Китоб махзани илму маърифат

Китоб чун падидаи беназири фарҳангӣ ва беҳтарин василаи тамаддуни башарӣ барои нигоҳ доштану аз як насл ба насли дигар интиқол додани хотираи таърихӣ нақши бузург дорад. Китоб дарёи ҳикмат буда, дунёи он моро бо роҳи хирад, маърифат ва одобу ахлоқ равона мекунад. Китоб на фақат дўст, балки ҳамсафари доимиву ҳаётии мост. Тарбияи характери матини муборизон, ватандўстони шуълавар, заҳматкашони эҷодкор маҳз аз китоб аст.

 Беҳтарин китобе, ки мехонем, метавонад барои мо дастурамали ҳаёт ва дўсти вафодор гардад. Китоб ин ганҷинаест, ки бе он донистани таърихи башар ғайри имкон аст. Хушбахтона, имрўз таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа, хоса Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин ганҷинаи нодир басо зиёд аст. Гузоштани хишти аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон 4-уми сентябр ва эълон кардани «Рўзи китоб», инчунин эълон гардидани озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» шаҳодати гуфтаҳои болост. Ба ростӣ аз он меболам, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва инчунин тамоми қишри ҷомеаро ба шўру шавқ овард.

            Китоб дар баробари манбаи дониш будан ҳамзамон хонандаро ба забони модарӣ хуб ошно мегардонад, захираи луғавии ўро бой намуда, нутқи шифоияшро такмил медиҳад. Аз ин ҷиҳат аст, ки Пешвои миллат боз дар Паёми имсола ба нақши китоб баҳои баланд дода, аз ҷумла зикр намуданд: «Ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардонидани забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ кўшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд». Ин вазифагузорӣ кулли ҷомеа, алалхусус мо кормандони соҳаи фарҳангро вазифадор мекунад, ки боз ҳам рў ба китоб биёрем ва фонди китобхонаҳоро ғанӣ гардонем.

 Дар ҷалби наврасон ба китобу китобхонӣ нақши асосиро оила, мактаб ва баъдан ҷомеа мебозад. Агар аъзои оила китобхон бошанд, ҳатман кўдакони ин оила китобхону китобдўст мешаванд. Дар муассисаҳои таълимӣ нақши асосиро китобдор ва омўзгор мебозад. Барои ҳамин ҳам волидайн бояд ҳамроҳи фарзандонашон ба китобхона рафта, китобҳои хубро барои хондан тавсия кунанд.

            Барои ҷалби хонандагон ба китобхона ба талабот ҷавобгў будани китобхона нақши муҳим дорад. Агар китобхона тозаю озода буда, бо мизу курсӣ ва адабиёти бадеӣ таъмин бошад, хонандагон худашон омада аз ин хазинаи илму маърифат баҳра мегиранд. Китобдор боз метавонад бо роҳи ҳавасмандкунӣ сафи хонандагонро ба китобхона зиёд намоянд.

Китобдорон вазифадоранд, ки дар китобхона маҳфилҳо, зодрўзи шоирону нависандагонро гузаронанд. Вазифаи китобдор нигоҳ доштани китобҳо ва хизматрасонӣ дар китобхона буда, инчунин бедор кардани завқи наврасону ҷавонон ба китобхонӣ мебошад. Бо ин васила ў метавонад шавқу рағбати хонандагонро нисбат ба китобу китобхонӣ бедор намояд. Қобили зикр аст, ки китобдоре, ки рафтори хуш, гуфтори хуш, муомилаи хуш ва бо хонанда  муносибати хуш дорад, бевосита ҷалби хонандагонро ба китобу китобхона зиёд менамояд. Мехостам, бо ин ҳарфҳои пурҳикмати Мавлоно Абдураҳмонӣ Ҷомӣ, ки ҳамагон ошноянд, ба навиштаҳои худ нуқта гузорам:

                    Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

                    Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

                    Ҳар лаҳза аз ў ба гўшаи танҳоӣ     

                    Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.     

 

Идигул Нусратуллозода,

муовини сардори шуъбаи адабиёти хориҷӣ.