Китобҳои ҳаҷман хурд ва нақши онҳо дар тарғиби китобхонӣ
Чопи китобҳои миниатюрӣ яке аз намудҳои маводи чопӣ дар олам буд, метавон онро аҷоибот дар олами табъу нашр донист. Аз руйи меъёри байналмилалӣ миниатюрӣ китобе ҳисобида мешавад, ки ҳаҷмаш на аз 3 ченак баландӣ ва бар дошта бошад, яъне 76 мм бошад.
Аввалин китобҳои миниатюрӣ дар асрҳои миёна пайдо шуда, як навъ китобҳои дастнавис (аслӣ) ба шумор мераванд. Қисми зиёди китобҳои миниатюрӣ туҳфаҳои арзон нестанд, онҳо намунаҳои олии санъати чопи китоб мебошанд, ки дар офаридаашон чӣ тавре дар технологияҳои куҳна дида мешаванд, ҳамон гуна дар технологияҳои муосири пешрафта низ истифода мешаванд.
Усулҳои чопи китобҳои миниатюрӣ гуногунанд – аз китобҳои дастнавис то чопи рақамии ҳозиразамон. Барои тасвир ва муҷалладсозии китобҳои мазкур аз коғази мармарин то пўсти мор, аз дарахт то нуқра истифода мешаванд. Ба андозаи хурд нигоҳ накарда, китобҳои миниатюрӣ дар ҳаҷми пурраи худ фарҳанги китоб, сарвати нашрро муаррифӣ мекунанд. Айни ҳол чопи нашрҳои миниатюрӣ дар матбаа ба тарзи офсетӣ чоп мешаванд.
Агар ба пайдоиш ва таърихи чопи китоб, ки ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад, назар намоем, китобҳои бузургу кӯчак зиёд интишор шудаанд. Сарчашмаҳои таърихӣ калонтарин китоби оламро “Кодекси Гигас” номидаанд, ки як маҷмуъи қонунҳои дастинавишта дар аввали асри XIII мебошад. Баландии ин китоб 92 сантиметр, дарозиаш 50, ғафсии он 22 сантимерт ва вазнаш 75 килост.
Дар ин радиф аз ҳисоби хурдтарин китоб олам “Хамелион”-и Антон Чеховро меноманд, ки он соли 1996 дар шаҳри Омски Русия чоп шудааст. Андозаи ин китоб 0,9×0,9 миллиметр буда, аз 30 саҳифаи ёздаҳсатрӣ ва се ранги ороишӣ иборат аст. Китоб ҳамагӣ 50 адад бо забони русӣ ва 50 нусхаи дигар бо забони инглисӣ чоп шудааст.
Бо гузашти чанд сол, яъне соли 2013 хабари дигар паҳн шуд, ки дар Ҷопон хурдтарин китоби олам, ки муддаии китоби рекордҳои Гиннес мебошад, чоп шудааст ва он якҷо бо заррабин 305 доллар фурӯхта мешавад. Дарозии саҳифаҳои он 0,75 миллиметр аст. Онро наметавон бидуни пурбин, бо чашмони одӣ ва ҳатто айнак мутолиа кард. Аз ин рӯ, ноширон барояш заррабини махсус сохтаанд. Китоб “Гулҳо барои ҳар фасл” ном дорад ва дар 22 саҳифа тавонистаанд тасвири сиёҳу сафед ва рангаи гулҳоеро, ки дар Ҷопон мерӯянд, интишор диҳанд. Андозаи ҳарфҳои онро 0,01 миллиметр гуфтаанд. Китобро нашриёти Toppan Printing чоп кардааст, ки гуфта мешавад аз соли 1964 саргарми интишори китобҳои хурдтарин аст.
Инсонҳо майл доштанд то роҳеро биҷӯяд, ки китобро дар ҳаҷми хурд интишор диҳад. Вале китобҳои миниатюрӣ аслан барои фурӯши оммавӣ нестанд, нашрашон маҳдуд ва бештар чун туҳфа чоп мешаванд. Вале таърих китобҳоеро ҳам ёд дорад, ки ҳаҷмашон хурд ва бо теъдоди зиёд нашр шудаву барои омма фурӯхта шудаанд. Инҳо бештар китобҳое мебошанд, ки дар киса метавонанд ҷой шаванд.
Барои тасвир ва ҷилдбандии китобҳои кўчак аз қоғази мармарин то пўсти мор, аз дарахт то нуқра истифода шудааст. Баъзе аз ин китобҳо саҳифаҳои зарҳалӣ доранд, ки ба назар мерасад бо оби тилло онро оро додаанд. Бо гузашти замон чопи ин гуна китобҳо низ содатар шуданд, рушди техникаи чопи китоб ба он мусоидат кард, ки дар ҳаҷми хурд ҳам инсон заковати ороиширо истифода кунад ва кӯшиш намояд онҳоро хеле назаррабо ва ҷолибу хонданӣ ва диданӣ ба нашр расонад.
Намунае аз хурдтарин китобҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ вуҷуд доранд, ки онҳо дар Шуъбаи депозитарӣ нигаҳдорӣ мешаванд. То ба имрӯз теъдоди ин гуна китобҳо 1181 адад буда, аз ин 520 адади он китобҳои адабӣ, ё худ асарҳои шоирону нависандагони машҳури олам мебошанд. 243 китоб забоншиносист, 357 адад таърихнигорӣ ва теъдоди хеле ками онҳо (61 адад) ба соҳаҳои тибб, саноат, ҳуқуқ ва ғайра ихтисос ёфтаанд.
Усули нигоҳдории китобҳои миниатюрӣ ба он тариқ аст, ки онҳо дар рафҳо гузошта намешаванд. Барои ҳифз ва нигоҳдории бенуқсони ин фонди нодир дар китобхонаҳо бояд шароити хуб муҳайё бошад. Яъне онҳо дар ҷевонҳои махсус ҷой дода мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки фонди мазкур аз нестшавӣ ва фарсудашавӣ ҳифз карда шавад.
Нусратуллозода Идигул – сардори шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ.