳр мегузашт,миқдори ками сокинони шаҳр метавонистанд истифода намоянд. Асосан мардум аз оби ин дарё аз кане,ки аз мавзеи имрӯзаи Танобчии ноҳияи Темурмалик то ба деҳаи Қурбоншаҳид мерасид,истифода мекарданд.Нақши қадимаи ин кан аз деҳаи Танобчӣ имрӯз то ҳавзе,ки бо номи “Ҳавзи Мирӣ (Маҳмадиев)”маъруф аст ва якчанд км. болотар аз Қурбоншаҳид воқеъ мебошад,мерасад ва он маълуму маъруф мебошад.А.М.Беленитский ибораи арабии “наҳру Узайбий”-ро бархато ҳамчун “дарёи обаш ширин”тарҷума кардааст,ҳол он ки “Узайбий”номи кан ё дарё аст мебоист тарҷума карда намешуд”.

Харобаҳои шаҳри Ҳулбуки асрҳои X-XIII дар деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ дар 7 километрии ғарби маркази ноҳияи мазкур бори аввал дар солҳои 1953-54 аз тарафи бостоншиносон Е.А.Давидович ва Б.А.Литвинский ошкор  ва тавсиф гардидаанд. Баъд аз ин аз соли 1957 сар карда то охири солҳои 80-ум бостоншиносЭ. Ғуломова дар он харобаҳо ҳафриёт гузаронид. Бори охир ба муносибати ҷашни дар пеш истодаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб бостоншинос Ю.Яъқубов дар солҳои 2004-2005 харобаҳои Ҳулбукро мавриди омӯзиш қарор дод.Бояд гуфт, ки аксари кофтуковҳои мазкур асосан дар қасри ҳокимони Хатлон,ки дар бинои куҳандизи он ҷой дорад,анҷом пазируфтанд. Харобаҳои қасри шоҳону ҳокимони Хатлон дар маркази деҳаи Қурбоншаҳид ҷой дошта,онҳо аз сатҳи замин 10-15 м. баланд мебошанд.Ин куҳандиз дар  шакли чоркунҷаи  аз шимол ба ҷануб-тӯл кашида иборат буда ҳаҷми он 50х150 метрро ташкил медиҳад. Он аз ду қисми бо ҳам пайваст иборат аст. Қаср бо бузургию зебогӣ ва ҳашамати худ касро ба ҳайрат меандозад. Қаср саросар гаҷкорию гулбуррӣ карда шуда,аз он зиёда аз 5 ҳазор пораҳои гуногуни гаҷи кандакорӣ карда шуда ёфт гардиданд.Пораҳои мазкури гаҷ аз нақшу нигорҳои ниҳоят зебои аҷоиб,навиштаҷотҳои бо хатти куфии зеб дода шуда,шаклҳои ҳанлъдасии мухталиф ва тасвири гулу растаниҳо ва шеру махлуқоти дигар иборат мебошанд.

Бар хилофи ақидаи машҳуре, ки гӯё дар асрҳои миёна дар кишварҳои исломӣ кашидани сурати одам манъ буд, дар қаср якчанд сурати одамон пайдо гардиданд: расми ҷавони зебое, ки дар дасти росташ гурзе дорад ва расми марду зане, ки яке уд ва дигарӣ танбӯр менавохтанд. Расми ин ду мусиқинавозро Э.Ғуломова  дар соли 1984 дар зали 5 ҳокимони Хатлон пайдо карда ба роқими ин китоб барои хондани навиштаҷоте, ки дар назди он расм ҷой дошт, муроҷиат кард. Банда он навиштаро бори аввал аз рӯи нусхабардории рассом В.Бажутин хонда (нигар ба расмҳо) бори дигар бо асли нусха,ки дар Эрмитаж нигоҳ дошта мешавад,муқоиса намудам. Маълум гардид, ки дар асл ҳамон як навиштаҷот дар боло ва поёни расм ду бор навишта шуда будааст. Ин катиба тасодуфӣ буда, шахсе ҳангоми вайронии қаср ба он даромадааст ва аз зебогии он расм ба ваҷд омада бо ангиштпорве як дубайтии халқии дар он замон машҳурро ду маротиба дар назди он сурат сабт намудааст: Он дубайтӣ ин аст:

Лаб ҳаме хвашмаза(хушмаза),

Абра камони Ҳамза.

Тираш хаданги ғамза,

Чашмакош хоки дилҳо.

Катибаи мазкур бо шарҳу тафсир аз ҷониби банда ба забонҳои тоҷикию русӣ ба табъ расонида шудааст.

Аз қасри шоҳони Хуттал ба миқдори зиёд маводи шишагию биринҷию кулолӣ ва мӯҳраҳои шоҳмоти аз устухони фил сохта шуда ёфт гардиданд. Атрдонҳои шишагӣ ва зарфҳои кулолӣ бо нақшу нигорҳою катибаҳои хатти куфии махсус оро дода шудаанд. Кофтуковҳои ахири Ю.Яъқубов дар баробари ёфт кардани маводи шишагию кулолии мазкур ба кашфиёти нав боис гардиданд. Маълум гардид, ки қабатҳои поёнии шаҳр таърихи чандҳазорсола доштаанд. 6 гӯр ёфт шуд, ки ба нимаи дуюми ҳазорсолаи 2 пеш аз мелод-ба асри биринҷ таалуқ доранд. Инчунин зарфпораҳое ёфт шудаанд, ки ба замони Давлати юнону бохтарӣ-асрҳои III – II пеш аз мелод мансубанд.

Аз китоби “Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз”-и Ғолиб Ғоибов, ки соли 2006 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст.  Китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Манижа ИБРАГИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ