Китоб аст манбаи дониш……
Аҷдодони мо, ки беҳтарин дурдонаҳои баҳри маониро суфтаанд ва ҳикмату андарзҳои олиро гуфтааанд, китобро манбаи дониш, калиди ганҷи саодат, ёри вафодору мӯниси танҳоӣ, сарчашмаи дарёи ақл, чароғи ҳикмат ва раҳнамою ҳидоятгари инсон хондаанд.
Мардуми некойини мо ҳамеша ба китоб эҳтирому ихлоси хосса доштанду доранд. Воқеан китоб дар раванди такомули инсон нақши бориз дорад. Маҳз таввасути ақлу хирад ба инсон шинохти оламу дарёфтани рисолати худ дар ҷаҳон имконпазир мегардад. Мутафаккирони бузурги ҳар давру замон аз камоли ҳамнишини бо китоб ба мақоме расидаву афкори барҷастаи хешро дар авроқи он нигоштаанд.
Мутаъсифона, китобхонӣ тадриҷан бо дастрасӣ ба воситаҳои иттилоотӣ, рушди интернет ва рушди техника аз байн рафта истодааст. Дуруст аст, ки дар замони муосир интернет як ҷузъи ҳаёти рӯзмараи одамон гаштааст ва тавассути он муошират, дарёфти маълумот хеле осон аст. Аз ин рӯ, бархе ба он ақидаанд, ки зарурат ба хондани китобу рӯзнома намондааст. Аммо дар мамолики мутараққии ҷаҳон бо вуҷӯди суръату сифати хуби интернет китоб ҷойгоҳи худро аз даст надодааст. Зеро руҳияе, ки одамро аз хондани китоб фаро мегирад, аз ҳеҷ воситаи дигар, ҳатто аз мутолиаи китоби электронӣ низ ба даст намеояд.
Дар Аврупо теъдоди чопи китоб хеле зиёд буда, мардум ба хондани он иштиёқ доранд. Махсусан, наврасону ҷавонон ба китобхонӣ майли зиёд доранд. Мисоли равшан барои тақвияти ин андеша интишори адабиёти бачагона, ки дар як сол зиёда аз 100 млн нусхаро дар бар мегирад, мебошад.
Ҳакиме фармуда: Инсоният аз фикри солим бозмемонад, агар аз китбхонӣ даст кашад. Ин нуқтаи муҳимро ҷомеаи мо низ хуб дарк намудааст. Ҳамасола иштироки фаъолонаи шаҳрвандони касбу кори гуногун, бахусус наврасону ҷавонон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳ доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон-ватани азизи ман», ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, далели ин гуфтаҳост.
Ин нуқта дар паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ хеле бамаврид арзёбӣ гардид. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки барои ҷалби шаҳрвандон ба хониши китоб мебояд, дар тамоми мақомоти кишвар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо китобхонаҳо таъсис дода шаванд. Сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонанд. Наврвсону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ созанд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд.
Дар замони таҳоҷумҳои фарҳангӣ ҳифзу эмин доштани забону таъриху тамддуни миллӣ аз рукнҳои муҳими ҳувийяти миллист. Махсусан, дар шароите, ки таблиғи маданияти ғайр ва барои миллати мо бегона аз тариқи воситаҳои иттилооти ҷаҳонӣ ва барномаҳои телвизионии хориҷӣ афзоиш ёфтааст, огоҳии ҳар фард аз таъриху фарҳанги миллии худ амри зарурист. Дар ин радиф, чопи шоҳасари Бобоҷон Fафуров китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар тӯҳфа намудани он иқдоми наҷибест, барои омӯхтани таърихи пурифтихору сабақомӯзи миллати мо.
Ниёгони мо чун Рӯдакиву Саъдиву Ҳофиз, Фирдавсию Ҷомиву Сино, Ҷалолуддини Балхию Бедилу Саной ва ҳазорон абармардоне, ки аз назму сухани воло ва афкори беназир кохи бегазанд бино кардаву мояи ифтихори аҳли башар гаштаанд, тафаккури олии худро дар шакли китоб ба мо мерос гузоштаанд. Пас, ҳар яки моро месазад, чун ворисони сазовори ин мутафаккирони бузург дӯстдори китоб бошему ҷаҳони маънавии худро рангину пуранвор созем.
Шаҳноза Икромова,
мутахассиси шуъбаи
нигоҳдории китоб