Китоб – ганҷинаи безавол

Китоб сарчашмаи дониш, рафиқи танҳоиву раҳнамост. Китоб дўсти бехиёнат, хазинаи ҳикмат ва олами садоқату муҳаббат аст.

Сарчашмаи дониш аз барои он аст,ки ҳама гуна илмро метавон аз китоб омўхт. Омўзгори илмомўзу донишандўз аст. Бузургону олимон, файласуфон он чиро ки омўхтанду аз бар карданд, дар саҳифоти китобҳои хеш ҷамъ оварданд, то ояндагон дар навбати худ омўзанду омўзонанд. Ҳакимону гузаштагони бохиради мо дар талоши омўзиши илм сайри ҷаҳон карданд, диданду омўхтанд ва гирд оварданд  дидаву шунидаҳояшонро дар шакли китоб.

Боиси ифтихор аст, ки миллати тамаддунпарвару тамаддунофари мо дар саргаҳи кашфиётҳои ҷаҳониву илм мероси гаронбаҳое бигзоштанд.

Рафиқи шафиқи танҳоӣ он аст, ки дар тиловати китоб танҳоиро ҳис накарда, лаззати зиёди маънавӣ бардошта, раҳнамо бар саодату комёбист. Агар рафиқони ғайр ба корҳои ношоиста талқин кунанд, китоб ба роҳи нек, дониш ва хирад роҳбарӣ мекунад.

   Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

   Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

    Ҳар лаҳза аз ў ба гўшаи танҳоӣ,

    Сад роҳате хасту ҳаргиз озоре нест.

Гуфтае ба ёд меояд, ки «Аз қаъри баҳр ҷавҳар меҷўянд, аз саҳифаҳои китоб-дониш». Бале ҷавҳару ганҷро аз қаъри баҳру замин меҷўянд, аммо аз саҳифоти китоб ҷавҳари асл, ки номаш «Илм» аст.

Бо арзи сипос ва миннатдорӣ аз заҳматҳои Пешвои хирадманду ободкору бунёдгар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон бояд ёдовар шуд, ки барои пешрафти илму адаб саҳми бузург доранд, аз ҷумлаи бунёди Китобхонаи миллӣ, роҳандозӣ намудани озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва амсоли инҳо.

Пешвои муаззами миллат фармудаанд: «Китоб хамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ, худогоҳию худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад.»

Нақши мондагори китоб дар худшиносиву худогоҳӣ боиси пешравии хаматарафаи ҷомеаву зиндагии онон мегардад. Рушди замонаву инсоният, технологияву ихтироот бе китоб номумкин аст.

Файласуф Дени Дидро гуфтааст: «Инсоният аз фикри солим бозмемонад, агар аз китобхонӣ даст кашад». Гуфтаи дигаре пеши назар меояд, ки «Ман китобро чун гул мебўям, чун шахси меҳрубонтарин дар оғўш мегирам ва чун сўҳбатнигори вафодортарин дўст медорам». Муҳаммад Ҳиҷозӣ мегўяд: «Муҳимтарин ихтирои башар китоб аст.Тамоми молу мулк, бозёфте, ки ба даст меояд, нестшаванда аст.Аммо китоб барои инсоният ҳамеша пойдор аст

Бигузор ин ганҷинаи бузург доимо дастрас ва дар назари ҳар як фарди ҷомеа бошад, зеро тоҷи ҳама гуна илм, пешрафт ва муваффақияти инсон  китоб аст.

Шаҳло Қаландарова
мутахассиси шуъбаи
нигаҳдории китоб
.