Кишваршиносӣ. Яғноб куҷост ва чӣ дараест?

ЯгонбВодии дарёи Яғноб тақрибан дар масофаи 105 километр ба шимол аз пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, дар паси ағбаи Анзоб (3372м) воқеъ буда, дарозиаш қариб 60 км аст. Яғноб аз пайвастани ду дарё – Қумбел ва Барзанг, ки аз пиряхҳои куҳҳои Токалӣ сарчашма мегирад, ба вуҷуд омадааст.

Дарёи Яғноб бо дарёи Зарафшон ба таври мувозӣ (параллел) ҷорӣ шуда, қаторкўҳҳои Зарафшонро аз қаторкўҳҳои Ҳисор ҷудо месозад.

Қисмати болоии водӣ бо марғзорҳои алпӣ ва субалпии худ машҳур аст, вале аҳолӣ дар ин ҷо доимӣ иқомат намекунад. Танҳо тобистон чўпонон ба ин ҷо чорворо барои чаронидан меоранд.

Дар қисмати мобайнии дарё, ки водӣ васеъ ва кушодтар аст, дар баландии қариб 2 -3 ҳазор метр деҳаҳои на он қадар калон воқеанд, ки дар онҳо яғнобиҳо – гурўҳи хосаи тоҷикон, наслҳои бевоситаи суғдиён сукунат доранд. Забони онҳо яке аз забонҳои хеле кам омўхташудаи шеваҳои забони суғдии қадим аст, ки бо ин забон қисме аз авлодони тоҷикони имрўза  дар Осиёи Марказӣ то истилои араб дар асрҳои VII-VIII ҳарф мезаданд. Ҳоло яғнобиҳо бо ду забон гуфтугў мекунанд, бо забони худ, ки ба гурўҳи забонҳои шарқии эронӣ дохил мешавад ва бо забони тоҷикӣ. Аммо забони яғнобӣ ба аксари тоҷикон фаҳмо нест. Қобили зикр аст, ки «ҳифзкунандагон»-и забони нодир занҳо ба шумор мераванд, зеро ҳангоми муносибату гуфтугў онҳо нисбат ба мардҳо забони модарии худро афзалтар медонанд. Мардҳо бошанд, чунин афзалиятро ба забони тоҷикӣ додаанд.

Дар охири солҳои 60 –уми асри ХХ сокинони Яғноб ба водиҳо муҳоҷир карда шуданд, то ба пахтакорӣ машғул шаванд. Танҳо пас аз заволи Иттиҳоди Шўравӣ яғнобиҳо ба ватани бобоии хеш барои сукунати доимӣ баргаштанд.

Хонаҳои анъанавӣ дар деҳот (дар водӣ зиёда аз 30 деҳа мавҷуд аст) аз варақсангҳо сохта шудаанд. Хонаҳо одатан аз чанд хонаи истиқоматию барои хоҷагӣ иборат аст, ки дар зери як бом сохта шудаанд ва дар онҳо захираҳои сўзишворӣ ва хўроки чорво нигоҳ дошта мешавад. Сақфи хонаро болорҳои кандакорӣ нигоҳ медорад ва дар деворҳои хона барои нигоҳ доштани чизҳои хонагӣ токҳо сохта шудаанд. Печка ва оташдон воситаи асосии гармӣ ва хўрокпазии ҳар хонадон ба шумор меравад.

Бо вуҷуди он ки яғнобиҳо имрўз пайравони дини мубини ислом ба шумор мераванд, баъзе одатҳои тоисломиро, аз қабили оташпарастӣ, ҳифз намудаанд. Аз ин рў, дар Яғноб оташро пуф кардан мумкин нест. Дар аксари идҳо расми аз болои оташ паридан мушоҳида мешавад, арўсро ҳангоми ба хонаи домод даровардан бо чароғ пешвоз мегиранд ва қаблан дар гирди оташ мегардонанд. Дар баъзе мазорҳо (ҷойҳои муқаддас, дахма ва қабрҳои соҳибкиромон) аҳолии таҳҷойӣ ҳайкалчаҳои сафолии ҳайвонот – гўсфанд, асп, бузи кўҳиро мегузоранд. Ба қавли онҳо, гўё ин ҳайкалчаҳо шабона зинда шуда ба дарё мефуроянд ва бо деву аҷина ба ҷанги тан ба тан медароянд. Агар рўзи дигар ҳайкалчаҳои гузошташударо шикаста дарёбанд, ин маънои онро дорад, ки Курбонӣ аз тарафи авлиё қабул карда нашудааст.

Дар яке аз ҷойҳои қадим ва соҳибманзалати Яғноб – мазори Хатти Мулло, дар деҳаи Сокан маросими аҷибе гузаронида мешавад. Ҳангоми доир гардидани он шахс се маротиба гирди санг, бино ва шоҳсутунро, ки дар ҳудуди мазор воқест, давр мезанад. Ҳамзамон пас аз ҳар маротибаи давр задани атрофи шоҳсутунҳои сайқал додашуда ҳатман онҳоро бо дастон ба оғўш кашидан лозим аст. Агар ангуштҳои даст ба ҳам расанд, орзуи шахс амалӣ мегардад, агар нарасад (гўё шоҳсутун ғафстар шудааст…), дар ин ҳол шахсро ноумедӣ интизор аст…

Яғноб на танҳо барои муаррихон, ҳафриётшиносон ва ё маданиятшиносон, балки барои сайёҳон ва кўҳнавардон низ хеле мароқангез аст.

Дар ин ҷо Девори Яғноб – макони барои кўҳнавардон хеле маъмул ҷойгир аст. Мардуми таҳҷойӣ онро Замини Қарор меноманд, яъне замине, ки аз заминҷунбиву сангғелӣ осебе намебинад. Замини Қарор ба васегии қариб 8 километр тўл кашида, қуллаҳои алоҳида дорад, ки аз якдигар дар масофаи дур ҷойгир шудаанд. Яке аз қуллаҳои баландтарини он 4767 метр буда, дар қисми шарқии он воқеъ аст.

Қисмати шарқии Замини Қарор қариб пурра яхбандӣ буда, қисмати ғарбии он пурра қисмати шахҳост. Нишебии миёнаи девори шимолии маҳал аз 60 дараҷа то ба ҷарии ростфуромада мерасад. Нишебии ғарбӣ бошад, ҳамвор ва нишеб аст.

Хатсайри асосии алпинистии баромадан ба қуллаи маҳали Замини Қарор аз тарафи шимол буда, онро танҳо кўҳнавардони асил ва бомаҳорат фатҳ карда метавонанд. Фўромадан ба ғарб он қадар душвор нест ва хатсайри он аз нишебиҳои ҳамвор ва сангу хокрезадор мегузарад.

Роҳ ба Девори Яғноб ба воситаи роҳи автомобилгарди Душанбе – Айнӣ (пас аз гузашти нақби Истиқлол (Анзоб) қад-қади Фондарё ба тарафи ҷанубу шарқӣ) масофаи се соатро ташкил медиҳад.

Ҷойи шоёни диққат ва тамошобоби дараи Яғноб «Ҷангалҳои фоиданок» аст, ки ба давраи юрӣ мансуб аст. Дарахтҳои ба санг табдилёфта дар шакли танаҳои калон ва шохаҳо, буттазори чилбуғум. Тахмин меравад, ки иқлими давраи юрӣ дар дараи Яғноб ба иқлими соҳилҳои ғарбии Австралия ва Тасманияи имрўза шабоҳат доштааст. Рустаниву набототи зиёде ин ҷо мавҷуд будааст, ки бо гузашти айём ба пўсидан ва хушк шудан шуруъ намуда, қисме аз онҳо дар қабати регу гили обу бодовард мондааст. Ин қисмати рустаниҳо дар тўли асрҳо бо минералҳои гуногун омехта шуда на танҳо шакли зоҳирӣ, балки қисман ҳалқаҳои солонаи сабзиши худро нигоҳ доштаанд. Дарахтони сангаштаи Яғноб дар худ маъданҳои гематит ва сидеритро таҷассум кардаанд.

Баландии танаҳои калони дарахтони санггашта 3-5 метр буда, диаметр ва ё қутри ғафсиашон то ба 1 метр мерасад. Ҳамчунин дар ин ҷо «қабристонҳо» буттазорҳои санггашта мавҷуд буда, баландии буттазорҳои он 3-5 сантиметр аст.

Ҷойҳои шоёни диққат ва тамошобоби дараи Яғнобро аз шаҳри Душанбе бо чархбол ва автомобил омада, бо чашмони худ  дидан мумкин аст.

Аз китоби “Хуш омадед ба Тоҷикистон”, ки соли 2008 барои сайёҳону гардишгарон чун дастури раҳнамоӣ омода ва чоп шудааст. Дар ин китоб маконҳои тамошобоби кишвар зикр шуда, дар бораи онҳо маълумоти мухтасару дақиқ ва ҷолиб дода шудааст.

Китобро метавонед дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Ф.Таурова, мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар