Китоб, айёми тифлӣ, донишгоҳҳои бепарво ва …боғу роғу себу ноку пиёз…
(Бардошт бо чанд мулоҳизаву андеша аз рӯзи 12-уми озмуни “Фурӯғ”, яъне 19-уми ноябр)
Дар ибтидо ду иқтибос аз ду асар, ки ҳангоми мушоҳидаи пурсупоси довталабони бузургсол дина ба хотирам омад. Яке аз Элчин Сафарли, аз китобашон “Ман бармегардам”:
“Медонӣ, чиро аз айёми кӯдакӣ ба ҳаёти баъдӣ, яъне давраи камолот бо худ бурдан мумкин аст? Орзуҳоро…”.
Шакке нест, ки дар кӯдакӣ китоб хондан одамро орзупарвар мекунад ва агарчи қисмати бузурги он орзуҳо амалӣ нашаванд ҳам, як ҳамраҳи ширину руҳафзо ва содиқу вафодори кас то дами пирӣ бо худи одам мемонанд…
Касе, ки китоб намехонад, аз ин ширинии ҳаёт (агарчи халта-халта пул ва қабат-қабат хонаву дару ҷиҳози бисёр дорад ва ба чизе эҳтиёҷаш нест) маҳрум аст…
Азбаски дар анбуҳи одамон гашутугузор мекунам, дар рӯзҳои озмун чӣ гапҳое нашунидаам. Масалан, чанд рӯз пеш бо ҷавононе дар ошёнбар (ба тоҷикии ба ҳама фаҳмо – лифт) будам ва яке мегуфт: ҳамин панҷ-шаш кас аз китобхонӣ пул мегирад, дигарҳо мераванд аз пайи зиндагӣ…
Пурсидам, ки ягон китоб хондаӣ? Ба ҳамроҳонаш назаре афканду гуфт: агар пул надиҳанд, ин қадар мардум аз куҷо меояд… Дубора пурсидамаш, ки китоб хондаӣ? Посух надод, аммо як ҷавони ҳамроҳаш (шояд бавиҷдонтар буд) гуфт, ки “мо довталаб нестем, барои толорро пур кардан омадаем…”.
Ана ҳамин тавр. Инҳо донишҷӯёне буданд, ки барои пур кардани толор омадаанд ва афсӯс, ки моҳияти озмунро нафаҳмидаанд. Фикру хиёлашон дар пул. Гумон мекунанд, ки пул набошад, ҳамин озмун ҳам намешавад…
Ин қишри ҷавонон дар тинаташон на орзуе доранд ва на идеал, на ягон ормоне, ки чӣ будани саодати одамиро бифаҳманд ва барои расидан ба камоли маънавият саъю талош кунанд… Чаро ба чунин вазъу ҳолат расидаанд?
Посухи ин суолро озмуни “Фурӯғ” медиҳад: чунки дар айёми тифлӣ боре китоб нахондаанд, ки дар қалбҳояшон орзуе шакл бигирад ва дар уфуқи он орзуҳо ҳадафҳо, мақсаду маромҳо мушаххас шавад… Сарчашмаи мисли “робот” (фақат хӯрдану пӯшидану илоҷе карда донишгоҳро тамом кардану сипас коре ёфтану зан гирифтану бача зойидану сипас мурдан...) ба камол расидани ин навъи ҷавонон одати китобхонӣ пайдо накарданашон дар кӯдакиҳост…
Бинед, як ҷумла иқтибос аз китоби нависанда Элчин Сафарли чӣ андешаҳоеро ба бор меорад, ки сари онҳо на фақат андеша, балки тадбирҳои муассир бояд ҷуст… Яке аз он тадобир барҳам додани шуъбаҳои тарбия дар мактабҳои олӣ ва ба ҷойи он таъсис додани ҷамъияти китобдӯстон ва дигар сохторҳоест, ки миёни ҷавонон китобро таблиғ кунанд ва таблиғ карда тавонанд… Дар ин хусус дар матлаби як рӯз пеш муфассал навишта будам…
Боз як андешаи муҳим: аксарияти волидон дар маҷбур кардани фарзандон ба китобхонӣ оҷиз мемонанд ва ин корро ба мактаб ҳавола мекунанд, яъне “ҳамон ҷо як бало мекунанд…”.
На, ин фикр куллан ғалат аст, агар кӯдак дар хонавода ба китоб меҳр пайдо накунад, мактаб ягон кор карда наметавонад, баръакс мешавад, бача “вайрон” мешавад…
Бо равоншиноси донишманде суҳбат карда будам. Ӯ мегуфт: агар дилхоҳ кӯдакро (агарчи аз нигоҳи ахлоқ ва рафтор ноқис бошад ҳам) коре карда маҷбур кунӣ, ки ақаллан даҳ китоби хурд хонад, дигар ӯ одат мекунад… Хоҳ ба зӯрӣ, хоҳ ба зорӣ, хоҳ ба зарр… Марде бо маслиҳати мо ҳамин корро кард. Гуфт, ки барои як китобро хондани писарам 5-6 бозича харидам, барои китоби дувум – аз ин бештар, барои китоби севум – дучарха… Хона пури бозича шуд… Пурсидам, ки оқибат чӣ шуд?
Посух дод, ки ҳоло чизе намепурсад, бе таъкиди ман худаш китобро гирифта мехонад.
– Лекин, муаллим, то ба ин ҳолат расидан хуни ҷигар шудам… Гапи ҳамон равоншинос дуруст будааст, бар падари ӯ ҳам раҳмат, бар падари ту ҳам…
…Иқтибоси дувум аз романи Мартин Паж “Як достони ошиқона”. Як муколамаи кутоҳ:
“ – Ман ба садама дучор шудам.
– Ба чӣ гуна садама?
– Бо воқеият…”.
Воқеияти мо пур аз садамаҳост, аммо оне, ки бо мазмуну мундариҷаи шумори зиёди китобҳои бадеӣ ошност, аз ин садамаҳо чандон зиён намебинад, зеро зиндагии одамӣ (хоҳ дар Африқо бошад, хоҳ дар Амрико, хоҳ дар Осиё бошад, хоҳ дар Аврупо) якрангу яксон аст, такрори такрорҳост ва осори бадеӣ низ маҳсули ҷамъбастҳои бадеии ҳамон воқеиятҳое ҳаст, ки одам пушти сар мекунад. “Зиндагӣ маҷмуаи такрорҳост”, – гуфтааст шоире…
Ва боз як андешаи марбут ба ҳамин мавзуъ. Сари мизи ғизо доваре гапи аҷибе гуфт. Дар маҳфиле як ишкамкалони порудаҳан бо ӯ баҳс карда гуфтааст:
– Хайр ина хондиву хондӣ, оқибат чӣ шудӣ?
Посухаш додааст, ки “барои ту ҳеч кас, аммо барои худам одам шудам-ку…”.
Беҳтарин посух… Агарчи ба фаҳми ин сухан он “ишкамкалони порудаҳан” ҳеч гаҳ намерасад, чунки на маънои маҷозро мефаҳмад ва на кинояву рамзу рози каломро… Зеро дар ҳаёташ китобе ба даст нагирифтааст ва табиист, ки чунин ашхос одамони китобхонро чандон хуш надоранд ва ба тоҷикии ҳамафаҳм бигӯем, “нағз намебинанд…”.
Ва ҳақиқати дигаре, ки аз Афлотуни бузург монда. Ба ҳеч ваҷҳ роҳ додан мумкин нест, ки махсусан дар мудирияти соҳоти илму маорифу фарҳанг касони китобнохонда бошанд. Зеро ба қавли Афлотун, онҳо аз китобхондаву донишмандон қасос мегиранд, бо ҳар баҳона мавриди фишор қарорашон медиҳанд, хулоса, мехоҳанд, ки дар тобеияташон одамон мисли худашон бошанд…
Ҳар гапе, ки бигӯянд, бояд бидуни муҳокимаву баҳсу баррасиҳо дигарон қабул кунанд…
Акнун мегузарам ба мушоҳидаҳои пурсупоси дирӯза.
Дина, 19-уми ноябр, дар номинаи мо (адабиёти ҷаҳон) 7 кас пурсида шуданд. Инҳо – Мамлакат Азимова (аз коллеҷи тиббиву иҷтимоии Норак), Гулбаҳор Файзова (китобдор аз Бохтар), Мухлиса Сафарзода (муаллимаи мактаби № 13-и Масчоҳ), Елена Овчинникова (муаллимаи мактаби тоҷикиву русии шаҳри Турсунзода), Улфатмо Мамадбекова (корманди Донишгоҳи исловии Тоҷикистону Русия), Муҳаммаддовуд Бӯриев (табиб, муаллими коллеҷи тиббӣ-фармасевтии Ёвон), Гулнора Раҷабова (муаллима аз Шаҳринав).
Бо ҳамин 7 каси дирӯз пурсидашуда қишре, ки дар низомнома “Омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмиву адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун” унвон дошт, ба анҷом расид.
Дар ин қишр асосан муаллимони мактабҳои миёна ва коллеҷҳо, се муаллим ва корманди мактабҳои олӣ (Донишгоҳи Бохтар, Академияи идораи давлатӣ ва Донишгоҳи исловӣ), панҷ бознишаста ва як китобдору як духтур ширкат карданду бас, аз минтақаи Бадахшон – 4 кас, аз шаҳру навоҳии минтақаи Хатлон – 6 кас, аз навоҳии атрофи пойтахт – 5 кас, аз Душанбе – 6 кас, аз вилояти Суғд – 6 кас.
Аз минтақаи Рашт, ки шаш ноҳия дорад (мисли дигар қишрҳо – на аз синфҳои 1-у 4, на 5- 11, на донишҷӯён, на ходимони фарҳанг, на бузургсолон) касе набуд… Соли гузашта ҳам касе набуд… Гоҳе фикр мекунам, ки дар ин минтақа, дар анбуҳи масъалаҳои боғу роғу картошкаву себу ноку пиёз масъалаи китоб ва озмуни китоб гӯё ба фаромӯшӣ рафтааст…
Беҳуда масъалаи бунёди китобхонаро дар ин минтақа ба миён нагузошта будаам… Баҳси калоне буд, агар дар хотир дошта бошед…
Аз тамоми донишгоҳҳо фақат як корманд (мудири кабинет аз Донишгоҳи исловӣ), ду омӯзгор (яке аз Академияи идораи давлатӣ ва дигаре аз Донишгоҳи Бохтар) ширкат доштанду халос…
Акнун як рӯйхати донишгоҳҳои кишварро бинед, чӣ қадар аст, коллеҷҳоро бинед, ки чӣ қадар аст, филиалҳои донишгоҳҳои хориҷиро бинед, ки чӣ миқдор аст…
Ба ҷуз як китобдор (аз Бохтар) дигар на ходими фарҳангро дидему на аз соҳаи ҳунару санъатро… Ҳисоб кунед, ки чӣ миқдор бознишастаҳо дорем, ки умре ба кори илму таълиму фарҳангу ҳунар машғул буданд, бовар намекунам, ки онҳо ҳадди ақал сад китоб нахонда бошанд… Агар китоб нахондаанд, чӣ гуна фаъолият кардаанд?
Бузурге гуфтааст, ки рақамҳо низ забони гӯё доранд ва эҳтиёҷ ба шарҳ доданашон нест… Мо ҳам ҳоло бо овардани ин рақамҳо иктифо мекунем.
Муваққатан иктифо мекунем, то рӯзи дигар, ки сабқати шоҳҷоизаҳо барпо мешавад…
Ҳафиз РАҲМОН,
19.11.2024.